ИРМАТОВ АЗ ДОВАРОНИ ТОЉИК ЧИ ФАРЌ ДОРАД?!

Чаро 10 довари сатњи ФИФА дорему аммо натиљаи назаррас нест?
Рўзи 24-уми ноябр дар пойтахти давлати Малайзия шањри Куала-Лумпур љамъомади њарсолаи футболи конфедератсияи Осиё (АФК) баргузор гардид, ки дар он љо аз рўи чанд унвон дар ќатори «Футболбози бењтарин», «Мурабии бењтарин» …., инчунин «Довари бењтарин» ѓолибон муайян шуданд. Лекин муттасифона кишвари моро дар он љо ягон нафаре муаррифї накард.

Барои довари бењтаринро муайян кардан бояд чунин шартњо зарур буд: номзад мебоист дар њисоби худ на камтар аз 5 бозињои интихобии Чемпионати Љањон 2010, Љоми Осиёро дошта бошад ва инчунин Лигаи чемпионњо ва Љоми АФК-ро њадди аќал як бозиашро доварї карда бошад. Имрўзњо гарчанде сатњи футболи тољик оњиста – оњиста рушд ёфта истода бошад њам, вале камбудињои љиддї њоло њам ба чашм мерасанд. Яке аз онњо – ангуштшумор будани доварони сатњи байналмиллалї. Ин љо мо сабаби асосии ин њолати ногуворро мехоњем матрањ намоем.
Дар Чемпионати љањон оид ба футбол, ки дар байни љавонони то синни 17 сола баргузор гардид, яке аз бозињоро — аниќтараш бозии Нигерия – Испанияро (3-1) њайати доварон аз давлати Ўзбакистон доварї намуданд.
Мутаасифона, мо доварони худро дар майдонњои калон, мусобиќањои ќитъавї ва љањонї кам мебинем. Чаро онњо бозињои њалкунандаро доварї намекунанд ва аксаран наќши ёрдамчиёни сардоварро иљро менамоянд?
Пас аз соњибистиќлолии кишвар 6 доварони сатњи ФИФА, ки њоло мустаъфианд, инчунин айни њол 10 довари фаъоли дараљаи ФИФА дорем ки инњо: Диловаршоњ Орзуев, Рустам Холов, Сафармањмад Шоймардонов ва Хуршед Додобоев, доварони майдон, Сафар Шоњимардонов Алишер Ќараев, Бањром Саидуллоев, Дилшод Назипов, Ќурбон Каримов ва Шўњрат Ќурбонов ёрдамчиён њастанд.
Саволе љавоб мехоњад, ки чаро њамин доварони мо сазовори унвони довари бењтарини Осиё ё љањон намегарданд? Сабаб дар чист? Чї камбудї доранд, чї ба онњо намерасад?
Равшан Ирматов довари дараљаи ФИФА, ки аз Ўзбакистон аст, Чемпионати љањонро низ дар байни љавонони то синни 17 сола мањз ў кушод. Инчунин Равшан Ирматов маротибаи дуввум унвони довари бењтарини Осиёро соњиб гардид.
Ба саволи чаро доварони тољик дар мусобиќоти байналмиллалї намебароянд ё умуман хеле кам доварї мекунанд, Рањмон Муртазоев собиќадор ва довари дараљаи ФИФА, сабаби инро дар хуб надонистани забони хориљї арзёбї намуд. Баъзе доварон кам будани њаќќи корро низ яке аз сабабњои маъмул набудани касби доварї мешуморанд. Доварони тољик дар бозињои дохилии кишвар дар як вохўрї 200 сомон гонорар мегирифтаанд.
Ваќтњои охир проблемаи доварон бо футболбозон дар майдон зиёд шудааст, ки ин њам нобоварии мухлисонро нисбати доварон ба бор меорад. Аммо Ориф Љўраев раиси доварони љумњурї дар сўњбат ќайд намуд, ки аз тарафи доварони мо ягон камбудие намешавад ва таќрибан 90%-и бозингарон ва 50 — 60% -и мураббиёни точик ќоидаи бозиро хуб намедонанд ва аз њамин сабаб бисёр нофањмињо дар майдон бо доварон ва футболбозон рух медињад. Мавсуф инчунин афзуд, ки аз љињати љисмонї низ доварони тољик тайёранд, вале камтар дараљаи донистани забони хориљиашон суст аст.
Моњи октябр дар Душанбе курси кўтоњмуддат барои доварони мо баргузор гардида буд ва ба он намояндагони ФИФА ба доварони кишвар дарс омўзониданд. Ин гуна курси кўтоњмуддат аввалин маротиба нест ва пеш аз ин низ ташкил шуда буд. Вале то куљо ин дарсњо ба доварони мо кўмак расонидааст то сатњи дониши касбии худро равнаќ дињанд, ин албатта масъалаи дигар аст. Чанде пеш Диловар Орзуев, Рустам Холов, Сафармањмад Шоймардонов дар шањри Зебои давлати Чин дар мусобиќаи бозињои интихобии Осиё дар байни љавонон иштирок карданд. Акнун шояд соли оянда, ки ин солро Конфидератсияи футболи Осиё соли доварони Осиё эълон кардааст, унвони бењтарин довар насиби тољикон гардад? Шумо чи андеша доред?

Хуршед ФОЗИЛОВ, ОВИ «ВС»

1 Comment »

  1. […] Хуршед ФОЗИЛОВ, ОВИ «ВС», Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз» […]


RSS Feed for this entry

Оставьте комментарий