Архив Август 2009

Галабаи пули 50 сомона бар 1 сомона

12.08.2009

Рузи 10 август дар варзишгохи «Фурудгох»-и шахри Чкалови нохияи Бобочон Гафуров бозии рафиконаи дастахои «Парвоз» ва «Регар-ТадАЗ» доир гардид.

Дар ин дидор дастпарварони Махмадчон Хабибуллоев дар аввал махорати баланди касби нишон дода дар дакикаи 25-ум хисоби дидорро Шухрат Чабборов боз намуд. Вале дар дакикахо 37-ум ва 76-ум Фарход Тохиров ду гол ба дарвозаи Додов ворид сохта хисобро ба нафъи худ анчом дод.


Натичахои дигари бозихои рафикона

Хучанд-Сомонком 4-4
Парвоз-Истиклол 1-1
Хучанд-ЦОП 4-1
Парвоз-Вахш 1-2
Хучанд-Сомонком 2-2
Парвоз-Регар-ТадАЗ 2-1
Вахш-Сомонком 7-2

ЊАКИМ ФУЗАЙЛОВ

05.08.2009

12-уми августи соли 1964 ба дунё омадааст.
Яке аз бародарони сулолаи футболбозон Фузайловњо. Њимоятгари асосии дастаи «Помир»-и Душанбе дар солњои 1986-1991.
Карйераи худро њамчун футболбоз дар њайати дастаи љавонони «Вахш»-и Ќўрѓонтеппа оѓоз намудааст. Њамагї дар дастаи «Помир» 186 бозї гузаронида, 2 маротиба ба дарвозаи њарифон гол задааст. Моњи июни соли 1992 бо даъвати Юрий Сёмин ба дастаи «Локомотив» гузашт ва дар он љо 4 мавсим њунарнамої кард. Соли 1994 бо њамдастагони худ соњиби медали биринљии чемпионати Русия гардид. Дар ин даста 48 бозї гузаронида, 2 голро ба њадаф расонидааст. Аз соли 1995 то 1997 дар њайати «Арсенал»-и Тула (лигаи якум) баромад намуд. 82 бозї гузаронида, муаллифи 11 гол гардидааст. Аъзои тими миллии Тољикистон дар ин солњо. Карйераи худро њамчун мураббї аз соли 2000-ум оѓоз намуда, дастаи «Динамо»-и Самарќандро роњбарї кард. Соли 2003-юм сармураббии «Андиљон» таин гардид. Мавсими навро дар дастаи «Титан»-и Русия идома дод. Соли 2007-ум — сармураббии «Локомотив» (Калуга). Аз соли 2007-ум – мураббї – селексионери дастаи «Локомотив»-и Маскав. Оиладор. Соњиби 2 фарзанд — Амалия (13 сола) ва Алишер (6 сола).

ЊАКИМ ФУЗАЙЛОВ : «Мо бозиро ба тими Ўзбекистон нафурўхтаем»

Чї тавре дўстдорони футбол огањї доранд, њафтаи сипаригашта дар варзишгоњи марказии пойтахт бозии рафиќона байни дастањои «Локомотив»-и Маскав ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода доир гардид. Дар њайати мењмонон собиќ муњофизатгари дастаи овозадори тољик – «Помир»-и Душанбе Њаким Фузайлов низ, ки њоло дар дастаи «роњиоњанчиён» ба њайси мураббї-селексионер фаолият мекунад, њузур дошт. Аз фурсати мусоид истифода бурда, њангоми вохўрии ин ду даста бо футболбози номии тољик њамсўњбат шудем.

— Њаким! Хуш омадед ба зодгоњи худ – Тољикистони азиз!
— Ташаккур. Дер боз дар Ватан набудам ва аз ин хотир дидори наздикон, кўчаву хиёбонњои пойтахтамонро хеле пазмон шудам.
— Баъд аз расидан ба Душанбе сараввал бо чї кор машѓул шудед?
— Пас аз љойгиршавии даста дар мењмонхона дар навбати аввал ќабри падарамро зиёрат кардам. Модару бародаронам, ёру рафиќонамро дида хеле хушњол шудам. Кўчањои шањрро каме чарх задам. Шањрамон дар ин муддат боз њам зебову дилоро гаштааст.
— Дар ин бозї иштироки якчанд футболбозони њайати асосї низ дар назар буд. Сабаби ба Тољикистон наомадани онњо дар чист?
— Мо ба ин вохўрї њайати љавонони худро овардем. Албатта кўшиш ба харљ додем, то аќаллан 4-5 нафар бозингарони њайати асосиро ба ин бозї сафарбар намоем, вале аз сабаби он ки њоло чемпионати Русия дар ављ аст ва дастаи асосии «Локомотив»-ро дар пеш бозињои пуршиддат интизор аст, ин нияти мо мутаасифона, љомаи амал напўшид. Бо њамин сабаб собиќ сармураббии «Помир» Юрий Павлович Сёмин низ ба Душанбе омада натавонист. Аз фурсат истифода бурда ба тамоми тољикистониён саломи гарму љўшони ўро мерасонам.
— Њоло мо ќисми якуми бозиро тамошо кардем. Аз он чї таассурот бардоштед?
— Пеш аз њама варзишгоњи пур аз мухлисони футбол, суруди «Помир, Помир» дар иљрои овозхони маъруф Љамшед Исмоилов, пешвозгирии собиќ бозингарони «Помир» худ ба дили њар яки мо таассуроти фаромўшнашаванда гузошт. Агар аз бозї сухан ронем, голи «Регар» ба дарвозаи «Локо» хеле моњирона иљро карда шуд. Умуман, ќисми якум љолибу шавќовар гузашт. Фикр мекунам, ки њам барои љавонони дастаи Маскав ва њам барои «Регар»ТадАЗ ин бозї аз фоида холї нест.
— Њамчун мураббї – селексионер бозингарони дастаи Турсунзодаро аз назар гузаронида истодаед?
— Дар ин сафар ба ман чунин вазифа гузошта нашудааст, вале аз рўи одат бозии бачањои тољикро бодиќќат тамошо кардам. Њунарнамоии муаллифи тўб ба дарвозаи «Локо» (Давронљон Тўхтасунов, — «ВС»), капитани даста (Хуршед Мањмудов, — «ВС») ва бозингари раќами 7 (Иброњим Рабимов, — «ВС») шоистаи тањсин аст. Умуман, дида мешавад, ки новобаста аз душворињо дар Тољикистон сафи футболбозони болаёќат ва умедбахш торафт меафзояд ва ин боиси хурсандии мост. Мутаассифона, футболи тољик каме дар доираи худ мањдуд шуда мондааст ва агар дастгирї аз тарафи њукумат мешуд, њам боиси саломатии омма мегашту ва њам сабаби рушди футболи кишвар.
— Дар бораи њамватанони мо, ки дар «Локомотив» ва дигар дастањои Русия баромад мекунанд, чї гуфта метавонед?
— Чї тавре дида истодаед, яке аз онњо – Мањмаднаим Шарифї дар дастаи љавонони «Локомотив» баромад намуда, вазифаи худро дар хатти њимоя дар сатњи баланд иљро менамояд.
Манучењр Љалилов низ яке аз бозингарони љавони болаёќат ба шумор меравад. Боиси таассуф аст, ки чанде ќабл ў лат хўрд. Њоло Манучењр пас аз љарроњї табобат меёбад. Дар бораи Умарбоев аз дастаи «Рубин» ва Восиев аз «Сатурн» низ аз рўзномањои варзишии Русия ва мутахассисон суханони нек шунидаам. Хусусан аввалин муваффаќияти Фарњод дар њайати асосї боиси хурсандии њар яки мост.
— Чаро мо дар њайати «Локомотив» Нуриддин Давроновро намебинем? Овозањое њаст ки ў бо дастгирии Рашид Рањимов ба «Амкар» гузашта истодааст…
— Нуриддин дар њаќиќат чанд муддат дар «Локомотив» машќ мекард, вале аз сабаби сари ваќт тайёр нашудани шиносномаи шањрвандии Русия роњбарони даста бо ў хайрухуш намуданд. Ба саволи дуюми Шумо чунин посух доданиам, ки ин њама овоза асту халос. Новобаста аз он, ман боварии комил дорам, ки Нуриддин дар оянда бозингари яке аз дастањои пурќувват хоњад шуд.
— Ба фикри Шумо, сабаби нокомии Рашид Рањимов њамчун сармураббии «Локомотив» дар чї буд?
— Пеш аз њама њаминро бояд кайд кард, ки даста пеш аз омадани Рањимов дар њолати ногувор ќарор дошт. Рашид Рањимов тавонист оиди аз бўњрон баровардани «Локомотив» як ќатор тадбирњои судмандро амалї намояд. Вале ба ў имкони то ба охир расонидани маќсади хеш дода нашуд.
— Бозињои худро дар њайати «Помир» ба ёд меоред?
— Албатта. Њатто дар хобњоям мебинам. Солњои баромади худро дар дастаи «Помир» солњои бењтарини умри худ мењисобам. Ба фикрам, ин на танњо аќидаи ман, балки аќидаи тамоми футболбозони он дастаи машњури Душанбе мебошад. Он солњо тамоми љумњурї мухлиси «Помир» буд. Ба тамошои њар як бозии мо дар варзишгоњи пойтахт 20 – 25 њазор тамошобин љамъ меомаданд. Афсўс, пас аз пош хўрдани Иттињоди Шўравї мо «Помир»-ро зуд аз даст додем.
— Бозињои хотирмони Шумо дар он даста?
— Ин гуна бозињо бисёр буданд. Ѓалаба бар «Даугава» ки ба мо роњро ба Лигаи Олї кушод, пирўзї бар дастањои пурќуввати Иттињоди Шўравї – «Динамо»-и Тбилиси ва «Жалгирис»-и Вилнюс, мусовї бо динамочиёни Киев ва нињоят ѓолибияти бечунучаро бар «Спартак»-и Маскав бо њисоби 5:1.
— Хато накунам, тобистони соли 1996-ум тими миллии Тољикистон, ки ба он Шумо низ шомил будед, пас аз ѓалаба бар Ўзбекистон бо њисоби 4:0 дар Тошканд панљ голи бељавоб ба дарвозаи худ сар дод. Дар бораи он бозии сабќати Љоми Осиё њар гуна овозањо бисёр буданд…
— Саволи Шуморо фањмидам. Пас аз он бозї футболбозони мо зери танќиди сахт ќарор доштанд. Њатто чанд нафар бозингаронро дар фурўхтани бозї муттањам намуданд. Бале, кўшишњои хариди он бозї буданд, вале ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки ягон бозингари тими миллии Тољикистон бозиро нафурўхтааст ва ин њама бўњтони холист. Дар маѓлубияти мо наќши асосиро довари майдон иљро намуд. Мањз доварии ноодилона, аз майдон берун намудани яке аз бозингарони асосии даста – Рашид Рањимов боиси нокомии мо дар ин вохўрї буд.
— Чемпионати ИЉШС барњам намехўрд, ба аќидаи Шумо, «Помир» метавонист љоизадори он мусобиќот гардад?
— Бале. Он замон футболи тољик дар сатњи баланд ќарор дошт. Дар њайати дастаи «Помир» бозингарони бењтарин ба мисли Мўњсин Муњаммадиев, Александр Азимов, Рашид Рањимов, Вазген Манасян, Андрей Мананников, Анатолий Воловоденко, Юрий Батуренко, Сергей Ибодуллоев, Олег Ширинбеков, Абдулло Муродов ва дигарон њунарнамої мекарданд. Бо ин бозингарон пас аз таљрибаи кофї гирифтан мо бегуфтугў метавонистем яке аз бењтарин дастањои Иттињоди Шўравї гардем.
Муњаммад САМИР, ОВИ «ВС»

Мусовии бе Фарход

02.08.2009

Имруз дастаи «Сатурн» дар майдони худ тими «Зенит»-ро кабул намуда бо хисоби 2:2 бозиашро ба охир расонид. Хотиррасон мекунем, ки футболбози тими миллии Точикистон ФАРХОД ВОСИЕВ дар ин дидор тамоми 90 дакика дар харакчаи эхтиёти бозии хамдастагонашро назора кард.

ДАВРИ 16-УМ
Сатурн – Зенит – 2:2 (1:1, 1:1)
Голхо: 1:0 – Кириченко (15, пеналти), 1:1 – Корниленко (28), 1:2 – Широков (54), 2:2 – Нахушев (85).

САТУРН: Кински, Ангбва, Зелао, Игонин, Нахушев, Немов, Иванов, Каряка (Левченко, 62), Лосков (Темников, 89), Кузмичев, Кириченко (Ковель, 72).

ЗЕНИТ: Малафеев, Анюков, Мейра, Крижанатс, Ким Дон Чжин, Денисов, Зирянов, Широков, Семшов (Файзулин, 71), Хусти, Корниленко.

Огохи: Кузмичев (12), Крижанатс (14), Ким Дон Чжин (58), Зелао (76), Мейра (83).

Ронда гашт: Кузмичев (83).
2 август. «Сатурн», 17.15.
Довар: Сергей Карасев.

Дастгири торнигор

01.08.2009

«Варзиш-Спорт» (Бахши точики) — дастгири иттилоотии торнигори «Фан Клуби Парвоз» мебошад. Хамеша бо «Варзиш-Спорт» бошед.
cropped-tajversia7.jpg
Навигарихои нави футболи точик, варзиш ва олами варзиши чахон. Чуед, ёбед, хонед ва халоват баред. Рузхои панчшанбе аз соати 5-00 дастрас кунед