Архив Октябрь 2009

АСЛИДДИН ЊАБИБУЛЛОЕВ: «МУЊИМАШ – МО ЃОЛИБЕМ»

28.10.2009

00920075
Дастаи «Вахш»-и Ќўрѓонтеппа дар даври 17-уми чемпионати Тољикистон оид ба футбол дар майдони худ дастаи «Истиќлол»-и Душанберо маѓлуб намуда, ба гирифтани унвони чемпиони љумњурї мушарраф гашт. Зеро, аз сабаби он ки дастаи «Спитамен» аз ширкати мусобиќот даст кашидааст, њарифи ў дастаи «Вахш» дар даври охири мусобиќот бе бозї соњиби се имтиёз мегардад. Њамин тавр, футболбозони шањри Ќўрѓонтеппа барои њарифони худ дастнорас гаштанд. Пас аз анљоми вохўрии њалкунанда мо бо сармураббии дастаи чемпион Аслиддин Њабибуллоев сўњбате оростем ва њоло фишурдаи онро ба диќќати Шумо пешкаш менамоем.

— Аслиддин, пеш аз њама Шуморо бо ѓалаба табрик менамоем.
— Ташаккури зиёд.
Пеш аз мавсими имсола боварї доштед, ки ба гирифтани унвони чемпионї муваффаќ мегардед?
— Не. Зеро бо шароити вазнини иќтисодї пеш аз оѓози мавсим мо бачањои љавонро, ки айни њол дар њайати дуюм баромад менамоянд, ба чемпионати љумњурї тайёр мекардем. Танњо як моњ пеш аз оѓози мусобиќа мо њамроњи сардори даста Исроил Шарипов бо намояндагони њукумати шањри Ќўрѓонтеппа ва вилояти Хатлон вохўрї доир намудем. Дар натиљаи ин вохўрї Љамъияти холдингии шакли пўшидаи «Исмоили Сомонї» сарпастии дастаро ба ўњдаи худ гирифт. Баъд аз ин бозингарони пурќувват ва ботаљрибаро ба даста даъват намудем ва барои иљро намудани вазифаи дар пеши мо гузошташуда шурўъ намудем. Дар назди мо танњо як вазифа гузошта шуда буд — ба даст овардани унвони чемпионї.
— Овозањое вуљуд доранд, ки ба дастаи «Вахш» бо он сабаб маблаѓи калон људо карданд, ки соли оянда даста љашни 50 солагиашро ќайд менамояд. Ва минбаъд даста чун пештара маблаѓгузорї карда мешавад.
— Чемпиониро ба даст овардан хело душвор аст ва онро њифз намудан аз он њам мушкилтар аст. Дар њаќиќат, соли оянд мо љашни 50 солагии дастаро ќайд хоњем кард ва ин ѓалабаи имсолаи мо барои ин љашн дастоварди хубест. Аммо ман њозир гуфта наметавонам, ки соли оянда чї воќеа рух медињад.
— Дар бораи бозињои охирине, ки доир намудед, каме маълумот медодед, рафти бозї чи тавр буд, пеш аз бозї чи гуна маќсад назди даста гузошта шуда буд?
— Ќувваозмої бо дастаи «Равшан» хело душвор буд на аз љињати љисмонї, балки аз љињати рўњї, зеро мо пас за бохт дар «Хуљанд» дигар лимити бохтани бозиро надоштем. Бинобар ин, даста дар њолати фишори рўњї ќарор дошт. Вале хушбахтона, ин ба бозии мо таъсири зиёд расонида натавонист ва мо тавонистем бо натиљаи 3:0 пирўзи ба даст орем.
Дар бозї бо дастаи «Истиќлол» бошад дар назди бозингарон вазифа гузошта шуда буд, ки дар 20-25 даќиќаи аввал њарифро маљбур намоем, ки дар нимаи майдони худ бозї кунад ва ба хатогињо роњ дињад ва хушбахтона бозингарон сарбаландона аз ўњдаи ин вазифа баромаданд. Дар даќиќаи 15-ум пас аз партофти Рустам Хољаев Љомихон Муњиддинов голи аввалро ба њадаф расонид. Баъд аз ин њариф тавонист бозиро 10-15 даќиќа баробар намояд. Баъдан футболбозони мо тактикаи пештараро истифода бурда, пас аз хатогии дарвозабон Нўмъон Њакимов тўбро ба Љомихон дод, ки голи дуюми дастаро зад. Дар ќисми дуюм дар назди бозингарон вазифа гузошта шуд, ки њамин њисобро то охир нигоњ доранд. Мутаассифона, дар натиљаи хатогии муњофизон Юсуф Рабиев як тўб ба дарвозаи мо ворид намуд. Аммо аз њама муњимаш, мо дар ин ќувваозмоии муњим тавонистем ѓолиб оем.
— Метавонед дар њар як хати даста бозингарони бењтаринро ном баред. Ва умуман кадом хати даста дар мавсими имсола барои амали гаштани маќсад кўшиши бењтар намуд?
— Наметавонам, барои он ки њамаи футболбозони «Вахш» мањорати хуб нишон доданд ва барои ба њадаф расидан кўшиши зиёд ба харљ доданд. Бинобар ин, ман наметавонам ягон нафари онњоро махсус номбар кунам. Њамаи хатњои даста низ хуб бозї карданд. Мисол агар гирем дар як бозї њамлагарон ду се гол ба њадаф расонанд ва муњофизон ва дарвозабон ба хатогињо роњ дода аз он њам голи зиёдтар сар дињанд, натиљаи бозї бар зарари даста мегардад, ё ин ки баръакс. Мо ки тавонистем чемпиони љумњурї гардем, њамаи ин дар натиљаи бозии мўътадили њамаи хатњо рух дод.
— Бо њамон њайате, ки дар марњилаи якуми чемпионат баромад намуда будед, метавонистед, ки ѓолиби чемпионати Тољикистон гардед?
— Албатта, метавонистем. Аммо мо умуман кўшиш кардем, то њар чї бештар бозингарон дар мавсими имсола бозї кунанд. Агар шумо ба статистика ањамият дода бошед, мо аз бозии якум бо дастаи «Спитамен» оѓоз карда дар ягон бозї паи њам ду бор бо як њайат баромад накардаем.
— Барои кадом хислатњояшон бозингарони навро дар марњилаи дуввум даъват намудед.
— Умед Ризоев дарвозабони љавон мебошад. Пештар ў дар ягон дастаи пешсаф, ки барои иљро намудани њадафњои бузург мубориза мебаранд, бозї накардааст. Бинобар ин мо тасмим гирифтем, ки Юлдошевро ба даста даъват намоем. Аммо њаминро ќайд карданиям, ки дар марњилаи аввал дарвозаи моро мањз ў њифз менамуд ва дар марњилаи дуввуми чемпионат Умед омода буд дар њолате, ки Юлдошев лат бардорад, ё ин ки корти сурх гирад, ба майдон барояд. Дигар бозингаронро бошад мо на барои он, ки ба он хате, ки онњо даъват шуданд сустанд, гирифтем. Зеро дар тамоми хат мо бозингарони хуб доштем ва танњо барои баланд бардоштани сатњи раќобат онњо ба дастаи мо омаданд. Дар њаќиќат, пас аз омадани бозингарони нав футболбозон боз кўшиши зиёдтар намуданд, то ба њайъати асосї шомил шаванд.
— Дар бадбахтии дигарон бахти худро сохта намешавад, мегўянд русњо. Аммо дастаи «Вахш» тавонист аз вазъияти душвори иќтисодии «Парвоз» истифода бурда бозингарони бењтарини ин дастаро ба тарафи худ кашад. Ва ин бозингарон барои чемпионии даста хизмати арзанда намуданд.
— Ин футбол аст ва њама ваќт дар футбол чунин буду мемонад. Чор -панљ соли охире, ки дар «Вахш» бозї мекардам, дастаро њар сол 10-15 нафар тарк менамуданд. Он ваќт магар ягон кас аз ин рўњафтода мегашт? Мо бо Љомихон Муњиддинов ва Анвар Норќулов гуфтугў кардем, шароитњои мо маъќул шуд ва онњо даъвати моро пазируфтанд. Соли дигар шояд онњо дар дастаи дигар ки шароитњои бењтар пешнињод менамояд, баромад кунанд ва на танњо онњо, шояд дигар бозингарони «Вахш» њам.
— Агар махфї набошад ба бозингарон барои ба даст овардани унвони чемпионї ягон мукофот пешбинї карда шудааст ва он чанд сўмро ташкил медињад?
— Бале, пешбинї шудааст, аммо ман раќами мушахассро гуфта наметавонам. Зеро њар футболбоз шартномаи худро дорад. Мо њисоб карда мебароем, ки њар яке аз онњо чанд даќиќа бозї карданд ва пас аз он футболбозонро бо ризоияти сарпарастон ба мукофот пешнињод мекунем.
— Ба худи Шумо чї мукофот ваъда карданд, овозае вуљуд дорад, ки гўё ба шумо мошини тамѓаи хориљї ваъда карда бошанд?
— Рости гап ман, дар бораи мошин бори аввал аз шумо фањмида истодаам. Ба ман низ аз рўи шартнома мукофот медињанд. Ман намедонам, кї ин овозањоро пањн карда бошад ва аз он ба ў чї фоида мерасида бошад!?
Дар ояндањои наздик чї наќшањо доред?
— Њозир њамаи бачањоро љавоб додем, то пас аз мавсими душвор каме истироњат кунанд. Пас аз он барои ширкат дар мусобиќаи анъанавии Љоми ИДМ тайёрї хоњем дид. Дар ин мусобиќа мо шарафи тамоми Тољикистонро њифз хоњем кард, зеро аз номи љумњурї баромад менамоем. Умед дорем, ки тамоми мухлисони Тољикистонї моро дастгирї мекунанд.

    Манучењр МАЌСУДОВ, ОВИ «ВС»
Реклама

«НЮТОН» ДАР МАЙДОНИ ФУТБОЛ

27.10.2009

Имсол дастаи «Хуљанд» хеле хуб баромад намуд, вале камтар мањорати футболбозонаш нарасид, то ки чемпионии мамлакатро ба даст оранд. Ин њафта мехоњем шарњи њоли њамлагари тими «Хуљанд» Бањодур Шариповро ба шумо пешкаш кунем.

Ному насаб Бањодур Шарипов
Зодрўз 25 январи соли 1982
Зодгоњ Ноњияи Њисор
Вазн 73 кг
Ќад 170 см
Даста Хуљанд
Раќам 32

ШАРЊИ ЊОЛ

— Бањодур Шарипов 25 январи соли 1982 дар колхози Карл Маркси Ќалъаи Њисори ноњияи Њисор дар оилаи омўзгор таваллуд шудааст. Аз кўдакї дар дил шавќи футбол дошт. Ў дар мактаби №3 тањсил намудааст ва ба гуфтаи худаш: «Ман дар мактаб наонќадар хуб мехондам. Бисёртар футболбозиро мехостам. Падарам, ки муаллими тарбияи љисмонї буд, бесаброна дарсњояшро интизор мешудам. Аз дарсњо мегурехтаму ба бозии футбол мерафтам ва аз муаллимон танбењ мегирифтам, вале ин танбењи онњо ба ман «таъсир» намекард.

Баходур Шарипов аз чап якум

Баходур Шарипов аз чап якум

Боз аз дарсњо мегурехтам ва ба оѓўши варзишгоњи сабз худро мезадам. Имсол ман ба Донишгоњи милли Тољикистон ба факултаи физика дохил шудам ва аввалин бор моњи декабр ба донишгоњ хоњам рафт. Чунки ман дар шўъбаи шабона дарс мехонам. Ба худ ќавл додам, ки њангоми дарсомўзїи дар донишгоњ дарсшиканї нахоњам кард». Шўхиомез чунин мегўем, ки Бањодур дар оянда ба мисли Нютон физики машњур шуданї аст ва барои олим шуданаш ба ў барор мехоњем.

ОИЛА

— Падараш Шарипов Нарзулло — омўзгори фани тарбияи љисмонї буда, дар мактаби миёнаи №3-и ноњияи Њисор ба талабагон мањорати љисмонї меомўзад. Модараш хонашин. Бародараш Сўњроб Шарипов аст, ки њоло дар њайати тими ЦСКА «Помир» баромад дорад: «Ман ваќте ки дидам бародарам футболбоз шуд, ман њам орзуи футболбоз шуданро кардам. Ва ба ин орзуям њам расидам. Њоло бародарам дар Душанбе асту ман дар Хуљанд». Додараш донишљўи курси 1-уми Донишгоњи аграрии Тољикистон мебошад: «Додарам имсол ба Донишгоњи Аграрї дохил шуд ва ман ба Донишгоњи Миллї».

РАФИЌОН

— Аз хурдсолиаш Бањодур рафиќони хеле зиёд дорад ва бо њамаи онњо муносибати хубе дошт. Онњо њар рўз чї дар кўчаву чї дар майдончаи варзишии мактаб бо њам футболбозї менамуданд, вале ягон рафиќи ў ба мисли Бањодур футболбоз нашуд. Њамаи онњо ба њар сў пароканда гаштанд: «Ман аз хурдиам рафиќони зиёд дорам ва рафиќонам то њол маро аз хотир набаровардаанд. Абдуќодир, Рустам, Одил, Нуриддин ва Зикриоллоњ дўстони љонии мананд. Чунки онњо дар њама њолат, чи дар ѓамгиниву чи хурсандиам маро дастгиранд. Барои тамошои бозиам ба њамаи дидорњо меоянд ва њатто ба вилояти Суѓд њам рафта буданд». Бањодур дар ин бора шўхиомез мегўяд, ки ягон маротиба аќаллан роњпулї њам напурсидаанд.

ЛИБОС

«Аз хурдиам ман либосњои варзиширо дар бар кардам ва намехоњам, ки ба мисли дигарњо ба ќавле «солидный» бошам. Костюму шимро чамши дидан надорам ва дар бораи галстук бошад, њољати гап нест. Агар ба гарданам галстук банданд, маро ким чи хел дилгир мекунад. Акнун, ки ман донишљў гаштам, намедонам маро ба донишгоњ бе галстук мемонда бошанд ё не? Костюму шимро як бало мекунам, вале галстук …»- чунин мегўяд Бањодур.
Ба Бањодур либосњои варзишии ширкати «Адидас» писанд аст ва аз овони кўдакї аз бозор танњо либосњои њамин ширкатро харидорї менамудааст: «Ба ман ширкати либосњои «Адидас» писанд аст, чунки ин либосњо оддї ва шинаманд».

АВТОМОБИЛ

— Ба гуфтаи Бањодур кадом намуди автомобил набошад, номаш автомобил аст: «Агар ба ягон љой хоњ бо «Запорожец» равию хоњ бо «Хаммер» ба соњиби хона мегўї, ки бо мошин омадаам. Муњим он аст, ки пиёда набошї». Бањодур дорандаи автомошинаи «Opel Vectra» мебошад ва орзуи онро дорад, ки автомошинааш вайрон нашаваду ба њар љой савор шуда равад. Инчунин ба њамин намуди мошин њам шукрона мекунад. Орзуи «Љип»-у «Хаммер»-дор шуданро надорад.

ЊОББЇ

«Ваќтњои холигии худро ба тамошои футбол ва шунидани мусиќї мегузаронам. Инчунин ба варзишгоњ мебарояму футболи кўдаконро тамошо мекунам. Овозхонњои варзидаи русро гўш мекунам. Максим ва Натали дўстдоштатарин овозхонњои ман аст. Инчунин мусиќињои тољикиро низ гўш мекунам».
Бањодур мухлиси ашадии дастаи «Барселона» мебошад: «Ман аз футболи хориља ба дастаи «Барселона» мухлисї мекунам, вале њангоми бозиаш бо «Рубин» ба Ќазонињо мухлисї намудам. Барои он, ки Ќазон ба мо наздиктар аст. Дар дастаи каталонињо бењтарин футболбозони љањон ба мисли Месси, Иброњимович ва Хавиву Иниеста њунарнамої менамояд».
Дар футболи дохилї Бањодур мухлиси дастаи «Хуљанд» мебошад, чунки ў дар ин даста баромад менамояд.
Ба ѓайр аз футбол Бањодур дигар касберо наметавонад: «Ба ѓайр аз футбол ман касби дењќониро метавонам (механдад). Магар дењќонї њам њунар аст? Њама ин корро метавонад, њатто кўдаки дањ-дувоздањсола».

МУРАББЇ

— Ба Бањодур якчанд сармураббиёни ботаљриба дарси футбол омўхтааанд. Аввалин мураббиаш Айнї Мустафоќулов аст, ки њоло ў довари футболи тољик мебошад. Баъдан ў дар дасти Бахтиёр Њакимов, Иштван Секеч ва Тоњир Мўъминов футболбозї омўхтааст. Њоло сармураббї ў Уроз Тўраќулов мебошад. Ў дар бораи мураббиён чунин гуфт: «Ба ман мураббиёни пуртаљриба дарс омўхтаанд. Бењтарини онњо ба назари ман мутахассиси рус Иштван Секеч мебошад. Уроз Тўраќулов њам ба ман писанд аст. Ў мураббии сахтгир ва мењрубон мебошад».
Бањодур орзуи онро дорад, ки бо дастаи «Хуљанд» њамроњи мураббиаш Уроз Тўраќулов унвони чемпионии Тољикистонро ба даст орад.

      Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

Капитан сохиби писарча шуд

26.10.2009

Капитани дастаи «Парвоз» Масъуд Рахимов, шоми 25-октябр писарчадор шуд. Дар ин бора ба торнигори мо худи Масъуд хабар дод.

Ба гуфтаи Масъуд ин писарчаи дуюмаш буда, писарчаи аввалааш 2,5 сол дорад ва Иброхим номгузори карданд: «Ман бо як кори мухим ба Душанбе омад будам, вале аз шахри Хучанд шодиёна омад, ки ан сохиби фарзанд шудаам. Корам нотамом зуд чипта гирифтаму чониби шахри Хучанд шитофтам. Ва хурсандона фарзанди ман писарча ба дунё омадааст»-чунин гуфт ба мо телефони Масъуд Рахимов.
Инчунин торнигори «Фанклуби Парвоз» акаи Масъудро бо фарзанди дуюмашон табрик намуда, ба кудак умри дароз ва ризки фарозро хохонем. Бигзор мисли падар футболбоз шавад.

АРШАВИН ДАР «ВАХШ» ВА МЕССИ ДАР «ХУЉАНД»?

21.10.2009

Дар давлати мо сатњи гузаронидани чемпионат то њадде ба паст рафта истодааст. Дастањое пайдо шуда истодаанд, ки дар нимаи чемпионат аз давом додани он даст мекашанд, ба варзишгоњњо мухлисон торафт кам њозир мешаванд. Инљо мехоњам оиди љалб намудани мухлисон ба варзишгоњ ва боло рафтани сатњи футболамон якчанд аќидањои дастнорасеро пешнињод намоям.

САВОЛЊОИ БАЊСТАЛАБИ ФУТБОЛИ ТОЉИК

Чаро варзишгоњњо каммухлис аст ва чаро мухлисон намехоњанд, ки ба тамошои чемпионати Тољикистон бираванд? Ва чаро футболњои чемпионати мо дар сатњи байналмиллалї умуман обрўю нуфуз надорад? Чаро футболбозони моро дигар давлатњо ба мисли Англия, Италия ва ё Испания ба чемпионатњои худ даъват намекунад? Ба њамаи ин саволњои љавоби асосї як аст – маблаѓ ва варзишгоњњои замонавї надорем. Магар футболбозони мо мањорат доранд? Албатта, агар мањорат намедоштанд, чаро дар чемпионати љањон байни наврасон дар соли 2007 иштирок карданд?

РОНАЛДИНИО МУХЛИСОНИ ФУТБОЛРО БА ВАРЗИШГОЊ ДАЪВАТ МЕКУНАД

Агар ба мисли чемпионатњои дигар давлатњо дар тимњо аќаллан ду-се легионерњои хориљї бошад, варзишгоњ пур аз одам мешавад ва агар њадди аќал Роналдиниоро «Истиќлол» харидорї намояд, он гоњ мебинї, ки аз дигар минтаќањои Тољикистон аз Хатлону Суѓду Бадахшон одамон барои дидани бозии Роналдинио меоянд. Ва агар њатто нархи чиптаро ба 10-20 сомонї расонї њам, варзишгоњ пур аз мухлис мешавад. Он гоњ даромадро мебинї. Кадом шахсро намефорад, ки барои дидани чунин як футболбози касбии бомањорат њамроњи љўрањояш ба дидани футбол меравад? Албатта, барои њамаи мухлисони футболе, ки барои тимњои хориљињо мухлисї мекунанду барои дастањои худї не, як иќдоми хубе мешавад. Он гоњ мо фаќат дар бораи футболи худ хоњем њарф зад.

ОВОЗАЊОИ ДАСТНОРАСИ ФУТБОЛИ ТОЉИК

Худ ќазоват кунед, ки байни мардум чунин овозањое пайдо шавад, ки Кака мехоњад бо арзиши 50 миллион евро бо дастаи «Истиќлол» ба муддати панљ сол шартнома мебандад. Он гоњ мебинї, ки њама дар бораи футболи тољик гап мезананду аввал маљаллаву газетањои варзиширо аз сањифаи футболи тољик оѓоз менамоянд. 2441799606_56b1ccd91cИнчунин боз ба мисли футболи Русия овозае пањн гардад, ки «Хуљанд»-и шањри Хуљанд мехоњад Лионел Мессиро ба арзиши 70 миллион евро харидорї кунад. Ба њамаи мо маълум аст, ки Мессиро ба чунин арзиш тими «Барселона» њаргиз нахоњад фурўхт, вале чунин овозањо пайдо гарданд, ба дили мухлисони футбол барои футболи тољик шўълачаеро меафрўзанд.

«РЕГАР»-ТАДАЗ — «ЛОКОМОТИВ»

Барои як мисол њангоми бозии рафиќона байни дастањои љавонони «Локомотив» бо «Регар»-ТадАЗ ба варзишгоњ чї ќадар мухлис љамъ шуда буд. Сабабаш дар он буд, ки ба ин вохўрї якчанд легионерони хориљї дар њайати тими «роњиоњанчиён» иштирок доштанд, ки яке аз онњо дарвозабони Италиявии русњо Иван Пеллисолли буд. Инчунин ба ин вохўрї собиќ футболбозони «Помир»-и овозадор, ба мисли Мўњсин Муњаммадиев, Олег Хаби, Њикмат Фузайлов ва ѓайрањо ташриф оварда буданд. Боз овозае буд, ки собиќ сармураббии «Помир» Юрий Сёмин низ ба Душанбе ташриф меорад, вале бо сабабњои ба мо номаълум Юрий Павлович ба ин дидор њозир гашта натавонист. Бозї бо њисоби бародаронаи 2-2 хотима ёфта буд.

АБРАМОВИЧУ УСМОНОВИ ТОЉИК

Чемпионати мо барои он мисли дигар чемпионатњо намешавад, ки мо ягон сармоягузори хуб надорем. Ва агар сармоягузорон ба мисли Роман Абрамовичу Алишер Усмонов дар Тољикистон њам пайдо гардад, он гоњ чемпионати мо мисли дигар чемпионатњо обрўву нуфузи худро пайдо менамояд. Ба мисли ин сармоягузороне метавонанд, ба дастаашон Роналдуву Месси ва Иброњимовичу Роббенро харидорї менамоянд. Худ ќазоват кунед, агар дар дастаи «Хуљанд» Мессиву Тевес, дар дастаи «Регар»-ТадАЗ Роналдуву Раул, дар тими «Вахш» Аршавину Фабрегас ва дар дастаи «Истиќлол» Роналдиниову Кака барин футболбозон бошад, мо наметавонем дар тамоми давлат шинохта шавем? andrejarshavin-luchs_139404Метавонем, албатта метавонем, чунки агар Роналду дар чемпионати љањон шарафи тими Португалия ва Мессиву Тевес шарафи Аргентинаро њимоя кунад, вале намояндаи дастањои Тољикистон муаррифї мешавад.

ФУТБОЛБОЗИ ТОЉИК ДАР ФИНАЛИ ЛИГАИ ЧЕМПИОНЊОИ АВРУПО

Агар бозингарони мо аз ин футболбозони ботаљрибае, ки дар боло зикр намудем, таљриба бардоранду мисли ин нафарон дар майдон њунарнамої кунанд, он гоњ скаутњои дастањои «Милан», «Челси», «Барселона» ва «Реал Мадрид»-у «Интер» давлати моро охурча менамоянд ва дар њар бозињои дастањо иштирок намуда, бачањои бомањоратро ба тимњои худ даъват менамоянд. Баъд дидї, ки дар ќатори рўихатњои дастањои бузурги Аврупо номњои тољикона њам пайдо гардидааст ва онњо дар финали Љоми лигаи чемпионњои Аврупо ба зидди дигар намояндањо баромад мекунанд. Инчунин тамоми шорењони варзиши дунё насабњои тољиконаро низ ба забон меоранд ва баъзеи шорењоне, ки аќаллан Тољикистон гуфтанї давлатро намедонистанд, давлати моро мешиносанд. Он гоњ давлати мо ба мисли дигар давлатњо обрўю нуфуз пайдо намуда, дар байни дигар кишварњо шинохта мешавад.

ТОЉИКИСТОН АЗ ТОГО КАЛОНТАР АСТ?

Давлати Того, ки масоњаташ аз мо ду маротиба хурд аст, чаро ба чемпионати љањон роњхат мегираду мо не? Ањолии онњо низ аз ањолии Тољикистон кам ва сатњи зиндагї дар он онљо нисбат ба мо паст аст. Ва чаро онњо футболбозони касбї тарбия карда метавонанду мо не? Чаро футболбозони онњо дар чемпионатњои Италияву Англия баромад мекунанду аз они мо бошад аќаллан чаро ба дастањои «Ростов»-у «Химки»-и Русия даъват карда намешаванд. Оё имрўз дар њаќиќат футболи тољик зинда аст? Агар ња, чаро мо тайи 1,5 сол шуд, ки аз вуљуд доштани тими мунтахаби асосии хуб дарак намедињем? Чаро аќаллан бозињои рафиќона доир намекунем?

МО ДАР ЉОИ 168-УМ ЌАРОР ДОРЕМ

Биёед эй сарварони футболи тољик якдилона кор кунем ва бањри ба ќуллањои баланд баромадани футболбозони тољик кўшиш кунем. Шумо медонед, ки мо дар рейтинги ФИФА дар кадом маќом љойгир њастем. Футболи мо имрўз аз Бангладешу Покистон њам паст рафтааст. Дастаи мунтахаби Тољикистон дар рейтинги навбатии ФИФА 4 мақом боло рафта, ба љойи 168-ум баромадааст. Ҳарчанд, дар ин моҳи гузашта Тољикистон ягон бозї низ доир накардааст, вале аз ҳисоби он ки дигар кишварҳо холҳояшонро аз даст додаанд, Тољикистон каме болотар баромадааст.Ҳамоно Тољикистон дар миёни тими мунтахабҳои собиқ Шўравї аз њама охир аст, вале дар миёни дастаҳои Осиё ду мақом боло рафта, (Аз Лаосу Камбоља) дар миёни 46 мунтахаб дар љойи 35-ум аст. Тољикистон ҳамакнун миёни тими мунтахабҳои Покистон ва Мавритания љой гирифтааст. Сент-Китс, ки ҳамагї 40 ҳазор аҳолї дорад, аз мо ҳамоно боло меистад.
Мењвари МАМАСАФО, ОВИ «ВС»