Архив Ноябрь 2009

НЎЪМОН ЊАКИМОВ БЕЊТАРИН БОЗИНГАРИ ТОЉИКИСТОН (ФАРЗИЯИ «ВАРЗИШ-СПОРТ» БАХШИ ТОЉИКЇ)

12.11.2009

Баъди адои мавсим дар тамоми чемпионатњо, хоњ дар Англия бошаду хоњ дар Аргентинаву Бразилия бозингар, дарвозабон, муњофиз, ниммуњофиз, њамлагар, сармураббї ва довари бењтаринро интихоб мекунанд. Аз љумла дар Тољикистон њам чунин анъана мўд шудааст. Мо барои муайян намудани бозингарони бењтарин бо њамаи сармураббињои дастањои кишвар ва капитанњои дастањо њамсўњбат шудем. Пеш аз оне, фарзияи бењтаринњоро аз рўи ин пурсиш пешкаши шумо менамоем, аввалан мехостем дар бораи оѓоз, рафт ва анљоми мавсим сухан ронем.

ЌУРЪАКАШЇ ВА ОЃОЗИ ЧЕМПИОНАТ
28-уми март дар идораи Федератсия футболи кишвар нишасте доир гардид, ки натанњо сармураббиёну бозингарони кишвар, балки тамоми мухлисон њам ин рўзро интизор буданд. Дар ин рўз ќуръакашии чемпионати кишвар доир шуда буд. Гуфта шуд, ки дар чемпионати имсола бо иштироки 10 даста гузаронида мешавад. Вале мисли мавсими гузашта чор дарв нею њамагї ду давр. Мутаасифона дастаи «Саройкамар»-и ноњияи Панљ аз њисоби кам будани маблаѓаш ба чемпионат дохил шуда натавонист ва барои иштирок дар лигаи аввал иљозатномаро соњиб шуд.

РАФТИ ЧЕМПИОНАТ
Рафти чемпионат хеле зебову диданї гузашт. Дастањои даъвогари чемпионї мисли њарсола як-ду даста набуданд. Теъдоди онњо ба шаш тим мерасид – «Вахш», «Хуљанд», «Регар-ТадАЗ», «Истиќлол» ва «Энергетик»-у «Парвоз». Бозињои гранд-дастањо хеле шавќовар мегузашт. Хусусан бозии «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ». Баъд аз ѓалабаи «Регар-ТадАЗ» дар марњилаи аввал тими «Вахш» садри љадвалро ба «Хуљанд» супорид ва бозингарони соњили дарёи Сир бо маќоми якум марњилаи аввалро ба итмом расониданд.

ОХИРИ ЧЕМПИОНАТ
Охири чемпионат хеле шадид љараён гирифт. Акнун муддаои чемпионї аз шаш адад ба се расид. «Хуљанд», «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» дастањои дигарро маѓлуб намуда ба ќуллаи чемпионї њаракат мекарданд, вале «Вахш» бештар холњоро љамъ намуда унвони чемпионии Тољикистонро бори сеюм ба даст даровард. «Хуљанд»-и бечора, ки ќариб то охир дар садри љадвал ќарор дошт ба љои сеюм ќаноат кард, чунки бохти калон бо њисоби 5-0 аз дастаи «реагр-ТадАЗ» бозингарони заводи алюминии тољикро ба маќоми дуюм бароварда буд.

КИ НОМЗАД БА БОЗИНГАРИ БЕЊТАРИНИ ТОЉИКИСТОН БУД?

Бештари бозингарони ба номзади гузошта шуда буд, аз дастањои се маќоми аввал буд, ки дар ин мавсим хеле хуб баромад карданд. Инчунин бозингарони дастањои поёнї њам буданд. Инак шинос шавед бо номзадњо: Нўъмон Њакимов, Рањматулло Фузайлов, Мењров Заурбеков, Љомихон Муњиддинов, Рустам Хољаев, Акмал Сабуров, Анвар Норкулов, Супњон Хољамов, Мањмадалї Содиќов, Фарњод Юлдошев (њама аз «Вахш»), Сардор Эминов, Хуршед Мањмудов, Иброњим Рабимов, Алишер Додов, Шўњрат Љабборов, Маъруф Рустамов (њама «Регар-ТадАЗ»), Юсуф Рабиев, Дилшод Восиев, Далер Тўхтасунов, Љамолиддин Оев, Нуриддин Давронов, Фатњулло Фатњуллоев, Амоншо Саодатсайров (њама «Истиќлол»), Пирмурод Бурњонов, Бањодур Шарипов, Шўњрат Шамсиев (њама «Хуљанд»), Сўњроб Њомидов, Александр Франк (њарду «Энергетик») ва Ромиз Таваккалов, Шерзод Абдуллоев, Асад Бобољонов (њама «Парвоз»).
Футболбозони дар боло номбаршуда аз љониби сармураббињо таин карда шудаанд. Ман пеш аз пурсишнома сад дар сад умед доштам, ки футболбози бењтарин њамлагари тими «Истиќлол» Юсуф Рабиев таин мегардад, чунки бозии бењтарини ў буд, ки даста соњиби љоми Тољикистон гардид. Вале, … эњтимол аст, ки дар ин интихоб камтар овоз гирифтани Юсуф Рабиев бо амали ношоистаи ў пас аз задани гол ба дарвозаи «Хуљанд» вобастагї дошта бошад.
КАДОМ ФУТБОЛБОЗ БЕЊТАРИН ДОНИСТА ШУД?

Њисобкунї чунин сурат гирифт: Ба маќоми аввал панљ хол, ба дуюм чор, ба сеюм се, ба чорум ду ва ба љои панљум як хол навишта мешавад.
Баъд аз љамбаст маълум гардид, ки њамлагари дастаи «Вахш» нўъмон Њакимов бењтарин футболбози кишвар дар ин мавсим таин гардид. Ў бо касби 64 хол маќоми аввалро ба даст даровард. Маќоми дуюмро то охирин овоз Юсуф Рабиев касб карда омада истода буд, вале дар охирин овоз капитани дастаи «Регар-ТадАЗ» Хуршед Мањмудов ўро як зина ба оќиб фарвард. Хуршед Мањмудов соњиби 54 хол ва капитани дастаи «Истиќлол» Юсуф Рабиоев ду хол камтар аз Хуршед гирифта, соњиби 52 хол шуд.
Хотиррасон менамоем, ки Нўъмон Њакимов бо дастаи «Вахш» дар авали њамин мавсим шартнома ба имзо расонидааст. Пеш аз дастаи шањри Ќурѓонтеппа ў дар дастаи «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров баромад менамуд. Инчунин ў соли гузашта бо 30 тўби худ бењтарин нишонзани кишвар таин шуда буд. Боз ин мавсим њам њоло ў бењтарин нишонзан ба њисоб меравад. Дар њисоби ў њоло 15 тўб навишта шудааст. Дар маќоми дуюм Юсуф Рабиев бо 14 гол. Ва Сўњроб Њомидов метавонад Нўъмонро паси сар кунад, чунки њоло ў як бозии дигар дораду 12 тўб задаст.Безимени-1
Безимени-10
Безименит-1


    ДАЊ ЊОДИСАИ МАВСИМ

1. 4 АПРЕЛ, ОЃОЗЁБИИ ЧЕМПИОНАТ
Рўзи 4 апрел чемпионати навбатии Тољикистон байни дастањои лигаи олї оѓоз ёфт. Дар аввалин дидор дастаи «Вахш» «Спитамен»-ро дар Ќўрѓонтеппа, «Истиќлол» «Равшан»-ро ва «Гвардия» ЦСКА «Помир»-ро да Душанбе. Голи аввалини ин мавсимро ниммуњофизи «Гвардия» Фирдавс Ќурбонов задаст. Ў дар дидор бо ЦСКА «Помир» дар даќиќаи 48-ум ба тўри њариф тўби аввалини чемпионатро ворид сохт.Дар марњилаи дуюм аз сабаби камбудии маблаѓ дастаи «Спитамен» аз давом доданї чемпионат даст кашид.
2. 18 МАЙ, РОЊХАТИ «РЕГАР-ТАДАЗ» БА ДАВРИ ФИНАЛИИ ЉОМИ ПРЕЗИДЕНТИ АФК
Баъд аз мусовї бо дастаи «Непал Полис Клаб»-и давлати Непал (2-2) дар даври интихобии Љоми президенти АФК даастаи «Регар ТадАЗ» ба даври финалї роњхат гирифт. Пеш аз ин дидор Турсунзодагињо бо «ВАПДА»-и Покистон (0-0) мусовї ва тими «Тайван Пауэр Компани»-и Тайванро бо натиљаи 3-1 шикаст дода буд. Инчунин ба даври финалї дастањои «Ахшобод»-и Туркманистон, «Дордой-Динамо»-и Ќирѓизистон ва «ВАПДА»-и Покистон роњхат гирифтанд.
3. 23 ИЮН, БОЗИИ ТИМИ «ОЛИМПИИ КИШВАР» ВА ТИМИ «МУНТАХАБИ ДАСТАЊО»
Дар варзишгоњи марказии шањри Душанбе дастаи «Олимпии кишвар» бо тими «мунтахаби дастањо»-и мамлакат дидори рафиќона гузарониданд, ки як иќдоми хубе буд барои мухлисони футбол. Дидор хеле хубу диданї сурат гирифта олимпичиён бо њисоби 3-21 ѓалаба ба даст оварданд. Голи охирин ва њалкунадаро њамлагари тими «Регар ТадАЗ» Даврон Тўхтасунов ба њадаф расонид.
4. 28 ИЮЛ, БОЗИИ РАФИЌОНАИ «РЕГАР ТАДАЗ»-«ЛОКОМОТИВ»
Бо ташаббуси бошгоњи «Регар ТадАЗ» ва «Локомотив»-и Маскав дар варзишгоњи марказии пойтахт бозии рафиќонаи ин ду даста баргузор шуд. Барои тамошои ин футбол беш аз 20 000 тамошобинон аз тамоми гўшаву канори мамлакат омада буданд. Мухлисон барои диданї чунин як футболи зебо омада буданд, чунки чунин бозињо дар мамлакати мо солее ва ё ин ки дар муддати ду сол мумкин як маротиба гузаронида шавад. Дар ин дидор дўстї ѓалаба кард 2-2.
5. 5 СЕНТЯБР, ОЃОЗЁБИИ МАРЊИЛАИ ДУЮМИ ЧЕМПИОНАТ
Дар ин рўз марњилаи дуюми чемпионат оѓоз ёфт ва дастаи «Спитамен» аз њисоби набудани маблаѓ тарки чемпионат намуд. Инчунин дар ин рўз дастаи «Вахш» тими «Регар ТадАЗ»-ро бо як голи задаи Нўъмон Њакимов шикаст дод.
6. 27 СЕНТЯБР, ЃАЛАБАИ «РЕГАР ТАДАЗ» ДАР ЉОМИ ПРЕЗИДЕНТИ АФК
Аз 23-юм то 27-уми сентябр дар шањри Турсунзода даври финалии љоми президенти АФК доир шуд. Дар ин мусобиќот давлати моро чемпиони соли гузашта «Регар ТадАЗ» намояндагї менамуд. Турсунзодагињо дар даври нимфиналии ин мусобиќот дастаи «ВАПДА»-и Покистонро дар ваќти иловагї бо њисоби 4-3 ѓалаба намуд. Дар даври нињої бошад, дастаи тољикон бо «Дордой Динамо»-и Ќирѓизистон вохўрданд ва бо натиљаи 2-0 ѓолиб омада, бори сеюм ин љомро бав даст оварданд.
7. 5 ОКТЯБР, «ИСТИЌЛОЛ» СОЊИБИ ЉОМИ ТОЉИКИСТОН
Дар бозии финалии Љоми Тољикистон якбора ду дастањои шањри Душанбе баромада буданд. Тими «Истиќлол» бо ЦСКА «Помир». Бозї бо њисоби 3-1 ба фоидаи «Истиќлол» ба анљом расид. Бо голњо аз дастаи ѓолиб Рабиев (2 то) ва Фатњуллоев баъд аз голи Накутї љавоб дода буданд. Ин љоизаи аввалини дастаи дебютанти чемпионат мебошад. Пеш аз ин онњо Љоми Долтабоевро низ ба даст оварда буданд.
8. 13 ОКТЯБР, РОЊХАТ ГИРИФТАНИ НАВРАСОНИ КИШВАР (U-16) БА ЉОМИ ОСИЁ
Дастаи наврасони тими Тољистон барои роњхат гирифтани бозињои финалии Љоми Оиё ба давлати Непал сафар карда буданд ва аз он љо бо сари баланд баргаштанд. Дастаи кишвари мо дар он љо чор дидор гузаронида (Бањрайн 2-0, Лубнон 3-0, Эрон 0-0 ва Непал 4-0) бо касби 10 хол якљоя бо тими Эрон маќоми аввалро соњиб шуда, ба даври финалї роњхат гирифтанд.
9. 21 ОКТЯБР, «ВАХШ» ЧЕМПИОН
Дар даври 17-уми чемпионати кишвар дастаи «Вахш» дар майдони худ тими «Истиќлол»-ро ќабул намуда, бо њисоби 2-1 ѓалаба намуд ва як давр пеш аз анљоми чемпионат унвони чемпиониро соњиб гардид. Дар даври охирин дастаи Ќўрѓонтеппагињоро «Спитамен» интизор буд ва аз сабаби спитаменињо марњилаи дуюм давом доданї чемпионатро инкор намуда буданд, ѓалаба љониби чемпион гардид. Љамъан дастаи «Вахш» 46 хол гирифта маќоми аввалро соњиб гардид. Маќоми дуюм ба «Регар ТадАЗ» расид, ки онњо 41 хол ба даст оварданд ва бо 40 хол дастаи «Хуљанд» маќоми сеюмро соњиб гардид.
10. 1 НОЯБР, МАЊРУМИЯТИ ЉАВОНОНИ ТОЉИК (U-19) АЗ ЉОМИ ОСИЁ
Љавонони тољик ба мисли наврасон бозињои интихобии худро дар давлати Непал гузарониданд. Аз аввал њамааш хуб буд, онњо се бозии аввалро (Ќирѓизистон 3-0, Фаластин 3-0 ва Непал 2-1) ѓалаба намуданд. Вале баъдан оѓоз ёфт нокомї Дар даври 4-ум љавонони тољикро тими Яман бо њисоби калони 3-0 маѓлуб кардан два дар даври охирин Урдун низ моро шикаст дод, њисоб 2-0. Акнун таќдири тољикон дар дасти маќоми сеюми дигар гўрўњњо мебошад. Аз њафт гурўњ дутогї в аду бењтарин натиљаи маќоми сеюм ба даври финалї роњхат мегиранд. То њол мо умед дорем ….

Маќсудљон Иброњимов, ОВИ «ВС»

Реклама

ЊОМИД КАРИМОВ: «МААЗУРО БА «ПАРВОЗ» ЌАБУЛ НАМЕКУНАМ»

10.11.2009

— Акаи Њомид бигўед, ки кадом бозии ин даврро тамошо намудед?
— Аввалан мехоњам дар бораи тассуроти худ дар бораи футбол чанд њарф занам. Футболи Русия сол аз сол рушд ва нyмўъ карда истодааст. Футболбозони ин кишвар дар чемпионатњои Англияву Олмон хуб баромад карда истодаанд ва инчунин тими мунхабаш њам яке аз мунтахабњои пурќувваттарини љањон гардидааст. Он дастаи Русияе, ки то солњои 2006-ум вуљуд дошт баъд аз омадани мутахассиси голландї Гуус Хиддинк тамоман таѓйир ёфт. Ин буд ки даста дар чемпионати Аврупо маќоми сеюмро соњиб шуд. Инчунин ман уед дорам, ки даста ба чемпионати љањон роњхат мегирад.
Хуб мегузарем ба саволи шумо. Ин њафта ман бзињои марказии давр «Криля Советов» — «Спартак» ва ЦСКА – «Рубин»-ро тамошо намудам. Бозињо хеле хубу диданї сурат гирифтанд.
— Кадоме аз ин бозињо ба назари Шумо бењтарин буд?
— Ба назари ман бозии дуюм, яъне ЦСКА бо «Рубин». То даќиќањои 60-уми дидор бозї ба мисли дурўѓ мегузашт. Аљоиботаш дар он буд, ки тўли як соати дар майдон буда, ягон футболбоз ба дарвозаи њариф тўби ростро зада натавонист. Инчунин ќаонињо бошанд, умума ба дарвозаи Акинфеев тўб назаданд. Вале аз даќиќаи 61-ум дидор сурати худро тамоман таѓйир дод. Акнун њар ду даста њам кўшиш мекарданд, то ки голеро ба самар расонад. Бозии хуби Домингес буд, ки ќазонињо голи аввалро вориди дарвозаи Акинфеев намуданд ва голи дуюмрор ман аз иштибоњи дарвозабон мебинам.
— Ба бозии Маазу њамчун мутахассис чанд хол мегузоред?
— Умуман ин футболбоз ба майдон омаданаш лозим набуд. Ў метавонист дар даќиќаи таќрибан 65-ум баъд аз њолати хубро фароњам овардан, бояд ба Дзагоев партофт менамуд. Вале Маазу ин корро накард ва худаш зарба зад, ки рижиков дарвозаро њимоя намуд. Дар дуюмин њолат Баъд аз партофти Дзагоев њатман гол мезад, вале боз натавонист …11160002
— Сабаби партофти Дзагоевро дар чї мебинед? Ў бояд худаш мезад ва ё роњи дурустро интихоб намуд?
— Дзагоев њоло бозингари љавон аст ва њамагї 19 сол дорад. Каммањорат аст. Ў бояд худ мезад, вале намедонам ба сараш чи фикр омад, ки ў ба бозингари Нигер тўбро њаво дод. Дзагоев дар бозї бо «Манчестер Юнайтед» хуб баромад намуд, чунки ўро Аврупо тамошо мекард. Ў њам мехоњад ба мисли Жиркову Аршавину Павлюченко ба ягон топ-дастањои машњур гузарад.
— Агар бо чунин бозиаш Маазу ба дастаи «Парвоз» биёяд, ќабул мекунед?
— (Механдад). Не ман Маазуро ќабул намекунам, чунки мехоњам аз бохингарони мањаллї дастаро созам. Ба ман чї лозим чунин њамлагар, ки ба дарвозаи холї голро ворид карда натавонад.
— Акнун пурра гуфта метавонед, ки «Рубин» чемпионии Русияро ба даст даровард?
— Албатта ба пуррагї гуфта метавонам, ки чемпионии Русия бори дуюм ба шањри Ќазон меравад. Чунки дар даври оянда бо «Зенит» ва дар даври охирин бо «Кубан» ќувва меозмояд. Њељ накарда бошад, њам «Кубан»-ро маѓлуб месозад. Њоло дар Русия шањри варзишитарин Ќазон ба њисоб меравад, ки дар њама намуд, тимхои пурќувват дорад. Худ ќазоват кунед, дар баскетбол УНИКС-чоркарата дорандаи медали нуќра, дар волейбол «Зенит-Ќазон»-ду карата чемпиони Русия, дар хоккей «Ак Барс»-се карата чемпиони Русия ва инчунин як маротиба лигаи чемпионњои Арупоро соњиб шудаааст ва дар футбол «Рубин». Бо чї хел љоиза лозим аст барои як шањраки хурдакак.
— Дар бораи бозии «Локомотив» — «Амкар» чї гуфта метавонед?
— Мутаассифона bн дидорро тамошо накардам, вале натиљааш медонам. 1-0 ба фоидаи «роњиоњанчиён» ба итмом расидааст. Хуб мураббї шогирди худро маѓлуб намуд, Сёмин, ки дар ваќташ мураббии «Помир» буд, Рашид Рањимов шогирди ў мањсуб меёфт.
— Киро бењтарин футболбози давр мењисобед?
— Алихандро Домингесро.
— Дар бозии Русия – Словения кадомаш ба даври финалии Љоми љањон роњхат мегирад?
— Албатта Русия, чунки тими Русия њоло њайати хеле хуб дорад. Аршавин ва Ко дар чемпионати љањон њам ягон љои муносиберо касб мекунанд.
— Акаи Њомид барои сўњбат як љањон ташаккур.
— Саломат бошед.

Аксхои Хомид Каримов аз хазинаи «ВС»

09.11.2009

11160025111600211116001311160035

ТОЉИКЕ, КИ АМЕРИКАРО МАЃЛУБ КАРДА БУД

05.11.2009

Фатњулло Фатњуллоев, яке аз бозингарони бомањорати дастаи «Истиќлол» ва тими миллии Тољикистон мебошад. Ин њафта мехоњем дар бораи шарњи њоли ин футболбоз маълумотеро бањри шумо пешкаш намоем.


МАЪЛУМОТ

Ном ва насаб: Фатњулло Фатњуллоев
Зодрўз: 24 март 1990
Зодгоњ: Душанбе
Ќад: 178 см
Вазн: 65 кг
Тим: «Истиќлол»
Раќам: 18
Мавќеъ: Ниммуњофиз

ШАРЊИ ЊОЛ

Фатњулло Фатњуллоев 24-уми марти соли 1990 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Аз кўдакиаш орзуи футболбоз шуданро дошт ва дар ин бора чунин гуфт: «Ман аз кўдакиам орзуи футболбоз шуданро дар дил доштам. Њангоме ки ман футболњои љањониро тамошо мекардам, дар дилам ин намуди варзиш љой гирифт ва аз њамон ваќт орзуи футболбози касбї шуданро дар дил доштам». Сабаби ба футбол рў оварданашро чунин маънидод намуд: «Ман аввал дар синфи 2-юмиам ба таэквон-до машќ менамудам. Ин намуди варзишро тайи 2-3 сол омўхтам, вале баъдан чи тавре ки дар боло ќайд намудам, њамроњи бачањои кўчаамон ба футболбозї машќ карданро оѓоз намудам. Мехостам ба футболбози машњури Италия Роберто Баљо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулњои ў таълим мегирифтаму бањри иљрои он мешудам. Финтњои аљоиб дошт. Инчунин ў тањти раќами 18 баромад менамуд, ки њоло ман зери ин раќам дар њама чемпионатњо баромад менамоям. Раќами телефонам њам бо њамин раќам хотима меёбад». Пеш аз футбол ў ба намуди таэквондо машќ карда буд: «Њарчанд ки дар намуди варзиши таэквон-до машѓул будам, вале аз тамошои футбол бетараф намеистодам. Солњои 1998-1999 ман мухлиси ашаддии тими «Спартак»-и Маскав будам. Аз ин даста ба ман футболбозон ба монанди- Тихонов, Аленичев ва Титов хеле писанд буданд. Ман мехостам ба футболбози машњури Италия Роберто Баљо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулњои ў таълим мегирифтаму бањри иљрои он мешудам. Финтњои аљоиб дошт. Инчунин ў тањти раќами 18 баромад менамуд, ки њоло ман зери ин раќам дар њама чемпионатњо баромад менамоям. Раќами телефонам њам бо њамин раќам хотима меёбад».

МУРАББЇ

Аввалин мураббии Фатњулло Иззатулло Мирзоев буд, ки хеле мураббии ботаљриба аст. Мирзоев инчунин футболбози дигари шинохтаи тољик Самад Шоњзуњуровро низ таълими футбол додааст. Баъдан Фатњулло зери сармураббигии Носир Њамидов дар тими «Динамо» баромад кард. Њоло бошад, ўро дар дастаи «Истиќлол» сармураббии ботаљрибаи кишвар Салоњиддин Ѓафуров таълими футбол медињад.

ЧЕМПИОНАТИ ТОЉИКИСТОН

Аввалин маротиба соли 2004-ум дар њайати тими «Ориёно» баромад намудааст: «Дар аввалин дидор дар майдони худ бо дастаи «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров ќувва озмудем. Њарчанд ки њисоб дар ин бозї кушода нагашт, хеле љолибу диданї буд. Баъдан дар даври дуюм мо бо чемпиони мамлакат бо тими «Регар-ТадАЗ» ќувва озмудем. Вале дар ин дидор бахт ба рўи бозингарони регарињо хандид. Њисоби бозї 3:1 ба фоидаи онњо анљом ёфт. Дар мавсими аввалине, ки камина дар чемпионати Тољикистон баромад менамудам, маро њиссиёти аљибе фаро мегирифт. Ваќте ки ба бозї бо «Регар-ТадАЗ» мебаромадам, маро тарс фаро гирифта буд. Ба худ мегуфтам, ки бо Хуршед Мањмудову Одил Эргашеву Иброњим Рабимов чї гуна бозї мекарда бошам. Вале, њамааш бо хубї паси сар шуд. Онњо њам мисли мо одами муќаррарї будаанд».
Баъд аз пошхўрии тими «Ориёно» Фатњулло ба дастаи Вазораи корњои дохилии кишвар «Динамо» омад ва дар он хуб баромад кард. Дастаи «Динамо» њам пош хўрд ва Фатњулло кавл дод, ки дар хориља баромад кунад. Аз давлати Аморати Муттањидаи Арабистон даъватномагирифт, вале бо як сухани модараш ин даъватро инкор намуд: «Писарам Фатњулло, биё њамин гузаришатро ба ваќти дигар мон. Ягон дастаи худиро интихоб намо». Баъдан бо даъвати Шоњрух Саидов ў ба дастаи «Истиќлол»-и пойтахт њамроњ шуд. Њоло њам тањти раќами 18 дар онљо баромад намуда истодааст.


ДЎСТДОШТАЊО

Ба гуфтаи Фатњулло дар дунё ба мисли Криштиану Роналду бозингари бењтарин нест. Инчунин ў дар майдонњои калони Аврупо ба ин футболбоз ва дастааш «Реал» мухлисї менамояд. Хўроки Оши палав дўстдоштарин хўрокаш аст. Шиораш бошад «Њамеша ба пеш». Ранги сафедро дўст медорад ва инчунин аз кноњо силсилафилми «Фирор аз зиндон» («Побег Из Тюрьмы») маъќулаш афтодааст. Дар ваќти холигиаш аз бозињои компютерї истифода мебарак ва инчунин оњанги Муборашоро меписандад.


ЧЕМПИОНАТИ ЉАЊОН

— Тими мунтахабаи наврасони Тољикистон соли 2007-ум дар давлати Куриёи Љанубї дар даври финалии Љоми љањон иштирок намуда буданд, ки Фатњулло Фатњуллоев низ дар њайати тими љавонон аъзо буд. Ў бозии бењтарини худро дар ин мусобиќот дар даври аввал бо ИМА гузаронид. Ў дар даќиќањои охирини дидор аз масофаи дурр тўбро вориди дарвозаи америкоињо намуд ва ѓалабаи дастаашро таъмин кард (њисоб 4-3). Ў дар бораи голи худ чунин гуфта буд: «Манн ду њимоятгари њарифр гузаштам ва дидам, ки кунљи дарвозаи њариф кушода аст. Зарба задам, вале боварї надоштам, ки гол мешавад. Тўби задаи манн рост вориди дарвоза шуд». Инчунин зарбае, ки дар бозии Тунис ў зада буд, рост ба симчўби дарвоза бурхўрда боз майдон гашта буд.

Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»