Archive for the ‘1’ Category

МЕРОСИ ПАДАР ХОЊЇ, МАШЌИ ПАДАР ОМЎЗ

10.12.2009

Чанд сол пеш ситораи футболи љањон Пеле ба Сингапур рафта буд. Аз ў пурсиданд, ки ў лоињаи клоникунонии худро дастгирї мекунад? Шоњи футбол баъди каме андеша гуфт: «Љисмро-ку сохтан мумкин… Аммо аќлу идрокро чї хел љо мекунед?».
Маълум шуд, ки собиќ футболбози машњури бразилиягї њамеша дар бораи вориси арзандаи ному шўњрати хеш фикр мекард. Мутаассифона, фарзандонаш номбардори падар нашуданд. Аз панљ писараш ягонтоаш дар футбол мавќеъ наёфтанд.
Чаро дар аксар мавридњо фарзандони нобиѓањо сазовори номи падар намешаванд? Ин мавзўи бањснок бошад њам, гоњ-гоњ хушбахтона истисно низ њаст.

САДОЌАТ БА ЯК ТИМ

Дар љањон сулолаи футболбозон зиёданд, аммо на њамаи онњо бо комёбию соњибэњтиром шуданашон ифтихор карда метавонанд. Мухлисони итолиёї то имрўз оилаи Матсоларо ба некї ёд мекунанд. Валентино дар «Торино» бозї карда, капитании тими яккачини кишварро ба ўњда дошт. Ў њамагї 30 сол умр дид. То рўй додани фалокати авиатсионї дар наздикии Суперго Валентино яке аз мањбубтарин бозингарони серияи А-и футболи Италия ба њисоб мерафт.
Пас аз он ки оилаи Матсолињо ба Милан кўчиданд, писари Валентино Сандро бозингари тими «Интер» шуд. Тўли фаъолияти хеш дар ин Тим Сандро ба дарвозаи њарифон аз 100 тўб бештар зада, чор бор чемпиони Италия ва ду бор соњиби љоми љањонї гардид. Матсолаи хурдї то њол ба тими «Интер» содиќ аст. Ў мушовир оид ба интихоби бозингарони нав (селексионер) аст.
Дар наздикии Ла Скалаи Италия сулолаи Малдинињо зиндагї мекунанд, ки миёни мухлисони футбол маъруфанд. Паоло зиёда аз 20 сол садоќатмандона дар тими «Милан» бозї кардааст. Ўро чун яке аз бењтарин муњофизатчиён мешиносанд. Паоло Малдини капитании дастаро низ ба ўњда дошт. Падари Паоло Чезаре бошад, дар ваќташ яке аз бењтаринњо дар Аврупо буд. Чезаре низ дар «Милан» бозї мекард. њоло писари 13-солаи Паоло Малдини чун падару бобояш бо тўбронии олиљанобаш миёни њамсолонаш мањбубият пайдо кардааст. Тавре мегўянд «хун мекашад».


СОЯИ УЌОБ

Дар сулолаи футболбозони шоњигарии Дания Лаудрупњоро оилаи раќами 1 мењисобанд. Асосгузори сулола Фини Лаудруп борњо дар тими яккачини кишвараш бозї кардааст. Њарду писараш низ бо пайрањаи падар рафта, ниммуњофизатгар шуданд. Писари калониаш Микаэл дар «Ювентус», «Барселона» ва «Реал» бозї кард. Писари хурдї Брайан бошад, соли 1992 дар чемпионати Аврупо медали тиллоро ноил шуд. Микаэл бо сарварии тими миллї Ричард Мёллер – Нилсен љанљол кард. Брайан дар аввал бо Микоэл њамдилї изњор карду баъдан дар Шведсия маќом ёфт.
Њорди писари Йоњан Кройф бошад, њељ гоњ бозии падарашро надидааст. Мухлисони калонсол ўро дидаанд ва бозињои олиљанобашро хуб дар ёд доранд. Йоњанро, ки мураббии «Барселона» буд, баъзењо ба хешу таборчигї айбдор мекарданд. «Аз дасти писараш чизе намеояду ўро бењуда дар тим љо кардааст» — мегуфтанд. Баръакси гуфтаи онњо Њорди њам дар «Барселона» ва њам дар «Манчестер Юнайтед» бозингари шўњратёр шуда, сазовори умеди падар гардид.


ГИРДИ НОМИ ПАДАР ЧЇ МЕГАРДЇ?

Агар Пеле тўли фаъолияти варзишии худ њамеша ба дарвозабонон «дарди сар» оварда бошад, писари ў Эдино баръакс дарвозабон шуд. Эдино ба њайати асосии «Сантос» роњ ёфт. Аммо ў шўњратро дурудароз бардошта натавонист. Дар 30-солагиаш нашъаманд гардид. Баъдтар сабабгори марги мотосиклроне гашта, суд шуду сари Пелеро паст намуд.
Аз писари футболбози машњури фаронсавї Мишел Платини њам устоди футбол набаромад. Ў чанд даќиќа дар бозии хайрбодии падараш дар майдон бозї карда, бо Ринат Дасаев як ба як баромада, тўбро ба дарвоза зада натавонист. Платини баъди бозї шўхиомез гуфт: «Касе, ки ба дарвозаи Ринат тўб назада бошад, ў дар футбол аз худ нишонае намондааст». Њоло писари Платини дар курсии адвокатї нишаста, њуќуќшиноси маъруф гаштааст.

САЛОЊИДДИН ЃАФУРОВ: «БОЗИНГАРОНИ МО АЗ ЛЕГИОНЕРЊО ХУБТААНД, АГАР … »

10.12.2009

Чемпионати имсолаи мамлакат ба итмом расид ва мо тасмим гирифтем, ки аз бурду бохти дастаи «Истиќлол» аз сармураббии даста Салоњиддин Ѓафуров пурсон шаваем.

— Салом акаи Салоњиддин мехостам дар бораи баромади дастаатон дар ин мавсим чанд њарф мезадед?
— Дастаи «Истиќлол», ки имсол аввалин маротиба дар чемпионати мамлакат иштирок намуд, хеле хуб баромад кард. Ба дастаи љадид дар аввалин мавсим маќоми чорум ман чунин мењисобам, ки ин бењтарин натиља аст…

— Шумо гуфтанї њастед, ки аз бозии дастпарваронатон ќаноатмандед? Њамин тавр?

— Албатта инчунин мо Љоми Тољикистонро ба даст давровардем. Боз њаминро гуфтанї њастам, ки бо гранд-дастањои кишвар хеле хуб баромад намудем.

— Бозии бењтарини даста.
-Бозии бењтаринро ман њамаи ѓалабањои дастаамонро мепиндорам ва агар бењтарини бењтаринро дар назар дошта бошед, ман гуфтанї њастам, ки бозї бо «Вахш» буд. Мо дар бозињои Љоми Тољикистон ќўронтеппагињоро дар майдони худашон бо натиљаи 3-0 шикаст додем.

— Кадом бозингари дастаатонро бењтарин бозингари мавсим мењисобед?
— Њамаашро бењтарин мењисобам. Чунки талошу њаракатњои њама буд, ки мо чунин натиљаро нишон додем. Ман аз даруни бозингарон бењтаринашро љуё мешаваму намеёбам. Њамаи онњо дар як сатњ баромад мекунанд. Яке дар як дидор хуб бозї мекунаду дигаре дар дигараш. Онњо ба якдигар кўмак мерасонанд, то ки натиљаи дилхоњеро ба даст дароранд.

— Њоло чи наќшањо доред?
— Мехоњем дар Љоми Кирсанов (мини — футбол) иштирок намуда мавќеи аввалро соњиб шавем. Чуноне, ки соли гузашта даста бе мадади ман чемпион шуда буданд. Инчунин бо ду-се бозингар гуфтушунид намуда истодаем ва мехоњем соли оянда ќањрамони Тољикистон шавем.

— Ягон легионер оварданї нестед?
— Не! Бозингарони тољик аз легионерњо хубтар бозї мекунанд, агар шарту шароити хуб дошта бошанд. Мо ба легионерњо ниёз надорем. Он легионероне, ки ба Тољикистон меоянд, аз футболбозони худамон њам суст њунарнамої мекунанд. Маънои легионер ин нест, ки аз бозингари мањаллї суст бозї кунад, маънояш он аст, ки як сару гардан боло бошад.

МЕССИ СОЊИБИ «ТЎБИ ТИЛЛОЇ» ГАРДИД

10.12.2009

Рўзи 1-декабр дар толори «Франс Футбол» маросими љоизасупории «Тўби тиллої» — 2009 шуда гузашт. Њамлагари тими «Барселона» Леонел Месси дорандаи «Тўби тиллої» таин гардид. Ў шашумин футболбози тими каталонињо аст, ки ин љоизаро соњиб мешавад. Инчунин Месси аввалин аргентиние аст, ки љоизаи «Тўби тиллої»-ро соњиб шудааст. Барои ба даст овардани ин љоиза 30 футболбозон номзад буданд, ки инњоанд: Диде Дрогба («Челси»), Эдин Джеко («Вольфсбург»), Самюэль Это’О («Интер»), Франсеск Фабрегас («Арсенал»), Андрей Аршавин («Арсенал»), Лионел Месси («Барселона»), Криштиано Роналдо («Реал»), Карим Бензема («Реал»), Икер Касиляс («Реал»), Диего («Ювентус»), Яя Туре («Барселона»), Неманя Видич («Манчестер Юнайтед»), Давид Виля («Валенсия»), Хави («Барселона»), Фернандо Торрес («Ливерпул»), Стивен Љеррард («Ливерпуль»), Диего Форлан («Атлетико»), Райан Гиггз («Манчестер Юнайтед»), Тиерри Анри («Барселона»), Златан Иброњимович («Барселона»), Фрэнк Лэмпард («Челси»), Луис Фабиано («Севиля»), Йохан Гуркюфф («Бордо»), Андрес Инеста («Барселона»), Кака («Реал»), Жулио Сезар («Интер»), Майкон («Интер»), Франк Рибери («Бавария»), Уэйн Руни («Манчестер Юнайтед») ва Љон Терри («Челси»).
Дар маќоми дуюм нимњимоятгари дастаи «Реал» Криштиану Роналду ва маќомњои сеюм ва чорумро бозингарони «Барселона» Хави ва Иниеста мутаносибан ишѓол карданд.
Месси – аз 480 холи имконпазир 473 имтиёз ба даст овард. Роналду соњиби 223 ва Хави бошад 170 хол гирифт.
«Дар бораи чунин љоиза гирифтанам фикр њам намекардам. Ва мумкин ман яке аз фаворитњо бошам. Ња, имсол «Барселона» љоизањои бисёреро соњиб шуд. «Тўби тиллої» барои ман муњим буд. Њамаи футболбозон дар бораи ин љоизаро ба даст даровардан фикр мекунанд ва ин ба ман муяссар шуд. Акнун мавсими минбаъда хеле вазнин хоњад гузашт ва ман кўшиш мекунам, ки аз пештара њам хубтар баромад кунам. Бори дуввум ин љоизаро ба даст даровардан осон нахоњад буд», –гуфтааст Месси дар мусоњиба бо France Football.
Хотиррасон менамоем, ки ягона намояндаи Русия Андрей Аршавин бо касби 5 хол маќоми панљумро соњиб шуд.
РЎИХАТ ЧУНИН АСТ:
1. Лионел Месси («Барселона») – 473 хол.
2. Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»/«Реал») – 233.
3. Хави («Барселона») – 170.
4. Андрес Инеста («Барселона») – 149.
5. Самюэл Это’О («Барселона»/«Интер») – 75.
6. Кака («Милан»/«Реал») – 58.
7. Златан Иброњимович («Интер»/»Барселона») – 50.
8. Уэйн Руни («Манчестер Юнайтед») – 35.
9. Диде Дрогба («Челси») – 33.
10. Стивен Љеррард («Ливерпул») – 32.
11. Фернандо Торрес («Ливерпул») — 22
12. Сеск Фабрегас («Ливерпул») — 13
13. Эдин Љеко («Волфсбург») — 12
14. Райан Гиггз («Манчестер Юнайтед») — 11
15. Тиерри Анри («Барселона») — 9
16-18. Луис Фабиано («Севиля»), Неманя Видич («Манчестер Юнайтед»), Икер Касиляс («Реал») — 8
19. Диего Форлан («Атлетико») — 7
20. Йоанн Гуркюфф («Бордо») — 6
21-23. Андрей Аршавин («Арсенал»), Жулио Сезар («Интер»), Фрэнк Лэмпард («Челси») — 5
24. Майкон («Интер») — 4
25. Диего («Вердер»/»Ювентус») — 3
26-27. Давид Виля («Валенсия»), Љон Терри («Челси») — 2
28-29. Франк Рибери («Бавария»), Яя Туре («Барселона») — 1
30. Карим Бензема («Лион»/»Реал») – 0

Баъд аз анљоми маросими љоизасупорї Месси ба France Football мусоњиба анљом дод.
— Баъди оне, ки љоизаро соњиб шудед, худро чї гуна њис намудед?
— Эњсосотњои зиёд. Ин барои ман фахр аст, ки аввалин аргентиние њастам, ки љоизаро ба даст овардам.
— Шумо аз ѓалабаи худ розї њастед?
— Рости гап, ман дар ќатори фаворитњо љой доштам, вале умедам он набуд, ки ѓолиб меоям. «Барселона» мавсими гузашта хеле хуб баромад кард ва бисёр љоизањоро соњиб шуд. Ман фикр намекунам, ки соли оянда боз чунин љоизаро ба даст меорам. Дар ин маросим ман фаворити асосиро Хави мењисобидам. Вале баъд аз анљоми маросим фањмидам, ки њамдастаам маќоми сеюмро соњиб шудааст.
— Ин љоизаро ба кї мебахшед?
— Барои оилаам мебахшам. Онњо доим дар пањлўи ман њастанд ва дар рўзњои шодиву ѓамам њамроњам њастанд. Дастгирии онњо буд, ки ман ба чунин рўз расидам. Љоиза ба хотири онњо аст.
— Имсол шумо ин ќадар дар тими мунтахаби Аргентина хушбахт набудед. Дар бораи баромадани дастаатон ба Љоми љањон-2010 чї гуфта метавонед?
— Ман хаёл мекунам, ки Аргентина хуб кард, ки ба даври финалии Љоми љањон баромад. Бе Аргентина Љоми љањон ин ќадар шавќовар нест. Охирин дидор, ки дар сафар бо Уругвай дидор анљом додем, барои мо њалкунанда буд ва хуб њам шуд, ки мо ѓалабаро ба даст овардем. Ман пеш аз он њам медонистам, ки мо ба чемпионати љањон меравем.
— Акнун барои Шумо рўзњои сахт фаро мерасанд, њамин тавр нест?
— Бегуфтугў. Хеле душвор аст, ки мисли мавсими гузашта бо чунин суръати баланд њунарнамої кунам. Вале мехоњам, ки бори дуюм ин љоизаро ба даст оварам, вале хеле мушкил аст.
ДОРАНДАГОНИ «ТЎБИ ТИЛЛОЇ» ДАР ДАЊ СОЛИ ОХИР:
1999 Бразилия Ривалдо Барселона
2000 Португалия Луиш Фигу Реал Мадрид
2001 Англия Майкл Оуэн Ливерпул
2002 Бразилия Роналдо Реал Мадрид
2003 Чехия Павел Недвед Ювентус
2004 Украина Андрей Шевченко Милан
2005 Бразилия Роналдино Барселона
2006 Италия Фабио Каннаваро Реал Мадрид
2007 Бразилия Кака Милан
2008 Португалия Криштиану Роналду МЮ

Маълумот
Номи пурра: Лионел Андрес Месси
Тахаллус: Кайк, Лео
Санаи таваллуд: 24 июни 1987
Зодгоњ: Росарио, Аргентина
Шањрванди Аргентина
Ќад: 169 см
Вазн 67 кг
Мавќеъ: нимњимоятгари кунљї
Даста: Барселона
Раќам: 10

Хотиррасон менамоем, ки Лео Месси ба ќарибї бо дастаи каталонињо шартномаи навро ба имзо расонид. Тибќи шартнома Месси бояд дар даста то соли 2016-ум боќї монад ва агар ягон дастае, ки Мессиро харидорї менамояд, бояд 250 миллион евро маблаѓ сарф кунад.
Лео Месси 24 июни соли 1987 дар шањри Росариои Аргентина чашм ба олами њастї кушодааст. Месси футболбозиро аз хурдиаш оѓоз намудааст. Ў дар хурдсолї дар дастаи шањри худ дар «Нюэллз Олд Бойз» бозї мекард. Дар синни 11-солагї бо волидайнаш ба шањри Барселона муњољир мешаванд. Дар 13 солагиаш ў аллакай ба дастаи љавонони «Барселона» дохил шуда буд. Ин љавони лаёќатманд дар њар бозї мањорати хуб нишон дода, ба дарвозаи њариф ба њисоби миёна 1 тўбї ворид менамуд. Дар моњи октябри соли 2004-ум Месси аллакай дар дастаи асосї баромад мекардагї шуд. Бозии аввалинаш бо дастаи «Эспанол» буд, ки дар таърихи тими «Барселона» ин сеюмин љавонтарин футболбоз ба њисоб мерафт. Голи аввалинашро дар дастаи «Барселона» 1 майи соли 2005 ба дарвозаи «Албасете» ворид намудааст, ки он ваќт ў њамагї 18 сол дошт.
Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

ДАВРОНЉОН ТЎХТАСУНОВ:«ДОВАРОН ЗИДДИ ЧЕМПИОНИИ МО БУДАНД»

10.12.2009

Барои бо бурду бохти имсолаи Давронљон Тўхтасунов, њамлагари љавони тими «Регар-ТадАЗ» мо бо ў њамсўњбат шудем. Аз сўњбати Давронљон аниќ буд, ки ў аз кори доварони имсола розї нест. Ба гуфтаи ў доварон монеаи чемпионшавии дастаи пурќувваттарини Тољикистон гардиданд.

— Салом Давронљон дар бораи гузаронидани чемпионати имсолаи мамлакат чи гуфта метавонед?— Аввалан саломи худро ба хонандагони њафтаномаи «Варзиш-Спорт» мерасонам ва сониян бо иди Саиди Ќурбон онњоро табрик менамоям (сўњбати мо рўзи 29 ноябр сурат гирифта буд).
Дар бораи гузаронидани мавсими имсолаи футболи кишвар њаминро гуфтанї њастам, ки хеле бад буд. Ман сеюмин сол аст, ки дар лигаи олї баромад дорам, вале ягон маротиба ба ин гуна гузаронидани чемпионат рў ба рў нашуда будам. Њамаи доварон зидди чемпионшавии дастаи «Регар-ТадАЗ» буданд ва онњо намехостанд, ки мо дар дидорњо ѓалаба кунем. Аллакай дар аввалин дидор, ки дар шањри «Хуљанд» баргузор шуда буд, мо бо айби довар дар бозї маѓлуб гардидем (Дидор бо њисоби 2-0 ба фоидаи «Хуљанд» анљом ёфта буд). Њама аз бозии хуби мо дар Љоми президенти АФК огоњ аст. Мо дар онљо сахттарин дастањои Покистон ва Ќирѓизистонро маѓлуб намудем, чунки доварон дар онљо аз рўи ќоида бозиро довари мекарданд. Вале дар чемпионати кишварамон мо танњо маќоми дуюмро соњиб шудем ва ин њам бошад сабаби паст будани доварии реферињои мо буд. Инчунин дар аввалин дидори марњилаи дуюм дар шањри Ќўрѓонтеппа бозии моро доварон куштанд. Голи садфоизаи задаи моро ба инобат нагирифтанд ва инчунин дар бозї бо «Истиќлол»-ро њам доварии хуб накарданд. Ба чашми њама аён буд, ки Юсуф Рабиев дар њолати ѓайрибозї ќарор дошт, вале ёрдамчии канории довар инро надид. Аниќтараш диду чашмонашро пўшида гузашт. Боз мегўям, ки моро доварон чашми дидан надоранд.
— Хуб Давронљон биёед корњои доваронро як сў мегузорем. Кадом даста имсол хуб баромад намуд?— Дастањои «Вахш» ва «Истиќлол» дар мавсими имсола раќиби асосии тими «Регар-ТадАЗ» буданд. Ин ду дастањо бозии хуб нишон додан два «Вахш» бошад боз мегўям, ки бо ёрии доварон чемпиониро соњиб гардид. Ягона кори хатое, ки мо кардем, аниќтараш хатогии доварон карданд, ин маѓлубият дар Ќўрѓонтеппа буд. Ин ѓалаба ба «Вахш» имкон дод, то ки чемпионии мамлакатро то охир идома дињад. Инчунин ду-се даври аввал дастаи «Парвоз» хеле хуб баромад намуда истода буд. Вале аз сабаби оне, ки танќисии маблаѓ дастаро фаро гирифту бозингарони асосиаш аз даста рафтанд, он гоњ суст шуд.
— Чаро ба бењтарин дастањои имсола тими «Хуљанд»-ро дохил накардед? Охир ин дастаи маќоми сеюмро касб намуд?— Албатта даста маќоми сеюмро касб намуд. Вале ин ќадар дастаи хуб нест. Чї тавре, ки дар боло ќайд кардам дар даври аввал мо аз «Хуљанд» бо «кўмак»-и доварон маѓлуб шудем. Дар охирин дидори чемпионат бошад мо онњоро бо натиљаи 5-0 шикаст додем. Дар ин даста якчанд футболбозони бомањорат њастанд: Њабибуллоев, Бурњонов, Шарипов ва ѓайра. Намедонам аз њисоби физика ва ё ин, ки мондашавї буд, ки мо онњоро бо њисоби калон малуб сохтем.
— Бењтарин ва бадтарин бозии даста дар чемпионат.— Бењтарин бозии мо дар чемпионати имсола ин дар майдони хуб «Вахш»-и Ќурѓонтеппаро бо њисоби 3-1 шикаст додем. Ман њам дар ин дидор гарчанде дар даќиќањои 70-ум ба майдон баромада бошам, њам хуб бозї намудам. Дар ин дидор њамаи мо тамоми мањораи касбиамонро нишон додем, то ки раќиби асосии худро ба маѓлубият дучор намоем. Ва бахт ба рўи мо хандид, мо бозиро ѓалаба намудем. Бозии бадтарини мавсим ин дидор бо «Хуљанд» дар маркази вилояти Суѓд буд. Мо дар онљо бо натиљаи 2-0 шикаст хўрдем.
— Киро бењтарин бозингари мавсим мешуморед?— Бењтаринњо бисёранд, вале аз њама бењтарин ин Хуршед Мањмудов аст. Ба монанди Хуршед дар Тољикистон футболбоз нест. Инчунин бозингари тими «Истиќлол» Юсуф Рабиев њам бозии хуб нишон дорд.
— Дар бораи гузаронидан, муносибат бо раќибон, њолати майдон ва довари Љоми президенти АФК чи гуфта метавонед?
— Ваќте, ки дар Непал мо роњхатро ба даври финалии Љоми президенти АФК ба даст овардем, вазифа як буд – ба даст овардани Љом. Мо дар даври гурўњи дар Непал аввалин бозии худро ѓалаба намудем, вале дутои дигарашро бо дастањои «Непал Полис Клаб» ва ВАПДА мусовї анљом додем. Ваќте, ки фањмидем, ки даври финалї дар шањри Турсунзода мешавад, сад дар сад боварї доштем, ки Љомро ба даст медарорем. Баъди оне, ки мо аз Љоми Тољикистон ва лидерии чемпионати Тољикистон мањрум шудем, сармураббиамон Мањмадљон Њабибуллоев ба мо гуфтанд, ки ягона Љоме, ки мо имкони Буридан дорем, ин њамин Љоми президент аст ва мо бояд барои мухлисонамон бозии хуб нишон дода, Љомро ба даст орем.
Бозии аввал бо ВАПДА-и Покистон хеле пуршиддат гузашт. Дастањои Покистон ва Непал барои тими «Регар-ТадАЗ» тимњои бебарор аст. Мо онњоро ноарзанда мегирему дар охир бошад ё маѓлуб мешавем ва ё мусовї мешавад. Шумо худ дар ёд доред, ки соли 2007-ум мо дар даври финалї аз тими «Непал Полис Клаб» бо натиљаи 2-1 маѓлуб шуда будем. Хуб бармегардем ба бозии ВАПДА «Регар-ТадАЗ». Дастаи покистонињо хеле дастаи пурќувват буданд. Вазифаи онњо њам љомро ба Покистон бурдан буд. Бозии хуби капитани даста Хуршед Мањмудов ва Маъруф Рустамов буд, ки мо ѓалаба намудем. Инчунин садои њуштаку дастгирии мухлисон ба мо руњу илњоми тоза мебахшид ва њуљум мекардем. Рањмат ба мухлисонамон, ки моро дастгирї намуданд. Дар даври финали бошад мо бо њисоби 2-0 дастаи «Дордой-Динамо»-ро шикаст додем ва бори саввум Љомдори љоми президенти АФК гардидем. Баъд аз итмоми мусобиќот барои гузаронидан, майдони хуб ва муносибати нек бар раќибон аз тарафи АФК сипоснома фиристонида шуд.
— Дар ин мусобиќот киро бењтарин бозингар мењисобед?— Хуршед Мањмудовро. Ин бозингар аллакай тай иду-се соли охир аст, ки чунин унвонро мегирад.
— Кай шартномаи шумо бо «Регар-ТадАЗ» ба охир мерасад ва чи наќшањо доред?— Шартномаи ман бо тими «Регар-ТадАЗ» охири моњи декабр, яъне 31 декабр ба анљом мерасад. Њоло дар бораи наќшањоям фикр накардаам ва мумкин дар њамин тим монам.
— Аз тимњои хориљї ягон даъвате нагирифтед?— Њоло не.
— Давронљон як љањон ташаккур барои сўњбат!!!— Саломат бошед!

Сўњбаторо Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»