Архив Июль 2009

ФАРЊОД ВОСИЕВ: «ОРЗУИ БО САРАМ ГОЛ ЗАДАНРО МЕКАРДАМ»

31.07.2009

Номи пурра: Фарњод Восиев Саидљонович
Зодрўз: 14 апрели 1990
Зодгоњ: Душанбе, Тољикистон
Шањрвандї: Тољикистон
Тими миллї: Тољикистон
Мавќеъ: њимоятгар
Даста: Сатурн
Раќам: 61
Ќад: 177 см
Вазн: 66 кг
Дастпарвари: МВКН «Эверест» Душанбе

Голи Восиев бо сар ба дарвозаи Лобос

Голи Восиев бо сар ба дарвозаи Лобос


Фарњод Восиев, капитани дастаи љавонони “Сатурн” ахиран бори нахуст дар бозии дастаи асосияш дар Премйер -Лига иштирок кард. На танњо иштирок кард, балки боз … ГОЛ зад!!!

— Саломи мухлисони футболи тољикро ќабул намоед, Фарњод!
— Ман њам ба тамоми мухлисони футболи тољик салом мерасонам.
— Аввалан Шуморо бо голи дебютии худ табрик мекунем.
— Њазор ташаккур барои табрикот.
— Кай огањ шудед, ки Шумо дар њайати асосї аз аввали дидор ба майдон меоед?
— Ду рўз пеш дар тамринњо мураббї Андрей Лвович ба ман гуфт ки дар бозї бо «Криля Советов» аз аввали бозї ба майдон меоям. Боз ў чунин гуфт: «Ин шонс аст барои ту».
— Аз бозии дебютии худ чї таассурот бардоштед?
— Хеле хуб, дебюти олиљаноб ва задани гол. Фикр мекунам, ки њоло ман љавон њастам ва маро дар оянда боз чунин бозињои хотирмон интизор аст.
— Пас аз дидор Шуморо ягон кас аз Тољикистон бо воситаи телефон табрик намуд?
— Зангњои телефонї хеле зиёд буданд, вале мутаассифона, ман ба ягонтои онњо љавоб дода натавонистам.
— Оё голи задаатон ба худи Шумо писанд афтод?
— Албатта, голи хеле зебо вориди дарвозаи Лобос гардид. Инчунин њаминро гуфтаниам, ки њама ваќт ман орзуи бо сарам гол заданро мекардам. Хушбахтона, имрўз ин орзуи ман љомаи амал пўшид. Боз њаминро ќайд карданам лозим аст, ки дар тамринњои пеш аз оѓози дидор бо сар задани тўбро машќ мекардам. Фикр мекунам, ки ин машќњоям боиси амалї гардидани орзуям шуд.
— Њамон ваќте ки Шумо гол зада будед, дар баъзе расонањо номи Шумо не, балки муаллифи голро Дмитрий Кириченко ном мебурданд. Аз ин огоњ будед?
— Не, огоњ набудам, инро аввалин маротиба ман аз Шумо мешунавам. Вале голро худи ман задаам.
— Оё Кириченко њангоми гол задани Шумо дар пешатон буд, магар ки ин расонањо хато карданд?
— Ња, Дмитрий дар паси ман меистод. Эњтимол расонањо аз њамин сабаб хато карда бошанд.
— Дар бораи голи худатон наќл мекардед.
— Ваќте ки зарбаи љаримавиро ба љаримагоњи њариф таин намуданд, ба он љо рафтам. Зарбаи љаримавиро Дмитрий Лосков ба љаримагоњ дод, ман аввалин шуда бо сарам тўбро вориди дарвозаи самарагињо намудам ва барои пешвозгирии голам ба назди Лосков давидам. Дар он лањза мисли ман одами хушбахттарин дар дунё вуљуд надошт.
— Дар аввали дидор сармураббї ба Шумо чї вазифа дода буд?
— Ба камина ягон вазифа надода буд, вале ман худ вазифаи худро медонистам. Фикр мекунам, ки Гордеев ба ман боварї намуда ба майдон баровард ва ман боварии ўро барои исбот намцудам.
— Сабаби иваз шудани шумо?
— Њис намудам, ки хеле монда шудаам ва тамоми 90 даќиќа баромад карда наметавонам. Њамин буд, ки дар даќиќаи 71-ум маро њамдастаи тими љавонониам Александр Сапета иваз намуд.

Восиев ва Кириченко

Восиев ва Кириченко


— Баъди бози Гордеев ба Шумо чи гуфт?
— «Шонси худро бомуваффаќият анљом додї. Ояндаи ту дурахшон аст. Бисёртар барои сайќал додани мањорати худ кўшиш намо. Њамааш хуб мешавад», — гуфт мураббї ба ман.
— Шумо пурра гуфта метавонед дар даври оянда, ки дастаи «Зенит»-ро дар майдони худ ќабул мекунед, дар њайати асосї ба майдон меоед?
— Не, ман дар ин бора ягон чиз гуфта наметавонам. Њамааш аз сармураббї вобаста аст. Ў метавонад маро ба њайати асосї шомил намуда, аз аввали дидор ба майдон орад. Ў инчунин метавонад, ки маро дар даври оянда умуман ба майдон даъват накунад.
— Чаро дар ваќти мураббигии Рёбер ба њайати асосї омада натавонистед?
— Чунки Рёбер ба футболбозони љавон боварї надошт. Фикр мекунам, ки ин кори ў хато буд, чунки њар як бозингари сатњи байналмилалї аз љавониаш вориди футболи калон гардад дар оянда метавонад яке аз футболбозони бењтарин шавад. Гордеев мисли Рёбер нест, чунки ў ба њамаи футболбозонаш як хел нигоњ мекунад. Хоњ ў љавон бошаду хоњ ў калонсол. Њамин муносибати хуби ў буд, ки дар њафт даври охир дастаи мо ба дарвозаи њариф 10 голро ворид сохта, њамагї аз дарвозаи худ 1 голро берун баровардааст. Њангоми сармураббигии Рёбер футболбозони мо дар њафт дидор баромад намуда, 5 голро вориди тўри њариф намуда аз дарвозаи худ 18 голро берун намуда буданд.
— Ба ѓайр аз Шумо боз кадом футболбози њайати дуюми «Сатурн» ба њайати якум баромад?
— Агар ба синну сол гирем, то 19-солањо ман як худам, вале Александр Сапета, ки дар дидор бо «Криля Советов» маро иваз намуда буд, пештар аз ман ба њайати якум шомил гардидааст ва гол њам вориди дарвозаи њариф намудааст. Ў аз ман як сол калон, 20-сола аст.
— Дар оянда чї наќшањо доред?
— Кўшиш мекунам, ки бозии хуб нишон дињам ва ба боварии сармураббии даста Гордеев сазовор гардам.
Гордеев ба Восиев миннатдори баён менамояд

Гордеев ба Восиев миннатдори баён менамояд


— Барои сўњбат як љањон ташаккур, Фарњод.
— Ба Шумо њам ташаккур, ки маро дастгирї менамоед.

МОДАРИ ФАРЊОД ЊАЛИМА АБДУЛЛОЕВА :
«Ман аз дўстони Фарњод фањмидам, ки писари ман гол задааст. Онњо ин хушхабарро аз тариќи Интернет дарёфт намудаанд. Хеле хурсанд гаштам ва дарњол баъд аз анљоми бозии Фарњод ба ў занг задам. Писарам гуфт, ки апа њоло ман дар даруни наќлиёт њастам, баъд фароям худам занг мезанам. Њаминро боз гуфтаниам, ки ў маро апа гуфта мурољиат мекунад. Баъдан ў занг заду, пас аз ањволпурсї гуфт, ки аз телевизион имшаб бозиашонро намоиш медињанд. Бозиро аз шабакаи Русия тамошо намудем. Пас аз голи Фарњод аз хурсандї ва фахр дилам дар њаяљон буд. Ба худ беист мегуфтам — «Писари ман гол зад».
Ман мухлиси футбол њастам. Ба дастаи писаронам «Сатурн» ва «Истиќлол» (чи тавре огањї доред, писари дигари Њалима апа Дилшод Восиев дар дастаи «Истиќлол»-и пойтахт баромад мекунад, «ВС».) мухлисї мекунам»

Реклама

Марҳилаи нахусти «Парвоз» (Ҷамъбаст)

30.07.2009

Агар хамин хайъат мебуд ...

Агар хамин хайъат мебуд ...

Дурахшонтарин саҳифаи марҳилаи аввали «Парвоз» пирӯзии олиҷанобаш бар «Истиқлол» буд.

Аммо, дар маҷмӯъ, фикр намекунам, ки мухлисонаш аз «Парвоз» розӣ бошанд. Ҷойи панҷум пас аз марҳилаи аввал бо чаҳор холи камтар аз дастаи ҷойи чаҳорум…бо чунин натиҷа дастаиноҳияи Бобоҷон Ғафуров орзуи ягоне аз медалҳоро метавонад накунад. Дуруст аст, ки аксар бозигарони хуби порсолааш рафтанд, аммо нигаҳдошти Анвар Норқулов ва Ҷомихон Муҳиддинов барои Тоҳир Нурматов ба ҳар ҳол муваффақият буд. Ин марҳила ҳамчунин исмҳоеро чун Асадулло Бобоҷонов зоҳир кард. Асадулло феълан беҳтарин голзани дастааш мебошад.

Натиҷаҳо:

    «Энергетик» 1-2 «Парвоз» (Абдусамад Ҳоҷибоев (ду гол)
    «Парвоз» 0-0 «Гвардия»
    ССКА «Помир» 1:3 «Парвоз» (Анвар Норқулов, Ҷомихон Муҳиддинов, Асадулло Бобоҷонов)
    «Равшан» 1-1 «Парвоз» (Сӯҳроб Эгамбердиев)
    «Парвоз» 1-1 «Регар» ТадАЗ (Асадулло Бобоҷонов)
    «Спитамен» 0:0 «Парвоз»
    «Парвоз» 4:1 «Истиқлол» (автогол, Анвар Норқулов, Руслан Раҳматов, Асадулло Бобоҷонов)
    Вахш» 2:0 «Парвоз»
    «Парвоз» 1:3 «Хуҷанд» (Асадулло Бобоҷонов)

Голзанҳо:

    Асадулло Бобоҷонов -4
    Абдусамад Ҳоҷибоев -2
    Анвар Норқулов – 2
    Ҷомихон Муҳиддинов – 1
    Сӯҳроб Эгамбердиев – 1
    Руслан Раҳматов – 1
    Автогол – 1

Беҳтарин бозигар:

    Капитан Анвар Норқулов. Капитани ҳамзамон мунтахаби Тоҷикистон сутуни даста мебошад ва чеҳраҳои ҷавон ва то ҳол ноошнои «Парвоз» ҳамакнун дар бари капитан шонси давидан пайдо кардаанд.

Омор:

    9 бозӣ, 3 пирӯзӣ, 4 мусовӣ ва 2 нокомӣ. Таносӯби тӯбҳо 12-10.

Марҳилаи дуввум:

    Меҳмониҳои «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» барояш осон нахоҳад буд.

http://footballtj.wordpress.com

Голи Хакимов галабаи «Регар-ТадАЗ»-ро таъмин накард

29.07.2009

Собик футболбози дастаи «Парвоз» Мансур Хакимов, ки рузи гузашта дар бозии «Регар-ТадАЗ» ва «Локомотив» дар дакикаи 68-ум ба майдон омада буд, голи дебютии худро дар хайати турсунзодагхо вориди тури хариф сохт.
Ба Мансур хамаги 20 дакика бас буд, ки у голи дуюми дастаашро вориди дарвозаи Маскавчиён намояд. Яъне дар дакикаи 88-ум баъд аз иштибохи дарвозабони «Локомотив» Киселев Мансур туби зебоеро ворид сохт. Ин бозии дебютии Мансур Хакимов др хайати турсунзодагихо буд, ки бо голи задааш мухлисонашро шод сохт. Хисоби охири бози 2:2 анчом ёфт.

Вундеркинди 17-сола дар тими «Парвоз»

28.07.2009

Довуди Зувудї, яке бозингарони љавонтарини даста буда, аз тими дуюм барои гузаронида машќњои дастаљамъи ба тими асосї даъват карда шуд. Ва худ бубинед, дар дидори нахустинаш дар њайати тими асосї Довуд ба дарвозаи њариф голро ворид сохт. Чї тавре, ки сармураббии даста Њомид Каримов гуфт, ин футболбози љавон аз шањри Чкалов буда, ояндаи дурахшон ўро интизор аст. Хамчунин њаминро ќайд намуд, ки Довуд пеш аз ин дар дастаи дуюми «Равшан»-и Кўлоб баромад менамуду соли гузашта ба тими Бобољон Ѓафуров гузаштааст.

«Варзиш-Спорт» (Бахши точики)