ЌУРЪАПАРТОИИ ЧЕМПИОНАТИ ЉАЊОН – 2010. КАКА, РОНАЛДУ ВА ДРОГБА ДАР «ГУРЎЊИ МАРГ»

Ахиран бегоњии рўзи 4-уми декабр дар шањри Кейптауни Љумњурии Африќои Љанубї ќуръапартої барои муайян намудани мавќеи дастањо дар гурўњњояшон, ки ба Љоми љањон — 2010 роњхат гирифтанд, баргузор гардид.
Ќуръакашї дар байни 32 даста сурат гирифт. Њарчанд Ирландия талаби онро дошт, ки њамчун дастаи 33-юм дар ин мусобиќот иштирок кунад, вале талаби ў ба назар гирифта нашуд.
Бояд ќайд намоем, ки дар ќуръапартоии имсола аз 32 даста, 19 тояш дар чемпионати гузаштаи љањон (2006) иштирок намуда буданд ва аз онњо 13 тои дигараш дастањои «нав» мебошанд. (Дастаи нав гуфта он тимњоеро дар назар дорем, ки дар чемпионати Љањон дар соли 2006 иштирок надоштанд, аммо имсол бошад баъд аз чандин солњо иштирок доранд). Дастањои «нав» дар гурўњи А: Љумњурии Африќои Љанубї ва Уругвай, дар гурўњи В: Нигерия ва Юнон, дар гурўњи С: Алљазоир ва Словения, дар гурўњи Д: нест, дар гурўњи Е: Дания, Камерун, дар гурўњи F: Зеландияи Нав ва Словакия, дар гурўњи G: Кореяи Шимолї ва дар гурўњи Н: Гондурас ва Чили мебошанд. Дар байни гурўњњо аз Осиё њамагї 3 давлат: Кореяи Љанубї, Љопон, ва Кореяи Шимолї иштирок менамоянд.

Гурўњи А: ЮАР, Мексика, Уругвай, Фаронса;
Гурўњи В: Аргентина, Нигерия, Кореяи љанубї, Юнон;
Гурўњи C: Англия, США, Алљазоир, Словения;
Гурўњи D: Германия, Австралия, Сербия, Гана;
Гурўњи E: Нидерландия, Дания, Япония, Камерун;
Гурўњи F: Италия, Парагвай, Новая Зеландия, Словакия;
Гурўњи G: Бразилия, Кореяи Шимолї, Кот-д’Ивуар, Португалия;
Гурўњи H: Испания, Швейтсария, Гондурас, Чили.

ГУРЎЊИ А
Сараввал ќуръакашї барои соњибони майдон дастаи ЉАЉ бомуваффаќ оѓоз шуд. Аз ду сабади аввала ба ин даста Мексика ва Уругвай ѓалтиданд. Вале дар охир гурўњи А-ро собиќ чемпиони љањон – дастаи Фаронса пур намуд. Тавре маълум аст, роњхатро ба ин мусобиќаи љањонї фаронсавињо бо «дасти бобарори» Анри соњиб гардиданд.
ГУРЎЊИ В
Дар гурўњи В бошад, фаворит дастаи Аргентина дониста мешавад. Бояд ќайд намуд, ки ин даста дар бозињои интихоби базўр аз гурўњаш баромада буд. Вале бояд фаромўш накунем, ки дастаи Юнон соли 2004 ѓайричашмдошт чемпиони Аврупо гардида буд. Тимњои Нигерия ва Кореяи Љанубї низ мехоњанд боз барои «ашрофони» футбол «сюрприз» ташкил намоянд.
ГУРЎЊИ С
Аммо «душман»-и Русия, яъне тими Словения дар гурўњи С ѓалтид. Ягона дастаи пурќувват дар гурўњи С ин тими Англия мебошад. Агар Русия аз ин мусобиќот мањрум намегардид, шояд якљоя бо Англия ба сабќати навбатї роњхат мегирифт. Вале нашуд ки нашуд.
ГУРЎЊИ Д
Ба назар чунин мересад, ки ягона гурўњи пурќувват дар байни дастањо ин гурўњи Д мебошад. Се дастаи аввала дар ин гурўњ аз ќитъаи Аврупо њастанд ва ягона тими Гана намояндаи ќитъаи Африќо аст. Дар ин гурўњ дастаи Сербия ягона дастаест, ки умуман дар Чемпионати Љањон иштирок накардааст.
ГУРЎЊИ Е
Голландия ва Камерун дар гурўњи Е нисбатан дастањои пурќувватанд. Аммо тимњои миллии Дания ва Љопон дастањое мебошанд, ки аз онњо њама чизро интизор шудан мумкин аст.
ГУРЎЊИ F
Аммо бахти Чемпиони њозираи љањон –Италия омад кард. Дар ин ќуръакашї дар гурўњи F, ки Италия низ дар он аст, дастањои Парагвай, Зеландияи нав ва Словакия ѓалтиданд, ки таљрибаи на он ќадар бой дар Чемпионати љањонро доранд. Словакия низ мисли Сербия умуман дар Чемпионати љањон иштирок накардааст.
ГУРЎЊИ G
Баъзе нафарон гурўњи G-ро «гурўњи марг» меноманд. Чунки ин гурўњ аз дастањои: Бразилияи машњур бо Кака, Португалия бо Криштиану Роналду, Кот-д’Ивуар бо Диде Дрогба иборатанд, ки аз ин бозингарон њамватанонашон умеди зиёд доранд. Дар ин гурўњ чемпиони чандинкаратаи љањон дастаи Бразилия бењтарин дониста мешавад ва баъзењо ба чемпион шудани Бразилия њам бешубња њарф мезананд. Дар байни 32 даста аз њама зиёд, яъне 19 маротиба Баразилия дар Чемпионати љањон иштирок намудааст.
ГУРЎЊИ Н
Ва дар охир гурўњи Н аст. Дар ин гурўњ бурд бурди Испанињо гардид. Испанињое, ки Чемпиони Аврупо гардида буданд. Њарифони онњо ду дастаи «нав»: Гондурас ва Чили мебошанд. Тими мунтахаби Гондурас, низ кайњост, ки дар Чемпионати љањон иштирок накарда буд ва охирон баромадаш соли 1982 буд. Тими Швейтсария низ он ќадар пурќувват ба њисоб намеравад.
Бояд ќайд намуд, ки Чемпионати љањон — 2010 дар Африќои Љанубї аз 11 июн то 11 июл баргузор мегардад.

Чанд варзишгарон ва мураббињо фикру аќидаи худро оид ба ин ќуръапартої баён доштанд.

Диего Марадона, сармурабии тими мунтахаби Аргентина:— Дар Чемпионати љањон ягон раќиби суст вуљуд надорад. Вале ман ба бозингарони худ боварї дорам. Мо мекўшем ва исбот мекунем, ки ба чї ќодир њастем ва инро соли оянда хоњед дид.

Ян Дюритса, њимоятгари тими мунтахаби Словакия:— Дастаи мо имконияти хуби аз гурўњаш баромаданро дорад. Чунки бозии аввал бо Зеландияи нав аст ва ин даста он ќадар таљрибаи бой надорад. Бозии дуввум бо Парагвай аст. Бозии ин Парагвай бозии Чилиро ба хотир меорад, ки чанде пеш бо он бозї доштем ва аз из хотир бо ин хел даста таљрибаи бозї дорем. Аммо бо тими Италия камтар душворї пеш меояд, ки аз ин њам абромадан мумкин аст.

Љон Терри, њимоятгари тими миллии Англия:— Мо бо њамроњии Фрэнк Лэмпард, Љо Коул ва Эшли Коул ќуръапартоиро дар Манчестер тамошо кардем. Он хело шавќовар буд. Моро дар пеш бозињои љолиб интизор аст. Вале дастаи мо бо Алљазоир боре њам бозї накардааст. Дастаи Алљазоир дар ин чемпионат ба воситаи тими Миср ѓалтид. Ба фикри ман њамааш аз якум бозї вобаста аст» — гуфт Љон Терри.

Шумо њам њуќуќи интихобро доред ва дастаи худро дастгирї намоед.

Хуршед ФОЗИЛОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: