МЕССИ СОЊИБИ «ТЎБИ ТИЛЛОЇ» ГАРДИД

Рўзи 1-декабр дар толори «Франс Футбол» маросими љоизасупории «Тўби тиллої» — 2009 шуда гузашт. Њамлагари тими «Барселона» Леонел Месси дорандаи «Тўби тиллої» таин гардид. Ў шашумин футболбози тими каталонињо аст, ки ин љоизаро соњиб мешавад. Инчунин Месси аввалин аргентиние аст, ки љоизаи «Тўби тиллої»-ро соњиб шудааст. Барои ба даст овардани ин љоиза 30 футболбозон номзад буданд, ки инњоанд: Диде Дрогба («Челси»), Эдин Джеко («Вольфсбург»), Самюэль Это’О («Интер»), Франсеск Фабрегас («Арсенал»), Андрей Аршавин («Арсенал»), Лионел Месси («Барселона»), Криштиано Роналдо («Реал»), Карим Бензема («Реал»), Икер Касиляс («Реал»), Диего («Ювентус»), Яя Туре («Барселона»), Неманя Видич («Манчестер Юнайтед»), Давид Виля («Валенсия»), Хави («Барселона»), Фернандо Торрес («Ливерпул»), Стивен Љеррард («Ливерпуль»), Диего Форлан («Атлетико»), Райан Гиггз («Манчестер Юнайтед»), Тиерри Анри («Барселона»), Златан Иброњимович («Барселона»), Фрэнк Лэмпард («Челси»), Луис Фабиано («Севиля»), Йохан Гуркюфф («Бордо»), Андрес Инеста («Барселона»), Кака («Реал»), Жулио Сезар («Интер»), Майкон («Интер»), Франк Рибери («Бавария»), Уэйн Руни («Манчестер Юнайтед») ва Љон Терри («Челси»).
Дар маќоми дуюм нимњимоятгари дастаи «Реал» Криштиану Роналду ва маќомњои сеюм ва чорумро бозингарони «Барселона» Хави ва Иниеста мутаносибан ишѓол карданд.
Месси – аз 480 холи имконпазир 473 имтиёз ба даст овард. Роналду соњиби 223 ва Хави бошад 170 хол гирифт.
«Дар бораи чунин љоиза гирифтанам фикр њам намекардам. Ва мумкин ман яке аз фаворитњо бошам. Ња, имсол «Барселона» љоизањои бисёреро соњиб шуд. «Тўби тиллої» барои ман муњим буд. Њамаи футболбозон дар бораи ин љоизаро ба даст даровардан фикр мекунанд ва ин ба ман муяссар шуд. Акнун мавсими минбаъда хеле вазнин хоњад гузашт ва ман кўшиш мекунам, ки аз пештара њам хубтар баромад кунам. Бори дуввум ин љоизаро ба даст даровардан осон нахоњад буд», –гуфтааст Месси дар мусоњиба бо France Football.
Хотиррасон менамоем, ки ягона намояндаи Русия Андрей Аршавин бо касби 5 хол маќоми панљумро соњиб шуд.
РЎИХАТ ЧУНИН АСТ:
1. Лионел Месси («Барселона») – 473 хол.
2. Криштиану Роналду («Манчестер Юнайтед»/«Реал») – 233.
3. Хави («Барселона») – 170.
4. Андрес Инеста («Барселона») – 149.
5. Самюэл Это’О («Барселона»/«Интер») – 75.
6. Кака («Милан»/«Реал») – 58.
7. Златан Иброњимович («Интер»/»Барселона») – 50.
8. Уэйн Руни («Манчестер Юнайтед») – 35.
9. Диде Дрогба («Челси») – 33.
10. Стивен Љеррард («Ливерпул») – 32.
11. Фернандо Торрес («Ливерпул») — 22
12. Сеск Фабрегас («Ливерпул») — 13
13. Эдин Љеко («Волфсбург») — 12
14. Райан Гиггз («Манчестер Юнайтед») — 11
15. Тиерри Анри («Барселона») — 9
16-18. Луис Фабиано («Севиля»), Неманя Видич («Манчестер Юнайтед»), Икер Касиляс («Реал») — 8
19. Диего Форлан («Атлетико») — 7
20. Йоанн Гуркюфф («Бордо») — 6
21-23. Андрей Аршавин («Арсенал»), Жулио Сезар («Интер»), Фрэнк Лэмпард («Челси») — 5
24. Майкон («Интер») — 4
25. Диего («Вердер»/»Ювентус») — 3
26-27. Давид Виля («Валенсия»), Љон Терри («Челси») — 2
28-29. Франк Рибери («Бавария»), Яя Туре («Барселона») — 1
30. Карим Бензема («Лион»/»Реал») – 0

Баъд аз анљоми маросими љоизасупорї Месси ба France Football мусоњиба анљом дод.
— Баъди оне, ки љоизаро соњиб шудед, худро чї гуна њис намудед?
— Эњсосотњои зиёд. Ин барои ман фахр аст, ки аввалин аргентиние њастам, ки љоизаро ба даст овардам.
— Шумо аз ѓалабаи худ розї њастед?
— Рости гап, ман дар ќатори фаворитњо љой доштам, вале умедам он набуд, ки ѓолиб меоям. «Барселона» мавсими гузашта хеле хуб баромад кард ва бисёр љоизањоро соњиб шуд. Ман фикр намекунам, ки соли оянда боз чунин љоизаро ба даст меорам. Дар ин маросим ман фаворити асосиро Хави мењисобидам. Вале баъд аз анљоми маросим фањмидам, ки њамдастаам маќоми сеюмро соњиб шудааст.
— Ин љоизаро ба кї мебахшед?
— Барои оилаам мебахшам. Онњо доим дар пањлўи ман њастанд ва дар рўзњои шодиву ѓамам њамроњам њастанд. Дастгирии онњо буд, ки ман ба чунин рўз расидам. Љоиза ба хотири онњо аст.
— Имсол шумо ин ќадар дар тими мунтахаби Аргентина хушбахт набудед. Дар бораи баромадани дастаатон ба Љоми љањон-2010 чї гуфта метавонед?
— Ман хаёл мекунам, ки Аргентина хуб кард, ки ба даври финалии Љоми љањон баромад. Бе Аргентина Љоми љањон ин ќадар шавќовар нест. Охирин дидор, ки дар сафар бо Уругвай дидор анљом додем, барои мо њалкунанда буд ва хуб њам шуд, ки мо ѓалабаро ба даст овардем. Ман пеш аз он њам медонистам, ки мо ба чемпионати љањон меравем.
— Акнун барои Шумо рўзњои сахт фаро мерасанд, њамин тавр нест?
— Бегуфтугў. Хеле душвор аст, ки мисли мавсими гузашта бо чунин суръати баланд њунарнамої кунам. Вале мехоњам, ки бори дуюм ин љоизаро ба даст оварам, вале хеле мушкил аст.
ДОРАНДАГОНИ «ТЎБИ ТИЛЛОЇ» ДАР ДАЊ СОЛИ ОХИР:
1999 Бразилия Ривалдо Барселона
2000 Португалия Луиш Фигу Реал Мадрид
2001 Англия Майкл Оуэн Ливерпул
2002 Бразилия Роналдо Реал Мадрид
2003 Чехия Павел Недвед Ювентус
2004 Украина Андрей Шевченко Милан
2005 Бразилия Роналдино Барселона
2006 Италия Фабио Каннаваро Реал Мадрид
2007 Бразилия Кака Милан
2008 Португалия Криштиану Роналду МЮ

Маълумот
Номи пурра: Лионел Андрес Месси
Тахаллус: Кайк, Лео
Санаи таваллуд: 24 июни 1987
Зодгоњ: Росарио, Аргентина
Шањрванди Аргентина
Ќад: 169 см
Вазн 67 кг
Мавќеъ: нимњимоятгари кунљї
Даста: Барселона
Раќам: 10

Хотиррасон менамоем, ки Лео Месси ба ќарибї бо дастаи каталонињо шартномаи навро ба имзо расонид. Тибќи шартнома Месси бояд дар даста то соли 2016-ум боќї монад ва агар ягон дастае, ки Мессиро харидорї менамояд, бояд 250 миллион евро маблаѓ сарф кунад.
Лео Месси 24 июни соли 1987 дар шањри Росариои Аргентина чашм ба олами њастї кушодааст. Месси футболбозиро аз хурдиаш оѓоз намудааст. Ў дар хурдсолї дар дастаи шањри худ дар «Нюэллз Олд Бойз» бозї мекард. Дар синни 11-солагї бо волидайнаш ба шањри Барселона муњољир мешаванд. Дар 13 солагиаш ў аллакай ба дастаи љавонони «Барселона» дохил шуда буд. Ин љавони лаёќатманд дар њар бозї мањорати хуб нишон дода, ба дарвозаи њариф ба њисоби миёна 1 тўбї ворид менамуд. Дар моњи октябри соли 2004-ум Месси аллакай дар дастаи асосї баромад мекардагї шуд. Бозии аввалинаш бо дастаи «Эспанол» буд, ки дар таърихи тими «Барселона» ин сеюмин љавонтарин футболбоз ба њисоб мерафт. Голи аввалинашро дар дастаи «Барселона» 1 майи соли 2005 ба дарвозаи «Албасете» ворид намудааст, ки он ваќт ў њамагї 18 сол дошт.
Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: