МЕРОСИ ПАДАР ХОЊЇ, МАШЌИ ПАДАР ОМЎЗ

Чанд сол пеш ситораи футболи љањон Пеле ба Сингапур рафта буд. Аз ў пурсиданд, ки ў лоињаи клоникунонии худро дастгирї мекунад? Шоњи футбол баъди каме андеша гуфт: «Љисмро-ку сохтан мумкин… Аммо аќлу идрокро чї хел љо мекунед?».
Маълум шуд, ки собиќ футболбози машњури бразилиягї њамеша дар бораи вориси арзандаи ному шўњрати хеш фикр мекард. Мутаассифона, фарзандонаш номбардори падар нашуданд. Аз панљ писараш ягонтоаш дар футбол мавќеъ наёфтанд.
Чаро дар аксар мавридњо фарзандони нобиѓањо сазовори номи падар намешаванд? Ин мавзўи бањснок бошад њам, гоњ-гоњ хушбахтона истисно низ њаст.

САДОЌАТ БА ЯК ТИМ

Дар љањон сулолаи футболбозон зиёданд, аммо на њамаи онњо бо комёбию соњибэњтиром шуданашон ифтихор карда метавонанд. Мухлисони итолиёї то имрўз оилаи Матсоларо ба некї ёд мекунанд. Валентино дар «Торино» бозї карда, капитании тими яккачини кишварро ба ўњда дошт. Ў њамагї 30 сол умр дид. То рўй додани фалокати авиатсионї дар наздикии Суперго Валентино яке аз мањбубтарин бозингарони серияи А-и футболи Италия ба њисоб мерафт.
Пас аз он ки оилаи Матсолињо ба Милан кўчиданд, писари Валентино Сандро бозингари тими «Интер» шуд. Тўли фаъолияти хеш дар ин Тим Сандро ба дарвозаи њарифон аз 100 тўб бештар зада, чор бор чемпиони Италия ва ду бор соњиби љоми љањонї гардид. Матсолаи хурдї то њол ба тими «Интер» содиќ аст. Ў мушовир оид ба интихоби бозингарони нав (селексионер) аст.
Дар наздикии Ла Скалаи Италия сулолаи Малдинињо зиндагї мекунанд, ки миёни мухлисони футбол маъруфанд. Паоло зиёда аз 20 сол садоќатмандона дар тими «Милан» бозї кардааст. Ўро чун яке аз бењтарин муњофизатчиён мешиносанд. Паоло Малдини капитании дастаро низ ба ўњда дошт. Падари Паоло Чезаре бошад, дар ваќташ яке аз бењтаринњо дар Аврупо буд. Чезаре низ дар «Милан» бозї мекард. њоло писари 13-солаи Паоло Малдини чун падару бобояш бо тўбронии олиљанобаш миёни њамсолонаш мањбубият пайдо кардааст. Тавре мегўянд «хун мекашад».


СОЯИ УЌОБ

Дар сулолаи футболбозони шоњигарии Дания Лаудрупњоро оилаи раќами 1 мењисобанд. Асосгузори сулола Фини Лаудруп борњо дар тими яккачини кишвараш бозї кардааст. Њарду писараш низ бо пайрањаи падар рафта, ниммуњофизатгар шуданд. Писари калониаш Микаэл дар «Ювентус», «Барселона» ва «Реал» бозї кард. Писари хурдї Брайан бошад, соли 1992 дар чемпионати Аврупо медали тиллоро ноил шуд. Микаэл бо сарварии тими миллї Ричард Мёллер – Нилсен љанљол кард. Брайан дар аввал бо Микоэл њамдилї изњор карду баъдан дар Шведсия маќом ёфт.
Њорди писари Йоњан Кройф бошад, њељ гоњ бозии падарашро надидааст. Мухлисони калонсол ўро дидаанд ва бозињои олиљанобашро хуб дар ёд доранд. Йоњанро, ки мураббии «Барселона» буд, баъзењо ба хешу таборчигї айбдор мекарданд. «Аз дасти писараш чизе намеояду ўро бењуда дар тим љо кардааст» — мегуфтанд. Баръакси гуфтаи онњо Њорди њам дар «Барселона» ва њам дар «Манчестер Юнайтед» бозингари шўњратёр шуда, сазовори умеди падар гардид.


ГИРДИ НОМИ ПАДАР ЧЇ МЕГАРДЇ?

Агар Пеле тўли фаъолияти варзишии худ њамеша ба дарвозабонон «дарди сар» оварда бошад, писари ў Эдино баръакс дарвозабон шуд. Эдино ба њайати асосии «Сантос» роњ ёфт. Аммо ў шўњратро дурудароз бардошта натавонист. Дар 30-солагиаш нашъаманд гардид. Баъдтар сабабгори марги мотосиклроне гашта, суд шуду сари Пелеро паст намуд.
Аз писари футболбози машњури фаронсавї Мишел Платини њам устоди футбол набаромад. Ў чанд даќиќа дар бозии хайрбодии падараш дар майдон бозї карда, бо Ринат Дасаев як ба як баромада, тўбро ба дарвоза зада натавонист. Платини баъди бозї шўхиомез гуфт: «Касе, ки ба дарвозаи Ринат тўб назада бошад, ў дар футбол аз худ нишонае намондааст». Њоло писари Платини дар курсии адвокатї нишаста, њуќуќшиноси маъруф гаштааст.

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: