ДАВРОНЉОН ТЎХТАСУНОВ:«ДОВАРОН ЗИДДИ ЧЕМПИОНИИ МО БУДАНД»

Барои бо бурду бохти имсолаи Давронљон Тўхтасунов, њамлагари љавони тими «Регар-ТадАЗ» мо бо ў њамсўњбат шудем. Аз сўњбати Давронљон аниќ буд, ки ў аз кори доварони имсола розї нест. Ба гуфтаи ў доварон монеаи чемпионшавии дастаи пурќувваттарини Тољикистон гардиданд.

— Салом Давронљон дар бораи гузаронидани чемпионати имсолаи мамлакат чи гуфта метавонед?— Аввалан саломи худро ба хонандагони њафтаномаи «Варзиш-Спорт» мерасонам ва сониян бо иди Саиди Ќурбон онњоро табрик менамоям (сўњбати мо рўзи 29 ноябр сурат гирифта буд).
Дар бораи гузаронидани мавсими имсолаи футболи кишвар њаминро гуфтанї њастам, ки хеле бад буд. Ман сеюмин сол аст, ки дар лигаи олї баромад дорам, вале ягон маротиба ба ин гуна гузаронидани чемпионат рў ба рў нашуда будам. Њамаи доварон зидди чемпионшавии дастаи «Регар-ТадАЗ» буданд ва онњо намехостанд, ки мо дар дидорњо ѓалаба кунем. Аллакай дар аввалин дидор, ки дар шањри «Хуљанд» баргузор шуда буд, мо бо айби довар дар бозї маѓлуб гардидем (Дидор бо њисоби 2-0 ба фоидаи «Хуљанд» анљом ёфта буд). Њама аз бозии хуби мо дар Љоми президенти АФК огоњ аст. Мо дар онљо сахттарин дастањои Покистон ва Ќирѓизистонро маѓлуб намудем, чунки доварон дар онљо аз рўи ќоида бозиро довари мекарданд. Вале дар чемпионати кишварамон мо танњо маќоми дуюмро соњиб шудем ва ин њам бошад сабаби паст будани доварии реферињои мо буд. Инчунин дар аввалин дидори марњилаи дуюм дар шањри Ќўрѓонтеппа бозии моро доварон куштанд. Голи садфоизаи задаи моро ба инобат нагирифтанд ва инчунин дар бозї бо «Истиќлол»-ро њам доварии хуб накарданд. Ба чашми њама аён буд, ки Юсуф Рабиев дар њолати ѓайрибозї ќарор дошт, вале ёрдамчии канории довар инро надид. Аниќтараш диду чашмонашро пўшида гузашт. Боз мегўям, ки моро доварон чашми дидан надоранд.
— Хуб Давронљон биёед корњои доваронро як сў мегузорем. Кадом даста имсол хуб баромад намуд?— Дастањои «Вахш» ва «Истиќлол» дар мавсими имсола раќиби асосии тими «Регар-ТадАЗ» буданд. Ин ду дастањо бозии хуб нишон додан два «Вахш» бошад боз мегўям, ки бо ёрии доварон чемпиониро соњиб гардид. Ягона кори хатое, ки мо кардем, аниќтараш хатогии доварон карданд, ин маѓлубият дар Ќўрѓонтеппа буд. Ин ѓалаба ба «Вахш» имкон дод, то ки чемпионии мамлакатро то охир идома дињад. Инчунин ду-се даври аввал дастаи «Парвоз» хеле хуб баромад намуда истода буд. Вале аз сабаби оне, ки танќисии маблаѓ дастаро фаро гирифту бозингарони асосиаш аз даста рафтанд, он гоњ суст шуд.
— Чаро ба бењтарин дастањои имсола тими «Хуљанд»-ро дохил накардед? Охир ин дастаи маќоми сеюмро касб намуд?— Албатта даста маќоми сеюмро касб намуд. Вале ин ќадар дастаи хуб нест. Чї тавре, ки дар боло ќайд кардам дар даври аввал мо аз «Хуљанд» бо «кўмак»-и доварон маѓлуб шудем. Дар охирин дидори чемпионат бошад мо онњоро бо натиљаи 5-0 шикаст додем. Дар ин даста якчанд футболбозони бомањорат њастанд: Њабибуллоев, Бурњонов, Шарипов ва ѓайра. Намедонам аз њисоби физика ва ё ин, ки мондашавї буд, ки мо онњоро бо њисоби калон малуб сохтем.
— Бењтарин ва бадтарин бозии даста дар чемпионат.— Бењтарин бозии мо дар чемпионати имсола ин дар майдони хуб «Вахш»-и Ќурѓонтеппаро бо њисоби 3-1 шикаст додем. Ман њам дар ин дидор гарчанде дар даќиќањои 70-ум ба майдон баромада бошам, њам хуб бозї намудам. Дар ин дидор њамаи мо тамоми мањораи касбиамонро нишон додем, то ки раќиби асосии худро ба маѓлубият дучор намоем. Ва бахт ба рўи мо хандид, мо бозиро ѓалаба намудем. Бозии бадтарини мавсим ин дидор бо «Хуљанд» дар маркази вилояти Суѓд буд. Мо дар онљо бо натиљаи 2-0 шикаст хўрдем.
— Киро бењтарин бозингари мавсим мешуморед?— Бењтаринњо бисёранд, вале аз њама бењтарин ин Хуршед Мањмудов аст. Ба монанди Хуршед дар Тољикистон футболбоз нест. Инчунин бозингари тими «Истиќлол» Юсуф Рабиев њам бозии хуб нишон дорд.
— Дар бораи гузаронидан, муносибат бо раќибон, њолати майдон ва довари Љоми президенти АФК чи гуфта метавонед?
— Ваќте, ки дар Непал мо роњхатро ба даври финалии Љоми президенти АФК ба даст овардем, вазифа як буд – ба даст овардани Љом. Мо дар даври гурўњи дар Непал аввалин бозии худро ѓалаба намудем, вале дутои дигарашро бо дастањои «Непал Полис Клаб» ва ВАПДА мусовї анљом додем. Ваќте, ки фањмидем, ки даври финалї дар шањри Турсунзода мешавад, сад дар сад боварї доштем, ки Љомро ба даст медарорем. Баъди оне, ки мо аз Љоми Тољикистон ва лидерии чемпионати Тољикистон мањрум шудем, сармураббиамон Мањмадљон Њабибуллоев ба мо гуфтанд, ки ягона Љоме, ки мо имкони Буридан дорем, ин њамин Љоми президент аст ва мо бояд барои мухлисонамон бозии хуб нишон дода, Љомро ба даст орем.
Бозии аввал бо ВАПДА-и Покистон хеле пуршиддат гузашт. Дастањои Покистон ва Непал барои тими «Регар-ТадАЗ» тимњои бебарор аст. Мо онњоро ноарзанда мегирему дар охир бошад ё маѓлуб мешавем ва ё мусовї мешавад. Шумо худ дар ёд доред, ки соли 2007-ум мо дар даври финалї аз тими «Непал Полис Клаб» бо натиљаи 2-1 маѓлуб шуда будем. Хуб бармегардем ба бозии ВАПДА «Регар-ТадАЗ». Дастаи покистонињо хеле дастаи пурќувват буданд. Вазифаи онњо њам љомро ба Покистон бурдан буд. Бозии хуби капитани даста Хуршед Мањмудов ва Маъруф Рустамов буд, ки мо ѓалаба намудем. Инчунин садои њуштаку дастгирии мухлисон ба мо руњу илњоми тоза мебахшид ва њуљум мекардем. Рањмат ба мухлисонамон, ки моро дастгирї намуданд. Дар даври финали бошад мо бо њисоби 2-0 дастаи «Дордой-Динамо»-ро шикаст додем ва бори саввум Љомдори љоми президенти АФК гардидем. Баъд аз итмоми мусобиќот барои гузаронидан, майдони хуб ва муносибати нек бар раќибон аз тарафи АФК сипоснома фиристонида шуд.
— Дар ин мусобиќот киро бењтарин бозингар мењисобед?— Хуршед Мањмудовро. Ин бозингар аллакай тай иду-се соли охир аст, ки чунин унвонро мегирад.
— Кай шартномаи шумо бо «Регар-ТадАЗ» ба охир мерасад ва чи наќшањо доред?— Шартномаи ман бо тими «Регар-ТадАЗ» охири моњи декабр, яъне 31 декабр ба анљом мерасад. Њоло дар бораи наќшањоям фикр накардаам ва мумкин дар њамин тим монам.
— Аз тимњои хориљї ягон даъвате нагирифтед?— Њоло не.
— Давронљон як љањон ташаккур барои сўњбат!!!— Саломат бошед!

Сўњбаторо Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

1 Comment »

  1. […] Сўҳбаторо Мақсудҷон ИБРОҲИМОВ, ОВИ «ВС». Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз» […]


RSS Feed for this entry

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: