ЊОМИД КАРИМОВ: «МААЗУРО БА «ПАРВОЗ» ЌАБУЛ НАМЕКУНАМ»

— Акаи Њомид бигўед, ки кадом бозии ин даврро тамошо намудед?
— Аввалан мехоњам дар бораи тассуроти худ дар бораи футбол чанд њарф занам. Футболи Русия сол аз сол рушд ва нyмўъ карда истодааст. Футболбозони ин кишвар дар чемпионатњои Англияву Олмон хуб баромад карда истодаанд ва инчунин тими мунхабаш њам яке аз мунтахабњои пурќувваттарини љањон гардидааст. Он дастаи Русияе, ки то солњои 2006-ум вуљуд дошт баъд аз омадани мутахассиси голландї Гуус Хиддинк тамоман таѓйир ёфт. Ин буд ки даста дар чемпионати Аврупо маќоми сеюмро соњиб шуд. Инчунин ман уед дорам, ки даста ба чемпионати љањон роњхат мегирад.
Хуб мегузарем ба саволи шумо. Ин њафта ман бзињои марказии давр «Криля Советов» — «Спартак» ва ЦСКА – «Рубин»-ро тамошо намудам. Бозињо хеле хубу диданї сурат гирифтанд.
— Кадоме аз ин бозињо ба назари Шумо бењтарин буд?
— Ба назари ман бозии дуюм, яъне ЦСКА бо «Рубин». То даќиќањои 60-уми дидор бозї ба мисли дурўѓ мегузашт. Аљоиботаш дар он буд, ки тўли як соати дар майдон буда, ягон футболбоз ба дарвозаи њариф тўби ростро зада натавонист. Инчунин ќаонињо бошанд, умума ба дарвозаи Акинфеев тўб назаданд. Вале аз даќиќаи 61-ум дидор сурати худро тамоман таѓйир дод. Акнун њар ду даста њам кўшиш мекарданд, то ки голеро ба самар расонад. Бозии хуби Домингес буд, ки ќазонињо голи аввалро вориди дарвозаи Акинфеев намуданд ва голи дуюмрор ман аз иштибоњи дарвозабон мебинам.
— Ба бозии Маазу њамчун мутахассис чанд хол мегузоред?
— Умуман ин футболбоз ба майдон омаданаш лозим набуд. Ў метавонист дар даќиќаи таќрибан 65-ум баъд аз њолати хубро фароњам овардан, бояд ба Дзагоев партофт менамуд. Вале Маазу ин корро накард ва худаш зарба зад, ки рижиков дарвозаро њимоя намуд. Дар дуюмин њолат Баъд аз партофти Дзагоев њатман гол мезад, вале боз натавонист …11160002
— Сабаби партофти Дзагоевро дар чї мебинед? Ў бояд худаш мезад ва ё роњи дурустро интихоб намуд?
— Дзагоев њоло бозингари љавон аст ва њамагї 19 сол дорад. Каммањорат аст. Ў бояд худ мезад, вале намедонам ба сараш чи фикр омад, ки ў ба бозингари Нигер тўбро њаво дод. Дзагоев дар бозї бо «Манчестер Юнайтед» хуб баромад намуд, чунки ўро Аврупо тамошо мекард. Ў њам мехоњад ба мисли Жиркову Аршавину Павлюченко ба ягон топ-дастањои машњур гузарад.
— Агар бо чунин бозиаш Маазу ба дастаи «Парвоз» биёяд, ќабул мекунед?
— (Механдад). Не ман Маазуро ќабул намекунам, чунки мехоњам аз бохингарони мањаллї дастаро созам. Ба ман чї лозим чунин њамлагар, ки ба дарвозаи холї голро ворид карда натавонад.
— Акнун пурра гуфта метавонед, ки «Рубин» чемпионии Русияро ба даст даровард?
— Албатта ба пуррагї гуфта метавонам, ки чемпионии Русия бори дуюм ба шањри Ќазон меравад. Чунки дар даври оянда бо «Зенит» ва дар даври охирин бо «Кубан» ќувва меозмояд. Њељ накарда бошад, њам «Кубан»-ро маѓлуб месозад. Њоло дар Русия шањри варзишитарин Ќазон ба њисоб меравад, ки дар њама намуд, тимхои пурќувват дорад. Худ ќазоват кунед, дар баскетбол УНИКС-чоркарата дорандаи медали нуќра, дар волейбол «Зенит-Ќазон»-ду карата чемпиони Русия, дар хоккей «Ак Барс»-се карата чемпиони Русия ва инчунин як маротиба лигаи чемпионњои Арупоро соњиб шудаааст ва дар футбол «Рубин». Бо чї хел љоиза лозим аст барои як шањраки хурдакак.
— Дар бораи бозии «Локомотив» — «Амкар» чї гуфта метавонед?
— Мутаассифона bн дидорро тамошо накардам, вале натиљааш медонам. 1-0 ба фоидаи «роњиоњанчиён» ба итмом расидааст. Хуб мураббї шогирди худро маѓлуб намуд, Сёмин, ки дар ваќташ мураббии «Помир» буд, Рашид Рањимов шогирди ў мањсуб меёфт.
— Киро бењтарин футболбози давр мењисобед?
— Алихандро Домингесро.
— Дар бозии Русия – Словения кадомаш ба даври финалии Љоми љањон роњхат мегирад?
— Албатта Русия, чунки тими Русия њоло њайати хеле хуб дорад. Аршавин ва Ко дар чемпионати љањон њам ягон љои муносиберо касб мекунанд.
— Акаи Њомид барои сўњбат як љањон ташаккур.
— Саломат бошед.

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: