ТОЉИКЕ, КИ АМЕРИКАРО МАЃЛУБ КАРДА БУД

Фатњулло Фатњуллоев, яке аз бозингарони бомањорати дастаи «Истиќлол» ва тими миллии Тољикистон мебошад. Ин њафта мехоњем дар бораи шарњи њоли ин футболбоз маълумотеро бањри шумо пешкаш намоем.


МАЪЛУМОТ

Ном ва насаб: Фатњулло Фатњуллоев
Зодрўз: 24 март 1990
Зодгоњ: Душанбе
Ќад: 178 см
Вазн: 65 кг
Тим: «Истиќлол»
Раќам: 18
Мавќеъ: Ниммуњофиз

ШАРЊИ ЊОЛ

Фатњулло Фатњуллоев 24-уми марти соли 1990 дар шањри Душанбе таваллуд шудааст. Аз кўдакиаш орзуи футболбоз шуданро дошт ва дар ин бора чунин гуфт: «Ман аз кўдакиам орзуи футболбоз шуданро дар дил доштам. Њангоме ки ман футболњои љањониро тамошо мекардам, дар дилам ин намуди варзиш љой гирифт ва аз њамон ваќт орзуи футболбози касбї шуданро дар дил доштам». Сабаби ба футбол рў оварданашро чунин маънидод намуд: «Ман аввал дар синфи 2-юмиам ба таэквон-до машќ менамудам. Ин намуди варзишро тайи 2-3 сол омўхтам, вале баъдан чи тавре ки дар боло ќайд намудам, њамроњи бачањои кўчаамон ба футболбозї машќ карданро оѓоз намудам. Мехостам ба футболбози машњури Италия Роберто Баљо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулњои ў таълим мегирифтаму бањри иљрои он мешудам. Финтњои аљоиб дошт. Инчунин ў тањти раќами 18 баромад менамуд, ки њоло ман зери ин раќам дар њама чемпионатњо баромад менамоям. Раќами телефонам њам бо њамин раќам хотима меёбад». Пеш аз футбол ў ба намуди таэквондо машќ карда буд: «Њарчанд ки дар намуди варзиши таэквон-до машѓул будам, вале аз тамошои футбол бетараф намеистодам. Солњои 1998-1999 ман мухлиси ашаддии тими «Спартак»-и Маскав будам. Аз ин даста ба ман футболбозон ба монанди- Тихонов, Аленичев ва Титов хеле писанд буданд. Ман мехостам ба футболбози машњури Италия Роберто Баљо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулњои ў таълим мегирифтаму бањри иљрои он мешудам. Финтњои аљоиб дошт. Инчунин ў тањти раќами 18 баромад менамуд, ки њоло ман зери ин раќам дар њама чемпионатњо баромад менамоям. Раќами телефонам њам бо њамин раќам хотима меёбад».

МУРАББЇ

Аввалин мураббии Фатњулло Иззатулло Мирзоев буд, ки хеле мураббии ботаљриба аст. Мирзоев инчунин футболбози дигари шинохтаи тољик Самад Шоњзуњуровро низ таълими футбол додааст. Баъдан Фатњулло зери сармураббигии Носир Њамидов дар тими «Динамо» баромад кард. Њоло бошад, ўро дар дастаи «Истиќлол» сармураббии ботаљрибаи кишвар Салоњиддин Ѓафуров таълими футбол медињад.

ЧЕМПИОНАТИ ТОЉИКИСТОН

Аввалин маротиба соли 2004-ум дар њайати тими «Ориёно» баромад намудааст: «Дар аввалин дидор дар майдони худ бо дастаи «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров ќувва озмудем. Њарчанд ки њисоб дар ин бозї кушода нагашт, хеле љолибу диданї буд. Баъдан дар даври дуюм мо бо чемпиони мамлакат бо тими «Регар-ТадАЗ» ќувва озмудем. Вале дар ин дидор бахт ба рўи бозингарони регарињо хандид. Њисоби бозї 3:1 ба фоидаи онњо анљом ёфт. Дар мавсими аввалине, ки камина дар чемпионати Тољикистон баромад менамудам, маро њиссиёти аљибе фаро мегирифт. Ваќте ки ба бозї бо «Регар-ТадАЗ» мебаромадам, маро тарс фаро гирифта буд. Ба худ мегуфтам, ки бо Хуршед Мањмудову Одил Эргашеву Иброњим Рабимов чї гуна бозї мекарда бошам. Вале, њамааш бо хубї паси сар шуд. Онњо њам мисли мо одами муќаррарї будаанд».
Баъд аз пошхўрии тими «Ориёно» Фатњулло ба дастаи Вазораи корњои дохилии кишвар «Динамо» омад ва дар он хуб баромад кард. Дастаи «Динамо» њам пош хўрд ва Фатњулло кавл дод, ки дар хориља баромад кунад. Аз давлати Аморати Муттањидаи Арабистон даъватномагирифт, вале бо як сухани модараш ин даъватро инкор намуд: «Писарам Фатњулло, биё њамин гузаришатро ба ваќти дигар мон. Ягон дастаи худиро интихоб намо». Баъдан бо даъвати Шоњрух Саидов ў ба дастаи «Истиќлол»-и пойтахт њамроњ шуд. Њоло њам тањти раќами 18 дар онљо баромад намуда истодааст.


ДЎСТДОШТАЊО

Ба гуфтаи Фатњулло дар дунё ба мисли Криштиану Роналду бозингари бењтарин нест. Инчунин ў дар майдонњои калони Аврупо ба ин футболбоз ва дастааш «Реал» мухлисї менамояд. Хўроки Оши палав дўстдоштарин хўрокаш аст. Шиораш бошад «Њамеша ба пеш». Ранги сафедро дўст медорад ва инчунин аз кноњо силсилафилми «Фирор аз зиндон» («Побег Из Тюрьмы») маъќулаш афтодааст. Дар ваќти холигиаш аз бозињои компютерї истифода мебарак ва инчунин оњанги Муборашоро меписандад.


ЧЕМПИОНАТИ ЉАЊОН

— Тими мунтахабаи наврасони Тољикистон соли 2007-ум дар давлати Куриёи Љанубї дар даври финалии Љоми љањон иштирок намуда буданд, ки Фатњулло Фатњуллоев низ дар њайати тими љавонон аъзо буд. Ў бозии бењтарини худро дар ин мусобиќот дар даври аввал бо ИМА гузаронид. Ў дар даќиќањои охирини дидор аз масофаи дурр тўбро вориди дарвозаи америкоињо намуд ва ѓалабаи дастаашро таъмин кард (њисоб 4-3). Ў дар бораи голи худ чунин гуфта буд: «Манн ду њимоятгари њарифр гузаштам ва дидам, ки кунљи дарвозаи њариф кушода аст. Зарба задам, вале боварї надоштам, ки гол мешавад. Тўби задаи манн рост вориди дарвоза шуд». Инчунин зарбае, ки дар бозии Тунис ў зада буд, рост ба симчўби дарвоза бурхўрда боз майдон гашта буд.

Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

1 Comment »

  1. […] Мақсудҷон ИБРОҲИМОВ, ОВИ «ВС». Бознашр аз «Фан-Клуби «Парвоз» […]


RSS Feed for this entry

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: