МАСЪУД РАЊИМОВ: «Фарзандам футболбоз мешавад, вале на дар Точикистон»

Капитани тими «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров Масъуд Рањимов рўзи 25-уми октябр соњиби писарчаи дўстрўяк гардид ва ба ин муносибат «Фанклуби Парвоз» сўњбате дошт бо ин футболбоз.

Ном ва насаб Масъуд Рањимов
Зодрўз 21.03.1980
Тим Парвоз
Њамсар Заррина
Соњиби ду писар: Иброњимљон 2,5 сола ва дуюмаш нав як њафтаина


— Акаи Масъуд шуморо бо таваллуди фарзандатон табрик мегўем.

— Ташаккури бепоён барои табрикот. Ин дуюмин фарзанди ман аст ва њардуи онњ њам писар мебошанд. Писари аввалинан Иброњимљон ном дорад ва 2,5 сола аст.
— Писари дуюматонро чї номгузорї хоњед кард?
— Мехоњам Пўлодљон ва ё ин, ки Исмоилљон номгузорї намоям.
— Сабаб дар чист?
— Чунки бобокалонам Пўлодљон њам дар њамин рўз таваллуд шудаанд ва он кас пешнињод доранд, ки номи кўдакро Пўлодљон гузорем. Инчунин барои ман Исмоилљон маъќул мебошад, чунки бо Иброњимљон ќариб њамном мешавад.
— Ваќте, ки аввалин бор падар шуда будед худро чї гуна эњсос намуда будед?
— Ваќте, ки ман аввалин маротиба шунидам, ки соњиби фарзанд шудааам, бовар кунед ба ѓайр аз ман дар он рўз шахси хушбахтарин дар дунё вуљуд надошт.
— Орзуи писардор ва ё духтардор …
— Њамон ваќт ба ман фарќ надошт, ки фарзанди аввалини ман Писар мешавад ва ё духтар муњим он буд, ки Худованди бахшандаву мењрубон ба ман фарзанд ато кард.
— Ваќте аввалинаш писар шуд, дуюмаш духтар шуданро орзу мекардед?
— Ба Худо такя мекардам. Хоњ писар ва ё хоњ духтар ба ман фарќ надошт. Чї тавре, ки дар боло гуфтам муњим фарзанд аст. Ва ин фарзанд доди Худованд мебошад.
— Худо ба Шумо ду писар дод, кадомашро мехоњед ба футболбоз шуданаш иљозат дињед?
— Аввалан ба онњо тани сињатрохоњонам ва баъдан то синни 6-7 солагиашон нигоњ мекунам. Агар кадоме аз онњо ба роњи ман рафтанро хоњанд камина монеае намешавам. Бигзор њардуяш њам футболбоз шавад, вале на дар Тољикистон. Мехоњам дар Русия машќи футбол омўзанд, вале ба тими мунтахаби Тољикистон баромад намоянд.
— Хуб биёед ду се савоб оиди њамсаратон, њамсаратон чї кораанд?
— Њамсари ман Заррина, муаллимаи Донишгоњи Давлатии шањри Хуљанд мебошанд. Он кас дар ин донишгоњ аз фанни фалсафа дарс медиханд.
— Бо њамсаратон чї гуна шинос шуда будед?
— Бо њамсарам ман дар Донишгоњи Давлатии шањри Хуљанд шинос шудаам ва ба пеши ў рафта аввалан китоб пурсида будам. Ва он кас гуфта буданд, ки ба шумо ин китоб чї даркор аст. Чї тавре, ки гуфтаанд, китоб бањона шуду ман њамсари ояндаи худро дида будам..
— Хислати њамсаратон ба шумо писанд аст?
— Хеле зављаи мењрубон. Одати хуб дорад. Поквиљдон аст. Тозагиро меписандад ва доимо ростќавлу ростгуфтор мебошад. Инчунин ваъдахилоф нест.
— Тўйи шумо кай доир гардида буд ва дар олн маросим кадом сароянда њофизи намуда буд?
— Тўйи мо 1-августи соли 2006 доир гардида буд ва дар он оњангњои сарояндаи гурўњи «Фариз» Икром Исломї танинандоз гашта буд. Аз њофизон ва аз тўйи худ ќаноатманд гардида будам.
— Оё баъди тўй њамроњи њамсаратон ба «моњи асалї» рафта будед?
— Ман рафта будаму њамсарам не (механдад). Њангоми тамринњо дастаи моро ба Маскав бурда буданд ва зављаам ба ман гуфта буд, ки маро њам ба Маскав гирифта баред. Вале ман шўхиомез гуфта будам, ки ман ба сайругашт нарафта истодаам.
— Оё ягон маротиба шудааст, ки зављаатон монеаи корї шумо, яъне футболбозии шумо шуда бошад?
— Не! Зављаи ман њамаваќт дар њама њолат маро дастгир аст ва ба ман инчунин маслињатњои худро медињад. Ў то омадани ман маро бесаброна дар хона интизор мешавад.
— Ягон маротиба зављаатон барои тамошои футболи Шумо ба варзишгоњ рафтааст?
— Мутаассифона не. Вале њангоми нав хонадор шуданамон ман ўро ба варзишгоњ бурда будам. Дар он ваќт дастаи дуюми «Парвоз» бозї дошт. Он кас варзишгоњро тамошо намуда, чунин гуфта буданд: «Варзишгоњи зебо. Инчунин дар назди фурудгоњ. Дорои њамаи шароитњо будааст. Ба ман инљо писанд омад». Вале мутаассифона аз сабаби кори зиёд доштан он кас дигар ба варзишгоњ омада наметавонанд. То бегоњ аз пайи донишомўзонии донишљўён ва бегоњ кору бори хона.
— Чї орзуњо доред?
— Орзу дорам, ки њамроњи тими «Парвоз» чемпиони Тољикистон гардам ва инчунин мехоњам шарафи Тољикистонро хуб њимоя кунам.
Аз ки миннатдор њастед?
— Аз президенти клуби футболии «Парвоз» Ахмедов Бањодур Ахмедович ва сармураббиамон Њомид Каримов миннатдор њастам. Онњо ба мо чунин шароитњоро фароњам овардаанд.
— Акаи Масъуд барои сўњбат як љањон ташаккур.
— Саломат бошед.

Реклама

1 Comment »


RSS Feed for this entry

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: