ЮРИЙ ЖИРКОВ. АЗ ТАМБОВ ТО БА ЛОНДОН

Дастаи «Челси» барои хуб анљом ёфтани ин трансфер ба нимњимоятгари ЦСКА Юрий Жирков 18 миллион фунти худро сарф намуданд. Овардани Жирковро ба дастаи англисњо собиќ сармураббии даста, Гуус Хиддинк тавсия дода буд. Футболбози рус акнун бо «Челси» ба муддати чор сол шартномаро ба имзо расонид.

Номи пурра Юрий Валентинович Жирков
Зодрўз 20 августи 1983
зодгоњ Тамбов, СССР
Шањрвандї Россия
Ќад 178 см
Вазн 70 кг
Мавќеъ Нимњимоятгари канори чап
Маълумот дар бораи даста
Даста Челси
Раќам 18

Хангоми бозии Русия-Голландия 3-1

Хангоми бозии Русия-Голландия 3-1

ТАРЉУМАИ ЊОЛ

Юрий Валентинович Жирков дар Тамбов, ки 430 мил (1 мил баробар ба 1609,344 метр) аз тарафи љанубу шарќии Маскав санаи 20 августи соли 1983 таваллуд шудааст. Падари ў коргари тањљояи завод буд ва модараш хаткашон. Оила иборат аз шаш фарзанд дар хонаи якњуљрагї зиндагї менамуданд ва Юрий то поси шаб дар кўчањо њамроњи дигар кўдакон аз пушти як тўб кашола буд.
Дар солњои кўдакиаш Юраро аз њисоби каммањорат буданаш ба як мусобиќаи наврасона роњ надоданд. Сенздањсола кўдак ўро зада аз мусобиќоти кўдакона пеш намуда буд ва ў бо гиря роњи хонаро пеш гирифт. Баъдан Жирков орзуи касби танкистиро мекард ва мехост, ки мисли дигар шермардони миллат танкист гардад.
RTEmagicC___sbornaja__txdam12027_7a8c8b.jpg
«СПАРТАК»-И ТАМБОВ

Дар соли 2001-ум Юрий њайати дастаи «Спартак»-и Тамбовро пурра сохта буд. Дар он љо ў маоши ночизеро ба даст меовард ва дар 74 дидор 26 голро ба самар расонидааст. Инчунин барои ёрї расонидан ба оила Жирков дар як мусобиќаи колхозї баромад менамуд, ки барои ѓолиб мањсулотњои хољагии ќишлоќ тўњфа дода мешуд. Тобистони соли 2001-ум ў ба њайати асосии дастаи «Спартак меборояд ва бозии дебютиаро 22 августи соли 2001 гузаронид, ки дар даќиќаи 88-уми ьбозї бо дастаи «Локомотив»-и шањри Калуж ба майдон баромад. Дар ин мавсим ў њамагї ду маротиба ва љамъан чор даќиќа ба майдони бозї баромаду халос. Аввалин голашро Жирков 25 июни соли 2002-юм ююба дарвозаи КФ «Медик» дар даќиќаи дуюм ворид месозад ва дар њамон бозї аввалин дубли худро ќайд мекунад. Голи дуюмашро дар даќиќаи 67-ум аз љаримаи 11-метра вориди тўри дарвозаи њариф намуда буд. Дар мавсими 2003-юм ў љамъан ба дарвозањои раќиб 0 голро дар 19 дидор ба самар мерасонад. 25 сентябри соли 2003-юм ў ба дарвозаи «Искра»-и Энгелс чор гол ба самар расонида буд. Ин аввалин покери бозингарони тими «Спартак» дар чемпионати Русия ба њисоб мерафт. Инчунин ў дар ин мавсим дар љоизаи бењтарин нишонзан маќоми дуюмро касб мекунад. Ва љамъан ў дар минтаќаи «Марказї»-и дивизиони дуюми Русия дар мам буд. pictureДар њамон сол, яъне дар соли 2003-юм дар Љоми Умед иштирок карда, бењтарин бозингар таин мешавад. Зимистони њамон сол аз якчанд дастањои премер-лигаи Русия пешнињодњо мегирад, ки дар байни онњо чунин даста буданд: «Кубан», «Сатурн», «Амкар», «Шинник», «Сокол» ва «Торпедо». Вале, Жирков ягонтои ин дастањоро ќабул намекунад ва худ барои гузаштан ба дастаи «Спартак»-и Маскав меравад, аммо ўро собиќ сармураббии њамонваќтаи «Спартак» Олег Романсев ўро рад менамояд. Баъдан ў барои гузариш ба дастањои «Локомотив»-и Маскав ва «Арсенал»-и Киев меравад, вале боз љавобї инкориро мешунавад. Дар миёнавњои моњи декабри соли 2003-юм бо дастаи ЦСКА шартнома мебандад.

ЦСКА
Дар њайати тими ЦСКА ў дар Љоми Иттињод баромад менамояд. Ў бозии дебютии худро бо дастаи «Гомел»-и Белоруссия мегузаронад ва дар даќиќаи 70-ум аз тарафи мураббї иваз карда мешавад. Бозї бо натиљаи 2:2 хотима ёфта буд. Дар бозии дуюм ба майдон омада тамоми 90-даќиќа, дар дидор бо «Пахтакор»-и ўзбакњо бозї мекунад. Дидор бо њисоби 2:1 ба фоидаи «њарбиён» анљом меёбад. Дар охирин бозии гурўњи дастаи Жирков бо тими барои мухлисони футболи тољик шинос ва худї, бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шањри Турсунзода бозї мекунад ва бо њисоби 2:1 дастаи кишвар маѓлуб мешаванд. Вале дар даври чорякфиналї аз тими «Сконто» бо натиљаи 1:0 шикаст мехўранд. 1171565551b
Дар бозињои асосї дидори дебютии худро 7 марти соли 2004-ум гузаронид, ки дар он ваќт бозии суперљоми Русия байни ЦСКА ва «Спартак» шуда мегузашт .Бозї бо натиљаи 3:1 ба фоидаи њарбиён анљом ёфтап буд, ик дар ин дидор тамоми 90 даќиќа баромад намуд.
Жирков њамлагари канории хуб буд ва зарбањои олиљаноб дошт. Алалхусус бо пои чапи худ хеле зарбањои сахти нишонрасро ба сўи дарвоза равон мекард. Суръати тез ва дриблинги хуб дорад. Инчунин дар мавќеи муњофизї низ хуб баромад менамояд. Юрий бозии бењтарини худро дар дидорњои ѓолибиятии ЦСКА дар Љоми УЕФА – 2004/2005 гузаронидааст. Умуман дар њайати њарбиён Жирков 215 дидор гузаронида 24 голро ба самар расонидааст.
Голи ў ба дарвозаи «Гамбург» (2:3) дар Лигаи чемпионњои мавсими 2005-2006, ки аз маркази майдон чанд нафарро фиреб дода зада буд, яке аз бењтарин гол дар таърихи мусобиќот шинохта шудааст.
Дар љамъбасти соли 2008-ум, ки нашриёти «Спорт-экспресс» пурсишнома гузаронида буд, Жирков бењтарин футболбози Премер-лига таин гардид.
Жирков ду маротиба ѓолиби чемпионати Русия, се маротиба дорандаи Љоми Русия ва як маротиба Љоми УЕФА гардидааст. Дар моњи январ Жирков бо дастаи ЦСКА шартномаи навро ба имзо расонида буд, ки њамроњи додараш Николай то 2011-ум сол бояд баромад менамуд.
Дар моњи феврали соли 2008-ум Жирков оиладор шуд. Њамсари ин футболбоз Инна ном дорад. Онњо њоло якљоя ба тарбия намудани фарзандашон Дмитрий банд њастанд, ки моњи сентябри соли гузашта чашм ба олами њастї кушода буд. Жирков дар он њолат чунон банд буд, ки ба зани њомиладораш назар намояд. Чунки ў барои тайёрї ба бозињои Љоми Аврупо дар Туркия банд буд.
Аз замоне, ки дар њайати асосии тими миллии Русия баромад менамояд, 31 дидор гузаронида то њол шањди голро начашидааст. Аввалин дидорашро Жирков 9 феврали соли 2005 гузаронида буд.

ЧЕЛСИ
Акнун дар мавсими нав Юрий Жирков дар дастаи Лондонињо баромад мекунад ва ба гуфтаи сармураббии даста Карло Анчелотти, ин футболбоз бозингари дастаи асосї таин хоњад гардид. object_59.1248958889Инчунин дар бозии рафиќона, ки бозии дебютии Жирков дар ин њайат ба шумор мерфт, бо дастаи «Милан» ў голи аввалини худро вориди тўри дарвозаи њариф намуд. Аљоибии кор дар он аст, ки дар ду сол се бозингари Русия ба Англия рафтанд ва боз ба кадом даста? Ба дастањои шањри Лондон. Аз њама пеш Роман Павлюченок ба тими «Тоттенхэм»-и Лондон шартнома баст ва баъдан Андрей Аршавин бо тими «Арсенал»-и Лондон. Жирков њам ба Лондон рафт, вале ба дастаи дигар ба дастаи «Челси»-и Лондон, ки сарвариашро яке аз миллиардерони Русия Роман Абрамович ба ўњда дорад.

ЉОИЗАЊО

ДАСТАВЇ
• Чемпиони Русия (2): 2005, 2006
• Дорандаи медали нуќраи чемпионати Русия (2): 2004, 2008
• Дорандаи медали нуќраи чемпионати Русия: 2007
• Дорандаи Љоми Русия (4): 2004/05, 2005/06, 2007/08, 2008/09
• Дорандаи Суперљоми Русия (4): 2004, 2006, 2007, 2009
• Дорандаи Љоми УЕФА: 2004/05
• Иштирокчиии бозии нињоии Суперљоми УЕФА: 2005
• Дорандаи Љоми Шабакаи аввал: 2007
• Дорандаи медали биринљии чемпионати Аврупо: 2008
• Ѓолиби Љоми Чолиш (ИМА): 2009

ХУСУСЇ
20050722-2
• Бењтарин футболбози Љоми «Умед»: 2003.
• Бо ордени дўстї сарфароз шудааст: (2006).
• Ба 33 бењтарин бозингарони чемпионати Русия шомил гардидааст (5): № 1 (2005, 2006, 2007, 2008); № 2 (2004)
• Ба њайати рамзии чемпионати Аврупо-2008 дар пурсишномаи UEFA дохил шудааст.
• Номзад ба «тўби тиллої» (2008)
• Футболбози сол дар Русия (њафтаномаи «Футбол»): 2008
• Футболбози сол дар Русия (газетаи «Советский спорт»): 2008
• Футболбози сол дар Русия (барномаи «Футбол России»: 2008
• Футболбози сол дар Русия (шўрои футболи Русия) 2008
• Дорандаи љоизаи «Лидери тими мунтахаб»: 2008.

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: