ШАВКАТИ ХОТАМ, СИТОРАЧАИ НОАЁНИ ФУТБОЛИ КИШВАР

МАЪЛУМОТНОМА
Номи пурра: Шавќати Њотам
Зодрўз: 13-08-1994
Зодгоњ: ш. Душанбе
Шањрванди: Тољикистон
Ќад: 184
Вазн: 68
Мавќеъ: Њуљумкунанда
Даста: «Энергетик»
Раќам: 15
Дастовардњо: Ѓолиби чандинкарата байни дастањои мактабњои наврасии футбол, Ѓолиби мусобиќаи байналмиллалии дар шањри Турсунзода, 2008.


ДЎСТДОШТАЊО:
Футболбоз: Карлос Тевес
Автомобил: BMW
Хўрок: Манту
Шиор: Бозии хуб нишон додан
Филм: Њазрати Юсуф
Ранг: Сурх
Њофиз: Akon
Хоббї: Футболбозї кардан

Њуљумкунандаи љавони дастаи «Энергетик»-и Душанбе Шавќати Њотам дар ин мавсим бозии љолиб нишон дода, барои яке аз бозингарони асосии даста шудан кўшиши зиёд карда истодааст. Пас аз вохўрии «Барќчиён» бо «Гвардия» мо сўњбате бо Шавќат оростем ва њоло фишурдаи онро ба диќќати дўстдорони футбол пешкаш менамоем.

— Шавќат, мехостем сараввал дар бораи ќадамњои нахустинат дар футбол огањї пайдо кунем?
— Ман соли 2001 аз синни 7 солагї ба дастаи футболи «Зулол» омада машќ мекардам. Дар он ваќт сармураббии ман Холмурод Зардов буд.Шавкат Хотам 1
Дар ин даста як сол машќ кардам. Баъд соли 2003-ум дастаи «Энергетик» ташкил шуд ва ман ба ин даста омадам. Њамин даста њамаи футболбозони љавони дар худ бударо аз хурдї тарбия намудааст. Ваќте, ки ман ба «Энергетик» омадам, дар аввал дар гурўњи якум 4 сол бозї кардам ва баъдтар ба њайати асосии даста шомил шудам.
— Буданд он лањзањое, ки дар гурўњи дуюми даста бозии хуб нишон додї?
— Бале, ваќте ки мо ба дастаи «Регар ТадАЗ» бозї кардем, ман ба дарвозаи њариф 3 тўб ворид кардам ва он ваќт мо 3:1 ѓолиб омадем.
— Дар њолатњое, ки каме љароњат мебардоштї, модарат ба футболбозиат зид намешуданд?
— Албатта, дар футбол ин гуна њолатњо бисёр мешаванд. Рўзе мешуд ки бо пои харошида ё кабуд ба хона меомадам, ё дар фасли зимистон бо либосњои тару лой бозї карда, бетоб мешудам. Дар ин гуна њолатњо модарам доруворї меоварданд, табобат мекарданд, вале ба машѓулиятњои ман зид набуданд.
— Аввалин бозии худро дар лигаи олї дар ёд дорї?
— Бозии аввалини ман дар лигаи олї ин бо дастаи «Спитамен» буд ва ман дар ин бозї дар ќисми дуюм даромадам. Пас аз каме ваќт ба ман Далер Шарипов тўбро њаво дод ва ман аз масофаи таќрибан 15-16 метр зарба задам. Ин зарбаи задаи ман бар муњофизатгар бархўрда, ба гол анљом ёфт.
— Дар бозї бо дастаи «Гвардия» дар ќисми дуюм ба майдон баромадї. Аз бозии худ дар он вохўрї ќаноатманд њастї?
— Аз ин бозї њам ќаноатмандаму ва њам не. Чаро ки, на њама наќшањои асосии дар назди худ гузоштаам амалї гардиданд. Асосан аз он ќаноатманд њастам, ки мо чор голи бељавоб зада, ѓалабаи калон ба даст овардем.
— Аллакай даври ёздањуми чемпионат паси сар гашт. Дар бораи рафти бозињо ва баромади дастахо чї аќида дорї?
— Имсол чемпионати Тољикистон байни дастањои Лигаи олї хеле шавќовар гузашта истодааст ва инро гуфта метавонам, ки имсол бештар дастањои «Вахш», «Регар», «Хуљанд» ва «Истиќлол» имкони ѓолиб шуданро дар чемпионат доранд.
— Кай бори аввал дар дастаи мунтахаби олимпии Љумњурии Тољикистон бозї кардї?
— Бозии аввалини ман дар дастаи мунтахаби олимпии Љумњурии Тољикистон ин бозии рафиќона бо дастаи яккачини клубњои Љумњурии Тољикистон буд, ки ман дар лањзањои охири бозї ба майдон баромадам.
— Њамчун футболбози љавон гуфта метавони, ки дар оянда яке аз бењтаринњо дар љумњурї ба камол мерасї? Шавкат Хотам 3
— Ман кўшиш мекунам, ки дар оянда яке аз футболбозони бењтарин дар љумњурї ба камол расам. Ин орзўи ман аст.
— Идеали ту дар майдон кадом футболбоз аст?
— Идеали ман дар майдон ин бозингари аргентинї Карлос Тевес мебошад, ки бисёр футболбози олиљаноб, дорои техникаи хуб ва мањорати баланд мебошад.
— Ба кадом дастаи футболи хориљї мухлисї мекунї?
— Ба дастаи «Манчестер Сити» мухлисї мекунам, бисёр дастаи олиљаноб аст. Бозингари дўстоштаи ман Тевес низ дар њамин даста баромад мекунад.
— Ба ѓайр аз футбол боз ба кадом намуди варзиш машѓул шуданро дўст медорї?
— Ѓайр аз футбол боз бо волейбол, баскетбол, теннис машѓул шуданро дўст медорам.
— Миёни футболбозон рафиќони зиёде дорї?
— Рафиќони ман инњо мебошанд: Фариз, Расул, Рањмон, Шодибек, Комрон, Бахтовар, Мунтазир, Наљмиддин ва ѓайрањо.
— Дар ягон љо тањсил мекунї?
— Ман айни њол дар мактаби раќами 88-шањри Душанбе дар синфи 11 тањсил мекунам. шавкат
— Кадом намудњои либос бароят писанданд?
— Ба ман бештар либосњои варзишї, аврупої ва миллї писанданд?
— Дар рўзи зодрўзат кадом намуди тўњфањоро маъќул мешуморї?
— Дар рўзи зодрўзам бароям бештар тўњфањои варзишї ва тўњфањои хотиравии оддї писанданд.
— Дар оянда худи ту чї наќшањо дорї?
— Дар оянда наќша дорам, ки монанди Рањматулло Фузайлов, Фарњод Восиев ва дигар футболбозон дар дастањои пурќуввати берун аз кишвар бозии худро давом дињам.

Фирдавси Аваззод, махсус барои «ВС»

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: