МУЊАББАТ РИБЕРИРО БИЛОЛ НАМУД

Номи пурра Франк Билол Рибери
Тахаллус Лиќои бо љароњат (Scarface), Franky
Зодрўз 7 апрели 1983
Зодгоњ Булон-сюр-Мер, Па-де-Кале
Шањрвандї Франция
Ќад 170 см
Вазн 61 кг
Мавќеъ Ниммуњофиз
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ДАСТА
Даста Бавария
Раќам 7



Франк Билол Рибери айни њол футболбозе мебошад, ки барои харидани ў якчанд тимњо мубориза бурданд, вале ба ягон тим муяссар нагардид, ки ўро харанд. Ў њоло дар бундеслигаи Олмон баромад намуда истода, шарафи тими «Бавария»-ро њимоя менамояд.
FranckRibery_959720

ТАРЉУМАИ ЊОЛ
Франк Билол Рибери (фр. Franck Bilal Ribéry) 7 апрели соли 1983 дар Булон-сюр-Мери шањри Па-де-Калеи Фаронса таваллуд шудааст.
Аллакай дар синни дусолагиаш ў ќариб дунёи фониро тарк гуфта буд, вале бахташ омад кард: автомобиле, ки волидайни ў идора менамуданд, аз сайрхати худ берун шуда, ба дарахти дар роњ буда бармехўрад. Дар ин њолат футболбози оянда дар нишастгоњи оќиб нишаста буд ва аз зарби автомобил ба дарахт аз љои худ парида аз тиреза рост ба замин омада мезанад. Франкро бо љароњати рўй ба дармонгоњ њозир мекунанд. Ба духтурон лозим омад, ки рўи Риберии 2-соларо љарроњии пластикї гузаронанд. То њол дар рўи ин футболбоз наќше аз осори 24-сол пеш боќї мондааст.
Ваќте ки Франк ба синни дувоздањсолагї расид, ў ба академияи футболии тими «Лилл» даъват карда шуд. Вале, аз сабаби кори зиёд доштанаш ўро аз ин академия барканор карданд. Дар натиља, Рибери боз ба хона баргашт ва давом дод бозињои кўчагии худро. Ва баъдан ба як дастаи ѓайрикасбии зодгоњаш аъзо мешавад, ки ин даста дар дивизиони сеюми Фаронса баромад менамуд. 67491ribery

ОЃОЗИ КАРЙЕРА
Баъдан Рибери ба худ ќарор дод, ки ба дастаи шўњратманд роњ ёбад. Дар синни нўздањсолагиаш ба дастаи ѓайрикасбии «Алес» мегузарад ва баъд аз як сол ўро ба тими «Брест» даъват мекунанд. Пеш аз мавсими 2004/05 тими «Брест» бо дастаи «Метс» бозии рафиќона доир мекунад ва сармураббии дастаи Лотарингиињо Жан Фернандес ба Рибери диќќати махсус медињад. Баъдан мефањмад, ки Франк бо дастаи «Брест» шартномаи касбї надорад ва аз њамин фурсат истифода намуда, ўро ба дастаи худ меорад.
Дар ним сол дар 20 бозї баромад намуда, ду гол ба дарвозаи њарифон ворид сохта буд. Баъдан тими «Галатасарай»-и Туркия иќрор мешавад, ки дар њаќиќат орзуи дар њайати даста Рибериро доранд. Тими «Метс», ки ба њолати молиявї эњтиёљ дошт, даррав Рибериро савдо мекунад. Медонед, тими «Галатасарай» ин футболбози њозираи ба арзиши 55-60 миллион евро доштаро ба кадом арзиш харид? Њамагї ба ним миллион евро. Барои бозингари љадиди «Галатасарай» дар Туркия як ќатор проблемањо оѓоз гардид: муносибати нохуб бо роњбарияти даста, ноумедињои мухлисон, кам будани нархи маош ўро думболагирї менамуд. Њамаи ин ба Рибери имкон дод, ки бо тими туркињо шартномаашро бекор намояд. Боз савол пайдо шуд: Ба куљо? Ба назди кї?
167650_8
БОЗГАШТ БА ВАТАН
Боз ба назди сармураббии дўстдоштааш Жан Фернандес меравад, ки ў аллакай дар ин њангом тими «Марсел»-ро машќ медод. Дар мавсими 2005/06 Франк лидери њаќиќии тим гардид. Баъд аз ин ўро ба тими мунтахаби Фаронса даъват намуданд. 27 майи соли 2006-ум ў бозии дебютии худро гузаронид, ки дар 15 даќиќаи охири бозї ў Зайниддин Зиданро иваз намуд. Ва баъдан Раймон Доминек, сармураббии тими Фаронса ўро ба њайати даста њамроњ намуда ба мундиал бурд. Чї хеле, ки мухлисони «ПСЖ» мегўянд, намозхонии Зидан ва Рибериро дида дар њайрат мондаанд.
Ribery
МУСУЛМОН ШУДАНИ РИБЕРИ
Инчунин њаминро ќайд карданием, ки соли 2004-ум ў исломро ќабул намуд ва ба анъанаи мусулмонњо пайравї намуда, ба худ номи дуюм – Билолро ќабул намуд. Сабаби исломро ќабул кардани Рибери ин шиносої бо духтари алљазоирї Воњиба Белъамї њангоми баромад намудан дар «Брест» буд. Рибери сахт ба духтар дил мебандад ва људої аз ў баробар ба марг буд. Волидайни духтар ба Рибери мегўянд, ки фарзанди онњо танњо ба шахси мусулмон ва худотарс ба шавњар мебарояд. Барои ба дидори мањбубаи худ расидан Рибери китоби муќаддаси «Ќуръон»-ро аз худ намуд ва дини Исломро ќабул кард. Њоло онњо бо њам оила бунёд кардаанд ва аз онњо се фарзанд ба дунё омадааст, ки њар сеи он соњиби номи мусулмонї њастанд. Њаминро боз ќайд мекунем, ки акнун мухлисони «Галатасарай» фањмиданд, ки Рибериаш кї будааст. Дар тими мунтахаб, ў бо «њамдавлати» зављааш Зайниддин Зидан мисли бародару додар њастанд.
ribery_1_1024x768
ОЛМОН ВА «БАВАРИЯ»

Дар чемпионати љањонии соли 2006-ум, ки дар Олмон баргузор гардида буд, Рибери бозингари бењтарини њайати Фаронса ба њисоб мерафт. Бозии бењтарини худро дар даврњои плей-оффї бар задди Испания, Бразилия ва Португалия нишон дод. Баъд аз нобаробарї дар даври нињої оѓоз ёфт, давраи хобии Рибери. Ў дигар тамоман аќаллан ба њайати асосии тими «Марсел» намеомад. Аз њама проблемаи асосї ин љароњати зонуи Рибери буд.
Баъдан аз муомилаи нохуби Рибери роњбарияти тим ба ќароре омад, ки ситораро ба маблаѓи 25 миллион евро мефурўхтагї шуданд. Ба ин маблаѓ «Реал» ва «Манчестер Юнайтед» Рибериро инкор карданд, вале дастаи «Бавария» њамон маблаѓро ќурбони як бозии Рибери намуд. Њоло Рибери чор миллион евро маоши солона мегирад ва тањти раќами 7 дар тим баромад менамояд.
Баъдан дар охири мавсими соли гузашта, барои харидории Рибери якчанд топ-клубњо талош варзиданд: «Барселона», «Реал», «Манчестер Юнайтед» ва ѓайра дастањо. Вале ба ягон даста имкон нагардид, ки бо ин футболбози мусулмони фаронсавї њайати худро пурќувват намоянд.

ДАСТОВАРДЊО
ДАСТАВЇ
Чемпиони Олмон: 2008
Дорандаи Љоми Фортис Туркии: 2004/05
Дорандаи Љоми Интертото: 2005
Дорандаи Љоми лигаи Олмон: 2007
Дорандаи Љоми Ллмон: 2007
Финалисти Љоми љањон: 2006

ХУСУСЇ

Бењтарин бозингари бундеслига дар пурсишномаи Kicker: 2007/08

      • Тањияи Маќсудљон Иброњимов, ОВИ«ВС»
  • Реклама

    1 Comment »

    1. […] Таҳияи Мақсудҷон Иброҳимов, ОВИ«ВС». Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз» […]


    RSS Feed for this entry

    Добавить комментарий

    Please log in using one of these methods to post your comment:

    Логотип WordPress.com

    Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

    Фотография Twitter

    Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

    Фотография Facebook

    Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

    Google+ photo

    Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

    Connecting to %s

    %d такие блоггеры, как: