«ГИГАНТИ ХОБОЛУД»-Е, КИ БА АНГЛИЯ БАДБАХТЇ ОВАРД

Роман Павлюченко яке аз бозингарони бењтарини тими Русия ба њисоб меравад, ки дар дастаи «Тоттенхэм»-и шањри Лондон баромад мекунад. Дар охири мавсими соли гузашта корњои ў дар тими лондонињо хуб омад намекард ва роњбарияти тим ба хулосае омада буданд, ки Романро њар чи зудтар аз даста ронанд. Вале, њолдо корњои ин футболбоз дар тим хуб буда, дар якчанд бозињои рафиќонаи пешазмавсимї дар њайати асосї ба майдон баромад ва дар як дидор инчунин голеро ба самар расонид.
00138sdg

БОЗИЊО ДАР ТИМИ РУСИЯ
Сол Бозї Гол
2003 1 —
2004 — —
2005 3 1
2006 3 —
2007 6 3
2008 11 6
2009 1 1

ТАРЉУМАИ ЊОЛ
Роман Анатолевич Павлюченко, 15 декабри соли 1981 дар мањаллаи Мостовскойи вилояти Краснодари Русия чашм ба олами њастї боз намудааст. Аввалин ќадамашро ба љодаи футбол дар њайати МВКНЗО Ставропол оѓоз кардааст, ки баъдан соли 1999-ум аз он љо ба дастаи «Динамо»-и Ставрорпол меояд. Пеш аз ин ў ба мисли дигар кўдакони њамсинну солаш дар кўчаю паскўчањои ќишлоќ футболбозї менамуд. Вале, як рўз як мутахассиси соњаи футбол мањорати ўро дида, ба интернати тими дар боло зикр шуда меорад. Динамочиёни шањри Ставропол кўшиш менамуданд, ки ба лигаи олии Федератсия Русия баромад менамуданд, вале ин ба онњо њељ имкон намедод. Ва баъдан лидерони даста, тимро тарк менамоянд, ки дар байни онњо футболбози ояндаи дастаи «Тоттенхэм» Роман Павлюченко низ њамроњ буд.
pavliuchenko_2
ОЃОЗИ КАРЙЕРА
Пеш аз оне, ки ў ба лигаи якум мебаромад, скаутњои лигаи олї ба ин бачањаки бомањорат бо чашми харидорона нигоњ мекардад. Баъд аз бозї бо дастаи «Балтика» ба ў намондагони тими ЦСКА-и Маскав гуфтушунидро оѓоз карданд. Дар байни роњбарони тими «Динамо»-и Ставропол скаутњои «Шинник»-и Ярослав гуфтушунид мекарданд, вале ин футболбози ояндадор ба худ дастаи худтарро интихоб менамудагї шуд. Ва дар охир ў бо роњбарони тими «Ротор-и шањри Волгоград забон як намуда, ба тими волгоградињо гузашт. Президенти њамонваќтаи тими волгоградињо ва ноиби ў Шоњ аз омаднаи Роман хеле хушнудї менамуданд ва Романро ояндаи дастаи «Ротор» меномиданд. Дар аввал бозї кардан дар лигаи олии Русия барои ин бачањаки љавон хеле душвор буд. Дастањои пурќувват, футболбозони закї ва мураббиёни сахтгир ўро анамегузоштанд, ки ором нишинад. Ба ў менгуфтанд, ки ту мањорат ва ояндаи дурахшон дорї. Бояд ту бисёртар барои бењтар намудани бозии худ, машќ кунї. Вале, њамаи барои Романи нуздањсола зўрї мекард ва ў њарваќт ба дубли даста партофта мешуд. Дар ин се мавсиме, ки Роман дар «Ротор» баромад кард, мавсими сеюм барои ў бобарор омад.Форвардро дастаи овозадори тими «Спартак» харидор шуд. Дар ин ваќт Роман аллакай дар њайати тими љавонони Русия баромад карда буд. Ва охири мавсимро нигоњ накарда Роман ба дастаи «Спартак» гузашт. Ин гузариши ў дар соли 2002-юм ба амал омада буд.
Roman-Pavluchenko
«СПАРТАК»
Футболбоз бо тими «Спартак»-и шањри Маскав шартномаи панљсоларо ба имзо расонид. Ин дар таърихи 8 октябри соли 2002-юм буд. Ва баъдар боз баргашта ба бошишгоњи тими «Ротор» омад, чунки њоло мавсим ба охир нарасида буд. Ў дар дастаи волгоградињо то охири мавсими соли 2002-юм баромад намуда, аз мавсими 2003-юм њайати дастаи «Спартак»-ро пурратар намуд. Ваќте, ки ў ба дастаи «сурху сафедон» омад, тимро аллакай њарифи њайатии ў Владимир Бесчастних тарк сохта буд. Акнун дар мавсими нав Роман футболкаи «сурху сафедон»-ро ба тан кашида ба майдон омад, вале барои ў ягон шарике дар љум пайдо нагардид. Ў дар хати њуљум танњо як худаш баромад менамуд. Дар аввал корњои ў дар даста барор намегирифт, выале баъдан оњиста-оњиста мухлисони зиёди дастаро ба худ љалб сохт. Аввалин мавсимро бо задани 16 гол ба итмом расонид. БЬисёрињо мегуфтанд, ки ситорачаи нави футболи Русия дар осмон падид омад ва мумкин баъдтар ўро ба њайати тими асосии Русия даъват намоянд. Њамин гуфтањои мардум пурра њаќат будаааст. Дар мавсими оянда Роман дар чемпионати Русия, бењтарин нишонзан эътироф гардид ва голњои ў ба даста ѓолибиятњои пай дар пайро меовард. Ба ин футболбози љавони ояндадор, сармураббии тими мунтахаб бетараф намонд. Ўро ба тими асосии Русия даъват намуданд. Ў дараввалин дидорњояш худро тамоман нишон медод. Мањорати ў дарак медод, ки ўро ояндаи хубе интизор аст. Акнун дар мавсими 2006-07 дар њайати тими мунтахаб , роли асосии бозиро Роман Павлюченко ва Андрей Аршавин мебозид. Аз бозии хуби ў мухлисон пурра ба тими Русия мухлиси менамуданд. Дар Тољикистон њам зщиёд нафароне њастанд, ки мухлиси ашаддии Роман Павлюченко њастанд. Барои ин футболбоз шуда, ба тими «Спартак»-и Маскав мухлисї менамуданд Ў дар мавсими гузашта тими «Спартак»-ро тарк сохт ва ба дастаи «Тоттенхэм» гузашт.Трансфери ў дар Русия аз њама арзишноктарин ба њисоб мерафт.
2008_08_04

ЕВРО-2008

Дар Евро-2008 Павлюченко яке аз бењтарин футболбозон ба њисоб мерафт. Пеш аз Чемпионати Аврупо, аллакай Роман дар майдони футбол ба чї ќодир будани худро нишон дода буд. Дар бозињои интихобии чемпионати Аврупо ў дар шањри Маскав, дар бозї бар зидди Англия, дар даќиќањои охир ба майдон баромад. Њангоми баромадани ў ба майдон натиља 1:0 ба фоидаи англисњо буд, вале Романи нав ба майдон омада, ду голро ба дарвозаи Англия ворид сохта, дастаашро пирўз гардонид ва дастаи мунтахаби Русия аз Англия ба пеш гузашта њуќуќи дар даври финалии ЧЯемпионати Аврупо иштирок карданро пайдо намуд.
Дар њисоби Павлюченко дар Евро-2008 се гол номнавис карда шуд. Ў дар бозии аввалин ба дарвозаи Испания як гол ворид намуд (њисоби дидор 4:1 ба фоидаи испанињо), баъдан ба дарвозаи Шветсия (2:0) ва Голландия (3:1). Дар љамбасти мусобиќа Роман бењтарин нишонзани тими Руксия дар ин мусобиќот таин шуд.
3409356796_d813b4a7bc
КАРЙЕРА ДАР «ТОТТЕНХЭМ»
Дар тими «Тоттенхэм Хотспур» дар аввал кори Роман Павлюченко омад намуд, вале баъдан љароњатњои бардоштааш имкон надод, ки аќаллан ба тими Русия дар бозињои бар зидди Олмон ва Финляндия ба майдон ояд. 13 ноябри соли 2008 дар бозии Љоми Лига Роман аввалин дубли худро дар хориља ба ќайл гирифт. Ў ба дарвозаи «Ливерпул» ду тўб зада, баро ѓалаба намудани дастааш кўмак намуд. Натиљаи дидор бо њисоби 4:2 ба охир расид. Баъдан дар бозї бо «Блэкберн Роверс» дар Чемпионат Англия, голи ягонаи Роман ѓалабаи дастаашро таъмин намуд. 2 январи соли 2009-ум Павлюченко аввалин маротиба дар Љоми Англия иштирок намуд, ки дастааш бо тими «Уиган Атлетик» дидор гузаронид. Дар ин дидор Павлюченко зду гол ба дарвозаи њариф ворид сохт, ки якеаш аз љаримаи 11-метра буд ва натиљаи охирини дидор дар табло 3:1-ро нишон медод.
pavlyuchenko-liverpul
ЊАЁТИ ШАХСЇ
Бо зављаи ояндаи худ Роман дар синни 12-солагиаш шинос буд. Номи зављааш Лаариса. Ваќте, ки дар синни 12-солагї ў барои хондан ба мактаби раќами 6 меояд бо Лариса шинос мешавад. Ва онњо дар як парта менишастанд ва ба гуфтаи баъзе аз њамсинфонаш, Роман њоло њам бо Лариса дар як парта менишинанд. Онњо соли 2001-ум оила бунёд мекунанд ва дар таърихи 24 августи соли 2006-ум Лариса фарзанди аввалинашро ба дунё меорад, ки номашро Кристина мемонанд.

ДАСТОВАРД

Даставї
• Дорандаи медали нуќрагии чемпионати Русия (3): 2005, 2006, 2007
• Дорандаи Љоми Русия: 2002/2003
• Дорандаи медали биринљии чемпионати Аврупо — 2008
• Финалисти Љлми лигаи Англия :2008/09

Хусусї
• Дар рўихати 33 бозингари бењтарин Русия (2): № 1 (2005); № 2 (2007)
• Бењтарин нишонзани Русия (2): 2006 (18 гол), 2007 (Њамроњи Роман Адамов, 14 гол)
• Бењтарин нишонзани «Спартак» дар чемпионати Русия (5): 2003—2007
• Муаллифи голи 10000-умини чемпионати Русия
• Бењтарин бозингари «Тоттенхэм» дар моњи ноябр соли 2008-ум.
• Варзишгари хизматнишондодаи Русия.

Номи пурра Роман Анатольевич Павлюченко
Тахаллус Гиганти хоболуд
Зодрўз ва зодгоњ 15 декабри 1981
мањ. Мостовской, вилояти Краснодар, СССР
Шањрвандї Россия
Ќад 188 см
Вазн 84 кг
Мавќеъ њамлагар
Маълумот дар бораи даста
Даста Тоттенхэм Хотспур
Раќам 9

Тањияи Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

1 Comment »

  1. […] Таҳияи Мақсудҷон ИБРОҲИМОВ, ОВИ «ВС». Бознашр аз «Фан-Клуби “Парвоз” […]


RSS Feed for this entry