АЛИЁР АШЎРМАМАДОВ: «МО ЯКЕ АЗ ЊАЛЌАЊОИ ЗАНЉИРИ ПАЙВАНДИ ФУТБОЛБОЗОНРО АЗ ДАСТ ДОДЕМ»

Охирњои солњои њаштодуми асри гузашта дастаи футболи «Помир» (Душанбе) новобаста аз монеањои сунъї тавонист, ки ба лигаи олии чемпионати Иттињоди Шўравї роњ ёбад. Бо ин давраи нави рушди футболи тољик оѓоз ёфт. Дар варзишгоњи марказие, ки зиёда аз 20 њазор нафар ба тамошо меомаданд, футболбозони Душанбе бозии олиљаноб нишон дода, тимњои овозадорро маѓлуб мекарданд. Бо фурўпошии СССР тамоми системаи футболи љумњурии мо низ фалаљ гашт. Аксар футболбозон дастаи дўстдоштаи худро тарк намуда, аз љумњурї берун рафтанд. Миёни онњо мусоњиби мо – мураббии дастаи «ССКА-и «Помир»-и пойтахт Алиёр Ашўрмамадов низ буд.

— Баъд аз он ки як давраи муайяни њаёт мегузарад, инсон беихтиёр ба ќафо нигариста, оѓози роњашро ба ёд меорад. Оё Шумо ќадамњои нахустини худро дар футбол ёд доред?
— Он айёми беѓубори даврони кўдакиро ман бо њавас ба ёд меорам. Айёми наврасї ман ба машќу тамрини бародарам Бахтиёр, ки дар тими «Чашма»-и Шањритус бозї мекард, бисёр мерафтам. Баъдан ба сексияи футбол, ки дар назди мактаби маиёнаи №57 шањри Душанбе амал мекард, шомил шудам. Алифбои футболро аз мутахассиси хубу устоди мушфиќ Леонид Наумович Фиррер омўхтам. Баъдан дар мактаби захирањои олимпии РСДЮШОР бозиро идома додам. Баъди хизмати аскарї ба Донишкадаи варзиш дохил шуда, дар дастаи футболи он СКИФ-1 базї кардам. Соли 1990 сармураббии дастаи «Вахш» (Ќўрѓонтеппа) Владимир Алексеевич Ѓуломњайдаров маро ба тими худ даъват кард. Њамчун њуљумкунанда, дар бозињо 9 тўб задам. Дар охири мавсим маро сармураббии «Помир» (Душанбе) Шариф Назиров ба дастаи номї даъват кард. Дар як тим бо бозингарони машњури љумњурї бозї кардан ба ман бахти бузург буд. Њамин тавр, дар мавсими соли 1991 дар њайати асосї 14 бозї гузаронида, ду тўб задам. Яке дар чемпионат ва дигаре дар Кубоки СССР.
— Албатта тўби нахустини дар њайати «Помир» задаатонро дар ёд доштагистед?

Алиёр Ашурмамадов. Якум аз тарафи рост

Алиёр Ашурмамадов. Якум аз тарафи рост


— Албатта, њангоми бозї бот ими ССКА (Москва) – чемпиони оянда Юрий Батуренко зарбаи бурљї зад. Ман онро бо сарам вориди дарвоза намудам.
— Ѓайр аз њайати асосї Шумо дар њайати тими дублёрони «Помир» низ шомил будед. Футболбозони љавон дар чемпионат чї хел мекарданд?
— Он ваќт синни аксар бозингарон аз 30 боло буд ва љавонон кўшиш мекарданд, ки вориси арзандаи њамскабони бузурги худ шаванд. Дар чемпионати мамлакат миёни њайати дуюми дастањо мо дар панљгонаи аввал љо доштем. Дар бозии як њаштфиналии Љоми СССР бо «Тилигул» (Траслол) њайати дуюми «Помир», ки бо Рашид Рањимов таќвият ёфта буд, дар мењмонї бо њисоби 1:0 ѓолиб омад. Тўби олиљанобе, ки дарвозабон оѓоз карда буд, ба дарвозаи њариф задам. Бањори соли 1992 о дар охирин бозии Љоми СССР ширкат варзида, ба чемпионати Тољикистон омодагї медидем. Аммо баъди воќеањои маълум ќариб тамоми бозингарони њайати асосии «Помир» дастаро тарк намуданд, танњо љавонон монданд. Мо бо бартарии зиёд ѓолиби чемпионат шудем.
— Мањз аз охири соли 1992 дигаргунињои куллї дар њаёти Шумо рух доданд?
— Оре, њамааш аз даъватномаи тими «Њалоэл»-и Исроил оѓоз ёфт. Дар роњи сафар ман бо сармураббии «Локомотив» Юрий Сёмин вохўрдам. Ў гуфт, ки «агар Исроил маъќул нашавад, метавонї ба Москва омада, дар «Локомотив» бозї кунї». Ман ба шањри Бршево, ки дар миёни биёбон воќеъ буд, чанд муддат зиста, њељ ба гармии тоќатфарсои он мутобиќ шуда натавонистам. Бо касе муошират карда наметавонистам. Њама чиз бароям бегона буд. Ду моњ дар «Ханоэл» бозї карда, ба Москва баргаштам. Дар «Локомотив» он ваќт собиќ бозингарони «Помир» — Юрий Батуренко, Мўњсин Муњаммадиев, Василий Постнов, Рашид Рањимов бозї мекарданд. Ман бе мушкилї ба ин коллектив ворид шудам. Дар њайати роњиоњанчиён дар бозињои байнимавсимї ва бо ССКА дар мавсими нав бозї кардам. Баъд вазъи саломатиам нињоят бад шуд. Бо мусоидати Юрий Сёмин дар Олмон табобат гирифта, ду сол дар базаи варзишии «Локомотив» зиндагї кардам. Дар мавсими футболи соли 1994 дар њайати «Авангард»-и Коломна ба њайси иљора чанд бозї гузаронидам. Њамаашро аз нав оѓоз кардан лозим меомад. То охири мавсим саломатиам пурра барќаро шуда, бозии худро ёфтам. Аз чанд даста даъватнома омад. Маро бештар даъвати дастаи «Анжи» (Махачќалъа), ки сармураббиаш Гаљї Гаљиев буд, љалб кард. бо ман дар ин даста собиќ дарвозабони «Помир» Андрей Мананников низ буд. соли 1996 Гаљиевро мураббии машњур Эдуард Малафеев иваз намуд.
— Албатта он ваќт ба Шумо бозї кардан зери роњбарии ин мураббиёни машњур шавќовар буд?
— Бо њардуи ин мураббиён ман бо камоли майл њамкорї доштаму машќу бозињо бод или гарм мерафтам. Бозињои хотирмон доштем. Алалхусус ѓалаба дар бозињои љоми мамлакат бар «Спартак» (Налчик), «Жемчужина» (Сочи) ва «Алания» (Владикавказ)-и чемпиони соли 1996 боиси сарбаландї буд. «Анжи» ба чорякфинали Кубоки Русия роњ ёфт. Дар бозии 1/32 финал мо «Спартак»-и Налчикро бо њисоби калони 810 маѓлуб кардем. Дар ин бозї ман се тўб задам. Соли 1999 аз сабаби мувофиќ наомадан ба масъалаи молиявї бо роњбарияти «Анжи» ман ба Душанбе омадам. Дар ин љо дар њайати «Варзоб» (Душанбе) бозї карда, ду бор чемпиони љумњурї шудем. Дар бозињои Љоми ИДМ ширкат варзидем. Соли 2000 дар Љоми ИДМ «Варзоб» (Душанбе) бомуваффаќият бозї кард. Тими мо дастаи «Динамо» (Тблиси)-ро бо њисоби калони 6:2 маѓлуб кард. Як тўбро ба дарвозаи гурљињо ман задам. Баъдан тими мо бо «Иртиш» (Павлюдар) бозиро мусовї (2:2) анљом дод. «Динамо» (Бишкек)-ро бо њисоби 1:0 маѓлуб карда, дар гурўњи худ љои якумро гирифтем.
— Дар ин мусобиќа Шумо нияти ба «Иртиш» гузаштанро кардед?
— Пас аз анљоми мусобиќа сармураббии дастаи футболи ќазоќњо В. И. Линчевский Ораз Назаров, Одил Эргашев ва маро ба тими худ даъват кард. Мо розї шудем. Баъди ивазшавии њайати мураббиён Назаров ва Эргашевро ба дастаи «Елимай» гузарониданд. Ман дар Павлюдар мондам. «Иртиш» дар назди худ чемпион шуданро њадаф гузошта буд. Мо тамоми мавсимро олидараља гузаронидем. Дар Љоми чемпионњои Осиё то финал рафтем. Аммо дар охири чемпионат чанд холро бо айби як ќатор бозингарони дастаамон бой додем. Баъдтар маълум шуд, ки онњо дар «бозињои маслињатї» даст доштаанд. Дар љамъбаст љои чорумро гирифтем. Он ваќт ман 34-сола будам. Њарчанд ягон ваќт аз раќобат натарсам њам, ќарор додам, ки аз футбол дур шавам. То соли 2004 дар Маскав зиндагї кардам.
— Наход Шуморо майдони сабзи футбол ба худ накашид?
— Албатта ман бе футбол наметавонистам. Дар Маскав ман бо собиќ бозингарони «Помир» Мўњсин Муњаммадиев, Њаким Фузайлов, Арсен Аванов, Умед Алидодов ва Рашид Рањимов вохўрдам. Мо якљоя машќ мекардем ва дар мусобиќањои гуногуни футболи Маскав ширкат меварзидем.
— Чї сабаби ба ватан баргаштани Шумо шуд?
— Соли 2004 ба муносибати 80-солагии Авиатсияи Тољикистон тамоми собиќ бозингарони «Энергетик» ва «Помир»-ро љамъ намуданд. Мо ветеранњои «Помир» ба дастаи яккачини собиќадорони вилояти Суѓд дар шањри Чкаловск ва бо собиќадорони шањри Душанбе вохўрдем. Баъди мусобиќа аз дастаи «Авиатор», ки Шариф Назаров ба он роњбарї мекард, даъватнома омад. Ман розї шудам ва дар даври охирин бозї кардам. Аввали мавсими соли 2005 бошад, Дамир Камолиддинов аз ман хоњиш намуд, ки дар тими ССКА «Помир» бозї намоям. Баъд дар «Хима»-и Душанбе то парокандашавии даста бозї намудам.
— Ба андешаи Шумо сабаби бозии сусти футболбозони мо дар арсаи љањонї чист?
— Ба фикрам сабаби асосї дар он аст, ки тўли 15 соли охир аксар футболбозон мактаби футболи устодонро нагузаштанд. Бисёр бозингарон дар љустуљўи зиндагии хуб љумњуриро тарк намуданд ва мо њалќаи занљире, ки насли љавонро бо устодони футбол мепайваст, аз даст додем. Ба њар њол љавононро хуб омода карда, ба оянда бо назари нек менигарем.
— Оё дар ягон бозї рекорд гузоштанатонро дар ёд доред?
— Њангоми дар чемпионати љумњурї дар њайати «Варзоб» бозї карданам ба дарвозаи њариф ман 9 тўб задам. Ба фикрам ин дар бозї бо «Бофанда» буд.
— Кай бори аввал дар њайати дастаи мунтахаби Тољикистон ширкат намудед?
— Бори аввал 8 майи соли 1996 дар доираи бозињои интихобии Љоми Осиё мо бо дастаи Ўзбекистон вохўрда, бо њисоби 4:0 ѓолиб омадем. Ин нахустин бозии тими яккачини љумњурї баъди парокандашавии шўравї буд. Дар он бозї ду тўбро ба дарвозаи њарифон ман задам.
— Нахустин маоши худро дар ёд доред?
— Оре, нахустин маоши хешро ман дар њайати «Вахш» (Ќўрѓонтеппа) гирифтам, ки бо пули онваќта 870 рубли шўравиро ташкил медод.
— Агар махфї набошад, мегуфтед ки Шумо дар куљо маоши баланд мегирифтед?
— Албатта, дар хориља. Ваќте ман дар «Локомотив» бозї мекардам, баъди яке аз мусобиќањои байнимавсимї роњбарияти даста ба ман 10000 доллар гонорар доданд. Миёнаи солњои 90-ум пеш аз ба «Вахш» гузаштанам мо дар Налчик машќ мекардем. Шабе яке аз ашхоси баландмаќоми Кабардину Балќар бо мошин ба мењмонхона омад. Ў пешнињод кард, ки дар дастаи онњо бозї кунам. «Мо аллакай ба ту «Волга»-и нав харидем» — гуфт ў. Ман бе ягон гапи зиёдатї љомадонамро гирифта, ба дастаи ў гузаштам. Сањар ба ман мувофиќи ваъдаашон калиди «Волга»-ро супурданд. Ман дар он љо чандон зиёд бозї накардам. Баъди анљоми шартнома аз даста рафтам ва «Волга»-ро 42000 рубл фурўхтам.
— Миёни футболбозон дўстони зиёд доред?
— Ман миёни футболбозону мухлисон дўстони зиёд дорам. Онњоро номбар намекунам. Метарсам, ки номи ягонтоашонро фаромўш месозам. Аз ин рў, нависед, ки дўстонам хеле зиёданд. Ќариб чоряки мардуми пойтахт дўсти мананд.
— Оё Шумо кумир доред?
— Ситораи футболи Аргентина Диего Марадона њамеша ба ман писанд даст. Ў ба танњої сафи њимоятгарони њарифро рахна карда, голњои зиёди хотирмон задааст.
— Дер ё зуд, варзишгарон бозии худро хотима мебахшанд. Шумо зери роњбарии мураббиёни машњур бозї карда, таљрибаи зиёд ба даст овардед. Оё њамин сабабгори он шуд, ки ба кори мураббигї гузашта, таљрибаи андўхтаатонро ба љавонон омўзед?
— Оре, ман хушбахтам, ки бо мураббиёни маъруфу мутахассисони соња кор карда, таљриба омўзам. Њайф аст, ки ин таљрибаро ба љавонон ёд надињам. Аз ин рў, ќарор додам мураббї шавам. Аввал дар тими «Помир»-и Хоруѓ кор кардам. Сипас бо даъвати роњбарияти дастаи ЦСКА «Помир» ба ин љо омадам. Ман хушнудам аз он, ки дар дастаи њамноми замоне машњур фаъолият дорам.
— Барои сўњбат ташаккур! Ба Шумо барору комёбињо хоњонем!

      1. Мусоњиб, Њайдар ШОДИЕВ «ВС»

  • МУАРРИФИНОМА:

    Алиёр Ашўрмамадов 20 августи соли 1968 таваллуд шудааст.
    Ќадаш 184 см
    Вазнаш 74 кг
    Нимњимоятгар
    Маълумот: олї
    Устоди варзиши СССР
    Дар дастањои: СКИФ-1 (Душанбе 1989), «Вахш» (Ќўрѓонтеппа, 1990), «Помир» (Душанбе, 1991-1992), «Локомотив» (Москва, 1993), «Авангард» (Коломна, 1994), «Анжи» (Махачќалъа, 1995-1998), «Варзоб» (Душанбе, 1999-2000), «Иртиш» (Павлодар, 2001-2002, март-июли 2005), СКА «Помир» (Душанбе, 2004 апрел-июл), «Хима» (Душанбе 2005 -2007) бозї кардааст.

    Реклама

    1 Comment »

    1. […] Мусоҳиб, Ҳайдар ШОДИЕВ, «ВС». Бознашр аз Фан-Клуби «Парвоз» […]


    RSS Feed for this entry

    Добавить комментарий

    Please log in using one of these methods to post your comment:

    Логотип WordPress.com

    Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

    Фотография Twitter

    Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

    Фотография Facebook

    Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

    Google+ photo

    Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

    Connecting to %s

    %d такие блоггеры, как: