ОСИМ БОБОЕВ: «Баъд аз «Регар-ТадАЗ» ба «Парвоз» омада будам»

Нишонзани бењтарини соли 2003-юм Осим Бобоев, ки дар њайати тими «Регар»ТадАЗ баромад менамуд, имрўз чї њол дорад ва дар кадом даста баромад намуда истодааст? Чаро дар бораи ў се-чор соли охир ягон маълумоте оварда нашудааст? Оё бењтарин нишонзани соли 2003-ро, ки 38 голро ба дарвозаи њарифонаш ворид сохтааст, фаромўш намудаем?
Барои ин мо тасмим гирифтем, ки бо ин футболбози собиќи тими «Регар»ТадАЗ мусоњибае оварем.

Осим Бобоев бо Чоми вилояти Сугд

Осим Бобоев бо Чоми вилояти Сугд

Ваќте, ки мо ба хонаи Осим Бобоев, ки дар дењаи Кўлканди шањри Исфара љойгир аст, рафтем, ў дар хона набуд. Каме интизор шудем ва баъд аз 15-20 даќиќа Осим бо мошини худ омада монд. Ба ў гуфтем, ки мо аз шањри Душанбе, аз газетаи «Варзиш-Спорт» омадаем. Мизбон хеле хурсанд шуд ва моро ба боѓи назди њавлигии худ даъват намуда, аввал бо мевањои онљо мењмондорї намуд ва баъдан сўњбати мо оѓоз ёфт.

— Њоло чї кор карда истодаед ва чї ањвол доред ва дар кадом даста баромад менамоед?
— Чї тавре ки худи Шумо дида истодаед, ман берун аз футбол як боѓеро ба иљора гирифтаам ва дар ваќтњои холигї ба инљо омада, барои обод намудани боѓ кўшиш менамоям. Ањволам хуб аст ва дар дастаи «Сомонком»-и шањри Хуљанд дар чемпионати вилояти Суѓд баромад карда истодаам.
— Баъд аз «Регар»ТадАЗ маълумот нисбати Шумо хеле кам дастраси мо шудааст ва бигўед, ки баъд аз дастаи Турсунзода шумо дар кадом тимњо баромад намудед?
— Соли 2006-ум ман баъд аз «Регар-ТадАЗ» рафтанам, ба тими «Парвоз» омадам. Баъд аз як соли баромад карданам дар «Парвоз» маро ба дастаи «Хуљанд» даъват намуданд. Баъдан ман дар дастаи «Зарафшон»-и ноњияи Мастчоњ баромад кардам. Соли 2008-ум ман ва њамдастаам Сўњроб Сабуров дар тими мастчогињо баромад намуда, дар охири мавсими футболи вилояти Суѓд, бо дастаи «Сомонком» 42 холї гирифта, њарду даста ќањрамон эълон шуд. Соли 2009 ман ба дастаи «Сомонком» омадам ва дар инљо аз 9 бозї 6 бозї гузаронида, баъдан ба тими «Спитамен» рафтам ва дар онљо 4 дидор анљом додам. Аз сабаби набудани маблаѓ тими «Спитамен» аз идома додани чемпионат даст кашид ва ман боз ба тими «Сомонком»-и Хуљанд баргаштам ва то њол дар он даста баромад карда истодаам.
— Дар љое хондам, ки голи задаи шумо дар соли 2003-юм ба 39 мерасад, вале дар хазинаи мо 38 аст. Шумо дар ин бора чї фикр доред?
— Агар ќоидавї гирем, ман дар соли 2003-юм 40 гол ба дарвозаи њариф ворид сохта будам, вале намедонам, ки чаро ва аз барои чї 38 ё ин ки 39 дар расонањо дарљ шуда бошад. Барои худи ман фарќ надорад, ки кадом расонањо чандто голи маро њисоб кардаанд, муњим барои ман ин аст, ки маро бењтарин нишонзан эътироф намудаанд.
— Баъд аз соли 2006-ум, ки шумо аз тими «Регар»ТадАЗ рафтед, ба он љо рафтед?
— Бале, рафтам. Ин дар бозии мењмонии тими «Спитамен» буд.
— Мухлисон чї гуна Шуморо пешвоз гирифтанд?
— Мухлисон маро хуш ќабул намуданд. Мисли пештара ва мисли оне, ки дар тими «Регар»ТадАЗ баромад мекардам.
— Оё боз ягон маротиба аз тарафи роњбарияти тми Турсунзода дархост шуд?
— Њоло не. Агар шавад, ман инро бо љону дил ќабул мекунам, чунки солњои бењтарини футболии худро дар он даста гузаронида будам.
— Сабаби рафтани Шумо аз тими «Регар»ТадАЗ дар чї буд?
— Вазъи оилавї буд.
— Дўсти бењтарини шумо дар Турсунзода кї буд?
— Агар дар дастаи њамонваќта 22 бозингар бошад, ман бо њамаи онњо якхел будам. Ман ягон каси онњо аз дигараш боло ва ё ин ки паст њисоб карда наметавонистам. Коллективи дастаи мо бо њам ањл буданд. Мо ба њар як хонаи футболбозон рафта, шўхињо мекардем ва ба хурсандиву ѓами онњо шарик будем. Безимени-1
— Њоло бо кадоме аз дўстонатон алоќа доред?
— Аз сабаби оне, ки бисёрии дўстонам раќами телефонии худро нав карданд, ман ба онњо ба алоќа баромада наметавонам. Вале бо Низом Рањимов, Пирмурод Бурњонов, Умед Њабибуллоев ва Абдулло Умарбоев алоќаи хуб дорам. Инчунин дар ваќти тамринњо дар Ќайроќќум ман мењмони сармураббии тими «Вахш»-и Ќўрѓонтеппа Аслиддин Њабибуллоев гаштам. Инчунин њаминро гуфтаниам, ки бисёрии бозингарони «Вахш» њам собиќ њамдастагони ман буданд.
Боз њаминро ќайд карданї њастам, ки бозингарони бењтарини Тољикистон аз тими «Регар»ТадАЗ гузаштаанд.
— Барои чї?
— Чунки бошгоњи хуб дорад ва аз љињати молиявї њамаи бозингаронашро таъмин менамояд.
— Чаро ваќтњои охир аз тими «Регар-ТадАЗ» нишонзан намебарояд?
— Чунки дар даста, ягон њамлагари хуб нест. Дар њамаи бозињо бештари голњоро нимњимоятгарон ба дарвозаи њариф ворид месозанд. Инчунин њимоятгароне њастанд, ки аз њамлагарон бисёр гол задаанд. Баъд аз легионери ўзбекистонї Аббос Абдуллоев, дастаи «Регар-ТадАЗ» ягон њамлагари хуб ба даста оварда натавонист.
— Чанд маротиба дар тими мунтахабаи Точикистон баромад намудаед?
— Ман танњо дар як бозии тими мунтахаб иштирок намудааму халос. Ин њам бошад дар вохўрї бо тими Бањрайн дар шањри Душанбе, ки бо њисоби 0-0 хотима ёфта буд.
— Тими мунтахаби Тољикистони њамонваќта пурќувваттар буд ва ё њозирааш?
— Тими мунтахаби Тољикистон њамон ваќт ќариб ба бозињои финалии љањонї роњхат гирифта буд, вале дар ду — се вохўрии охир бозии футболбозони мо омад накард. Ман њозира тими мунтахабро намедонам, чунки 13-14 моњ шудааст, ки ягон бозї нагузаронидааст. Инчунин њамаи бозингарон љавон њастанд ва ба гуфтаи мутахассисон ояндаи дурахшон доранд. Бале, онњо ояндаи дурахшон доранд, вале аз 11 нафари онњо њамааш футболро давом дода наметавонад, чунки ба тиљорату дигар корњо даст зада, аз футбол дур мешаванд.
— Чаро Тољикистон футболбози касбї тарбият карда наметавонад?
— Бе мактабу маориф ягон кас олим шудааст магар? Инчунин бе мактаби варзишї ягон кас футболбози касбї шуда наметавонад. Мо мактаби варзишї надорем ва инчунин њавасмандгардонї њам нест. Вале ба ин њама нигоњ накарда, дастпарвари футболи тољик Фарњод Восиев дар тими асосии «Сатурн» баромад намуда истодааст.
— Чаро аз шањри Исфара ягон даста то њол дар чемпионати Тољикистон баромад накардааст?
— Ба мо маблаѓ намерасад. Моро дар чемпионати вилояти њукумати шањр ва ширкати мобилии «Вавилон-Мобайл» сармоягузорї мекунад. Барои иштирок дар чемпионати вилоят бояд камаш 40 — 50 њазор сомонї лозим аст, вале барои чемпионати мамлакат 600-700 њазор даркор, ки сармоягузорони Исфара њамин миќдор пул људо карда наметавонанд.
— Чї тавре, ки ба мо маълум гашт, худи Шумо мактаби футболї доред. Ин мактабро кї дастгирї ва сармоягузорї менамояд?
— Акои Маъруфхўља Њамзаев, ширкати «Вавилон-Мобайл», хољагии ба номи Њамрохўља Мукаррамов сармоягузорї мекунанд. Онњо моро бо лавозимоти футболї таъмин менамоянд.
— Имсола сатњи гузаронидани чемпионати Тољикистон чї гуна аст?
— Аввалњо хуб буд, вале баъдан якчанд дастањо аз љињати молиявї танќисї кашиданд. Дастаи овозадори «Парвоз» њам аз љињати молиявї танќисї мекашад ва иштирок кардан дар Љоми Тољикистонро инкор намуд. Инчунин дастаи «Спитамен» њам аз идомаи чемпионат даст кашид. Сатњи гузаронидани чемпионат мисли пештара, ѓайриќаноатбахш аст.
— Ба футболи тољик чї намерасад? Мањорат ва ё маблаѓ?
— Мањорат намерасад. Мањорат аз он сабаб намерасад, ки мураббињои сахтгиру бомањорат надорем ва мактабњову варзишгоњњои хуб њам ба мо намерасад. Инчунин маблаѓ њам барои мо кофї нест.
— Ба назари Шумо имсола чемпиони Тољикистон кадом даста мешавад?
— «Вахш»-у «Регар» ва «Хуљанд»-у «Истиќлол» метавонанд то охир барои чемпионшавї мубориза баранд. Чунки дар ин дастањо футболбозони бомањорат гирд омадаанд. Инчунин ин дастањо аз љињати молиявї ягон проблема надоранд.
— Кї соњиби Љоми Тољикистон мешавад?
— Албатта «Истиќлол» мешавад, чунки ин даста дар даври нимфиналї дастаи «Регар-ТадАЗ» — ро дар сафар ва дар майдони худ ба шикаст рўбарў намуд.
— Кадом даста љоми вилояти Суѓдро соњиб гардид?
— Дар даври финалї дастаи «Эсхата»-и Хуљанд ва тими «Вавилон»-и шањри Исфара бо њам дидор анљом доданд ва дар натиља бо њисоби 1:0 бонкчиён ѓалаба ба даст оварда, соњиби љоми вилояти Суѓдро ба даст дароварданд.
-Ташаккур Осимљон барои сўњбати самимиатон.
— Инчунин ба Шумоён низ ташаккур, ки мо «собиќадорон»-ро фаромўш накардаед.

Ном ва насаб: Осим Бобоев
Санаи таваллуд: 1. 08. 1976
Зодгоњ: шањри Исфара
Вазн: 69 кг
Ќад: 174 см
Даста: Сомонком
Раќам: 9

    Мусоњиб Маќсудљон ИБРОЊИМОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

1 Comment »

  1. […] Осим Бобоев боғдорӣ мекунад Posted on September 19, 2009 by follower Мусоҳиб Мақсудҷон Иброҳимов, ОВИ «ВС». Бознашр аз торнигори Фан-Клуби «Парвоз» […]


RSS Feed for this entry

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: