ФУТБОЛИ ТОЉИК: «ЗЎРОВАРЇ ДАР МАЙДОН ИДОМА ДОРАД»


Гарчанде Тољикистон дар рейтинги љањонї оид ба футбол дар зинањои поён ќарор дошта бошад њам, вале ба гумони мо дар «разборка» ва љанг шояд дар садри аввали љањонї ќарор дошта бошад. Њамдигарнофањмї, њаќорат, љангу хархаша бо доварону раќибон ва њатто баъзан ваќт бо њамдастањои худ, дар байни футболбозони мо одат шудааст. Ин амал њатто дохили кишварро убур намуда ба берун низ баромадан дорад. Њоло ба шумо лањзањоеро аз ин «разборкањо»-и солњои 2005-2009 мисол меорем:


24 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2005.

ш.Хуљанд. Варзишгоњи «Спартак». Бозии байни «Хуљанд»- ХИМА. 2500 тамошобин.
Дар ин бозии зебо хуљандињо ба њисоби 2:0 ѓалаба карданд, лекин дар охири бозї мољарои ду тим оѓоз гардид. Довари марказї Равшан Ишматов якбора ба се бозингар корти сурх нишон дод: дуто ба мењмонон (Љалилов ва Раљабов) ва якто ба соњибони майдон (Расулов). Баъд аз бањсњои тўлонї довар корти ба Љалилов ва Раљабов таъин намудаашро бекор намуд.

14 АВГУСТИ СОЛИ 2006.
н. Мастчоњ. Варзишгоњи ба номи Н. Назиров. Дастањои «Олими Каримзод» — «Хуљанд» вохўрданд. 1000 тамошобин.
Бозї дар даќиќаи 63-юм боздошта шуд. Сабаб дар он буд, ки мухлисони масчогї ба майдон баромада ба футболбозон њуљум намуданд. Дар натиља, футболбозони «Хуљанд» Музаффар Њасанов, Шўњрат Шамсиев, Љомихон Муњиддинов ва Њусейн Љалолов љароњатњои гуногун бардоштанд.

20 АВГУСТИ СОЛИ 2006.
ш. Душанбе. Варзишгоњи марказии пойтахт. Бозии байни ХИМА – «Вахш»
Футболбозони ХИМА-и Душанбе баъди анљоми ин вохўрї љанљоли калоне ташкил намуданд. Майдони варзишгоњ дар он ваќт ба љанги берун аз ќоидаро пеши назар меовард. Яъне монанд ба ринги «Бои без правил» буд.

20 АВГУСТИ СОЛИ 2006.   ш. Душанбе. Варзишгоњи марказии пойтахт. Бозии байни ХИМА – «Вахш»

20 АВГУСТИ СОЛИ 2006. ш. Душанбе. Варзишгоњи марказии пойтахт. Бозии байни ХИМА – «Вахш»

5 МАЙИ СОЛИ 2007.
ш. Душанбе. Варзишгоњи марказии пойтахт. Бозии байни ХИМА – «Регар» ТадАЗ. 1300 тамошобин.
Бозии марказии даври 7-ум байни ин ду даста бо бањсњои давомнок анљом ёфта буд. Сабаб дар он буд, ки довари марказ Рустам Холов, Комил Саидовро бо ду корти зард дар охири ќисми аввал аз майдон ронд.

2 ИЮЛИ СОЛИ 2008.

ш. Кўлоб. Варзишгоњи ба номи «Лангарї Лангариев». 350 тамошобин. Вохўрии дастањои «Равшан» — «Энергетик».
Дастаи «Равшан»-и Кўлоб «Энергетик»-и Душанберо дар майдони худ ќабул намуд. Бо шарофати ду голи задаи Сўњроб Њамидов «Энергетик» ѓалаба ба даст овард. Аммо дар охири вохўрї баъд аз садои њуштаки довар, роњбари дастаи «Равшан» ба майдон даромада, сардовар Алишер Ќараевро зад.

3 ИЮЛИ СОЛИ 2008.
ш.Турсунзода. Варзишгоњи «Металлург». Бозї байни дастањои «Регар ТАДАЗ» – «Саройкамар». 1500 тамошобин.
Даври 17-уми вохўрињои Чемпионати Тољикистон. Вохўрї бо њуљуми бозингарони Регар оѓоз гардид ва аввалин голро низ онњо заданд. Пас аз 28 даќиќа панљињо њисобро баробар намуданд. Вале баъд аз 7 даќиќа сардовари бозї Рустам Холов ба дарвозаи мењмонон љаримаи 11 метра таъин намуд. Ин амал аз тарафи саройкамарињо хуш ќабул нагардид ва сабаби норозигии онњо гардид. Дар натиља дарвозабони «Саройкамар» Дилшоди Рањматулло аз бозї хориљ карда шуд. Њамдастагони Дилшод барои њимояи ў њамчун нишони эътироз аз идома додани бозї даст кашиданд. Ин хархаша то ба Федератсияи Футбол расид ва аз дастаи «Саройкамар» ба маблаѓи 3 000 сомонї љарима ситонида шуд.

5 СЕНТЯБРИ СОЛИ 2009.
ш.Ќўрѓонтеппа. Варзишгоњи «Пахтакор». 10 000 тамошобин. Бозии дастањои «Вахш» — «Регар ТадАЗ».
Бояд тазаккур дод, ки дар замони изофии таъинкардаи сардовар, пас аз њуљуми мењмонон тўб вориди дарвозаи мизбонон шуд. Сардовар Рустам Холов ба мобайни майдон ишора намуд, яъне голро њисоб кард. Вале пас аз машварат бо ёвари худ, довари марзи майдон Мустафо Исломов, сардовар голи Комил Саидовро ба њисоб нагирифт. Зеро Исломов сардоварро бовар кунонд, ки мењмонон ќабл аз ин дар љаримагоњ ќоидаи бозиро вайрон карда буданд ва ў байраќчаашро бардошта буд, вале Холов дар ин маврид ба сўи ёвари худ чашм надўхта буд. Аз ин њукми доварон роњбарону мураббиён ва футболбозони «Регар» ТадАЗ ба хашму ѓазаб омада, бархе аз онњо доваронро дашном дода, латукўб карданд.

«Fair Play» БА МО «НЕ УКАЗ»!
Сабаби њама «разборкањо» чист? Кї ба ин гунањкор аст? Ин њама ба чї оварда мерасонад? Шояд сабаби аслии ин љангу хархашањо тарбияи нодурусти мураббињо бошад. Ё боз њамон дарди кўњнаи мањалгарої ба ин сабаб гардад. Ки медонад, шояд ё бозингарон худро аз њарифонашон боло мењисобанд. Хатогињои доварон њама ваќт њам сабаби «техникї» доранд, ё … Ба њар њол љавоби инро бењтараш аз мутахассисон пурсон шуд. Вале њаминро мегўем, ки то он замоне ин дард дар футболи мо вуљуд дорад, ѓалабаи њалол ва раќобати солим дар майдон вуљуд дошта наметавонад.
Чаро хархашаву њаќоратбозињо дар майдонњои калонтарини Аврупо дида намешавад? Ба ин савол љавоб чунин аст, ки онњо ба ќоидаи бозии «Fair Play» итоат менамоянд.

my game is fair play

my game is fair play


«Fair Play» — тарљумааш ба забони тољикї «бозии њалол» мебошад. Бозии њалол чунин маъно дорад, ки бояд њар як варзишгар, мураббї ва роњбарони даста хоњ вай калонсол бошаду ва хоњ љавон, бояд амали худро аз рўи ќоидаи муайяншуда њалол иљро намояд.
«Fair Play» – барои хубтар гузаштан ва ќонунвайронкунї нашудани бозињо соли 1958 ташкил карда шудааст. Агар «Fair Play» барои футболи тољик даркор бошад, чаро инро дар майдонњои мо мушоњида намекунем. Инчунин пеш аз саршавии дидор дар њамаи варзишгоњњо барои хотиррасон намудан, чор нафар футболбозони љавон «плакат»-еро бо навиштаи «my game is fair play» (бозии ман њалол аст) ба варзишгоњ мебароранд. Оё футболбозони мо ба ќоидањои «Fair Play» итоат мекарда бошанд ва барои чї њар сол камаш 2-3 маротиба дар рафти чемпионатамон љангу хархашањои гуногун ба амал меояд? Чаро футболбозони сатњи байналмилалї ба ќоидаи бозии «Fair Play» риоя мекунанду мо, ки футболбозони ѓайрикасбї дорем, ба ин риоя намекунанд.
Мисол меорем, бозии лигаи чемпионњои Аврупои соли гузаштаро:
Довари ФИФА Том-Хеннинг Эвребе, ки бозии байни «Челси» – «Барселона»-ро (1:1) дар даври нимфинали Лигаи чемпионњо доварї намуда буду боиси љангу хархаша гашта буд. Ў якчанд 11-метрањои 100 %-аро ба дарвозаи «Барселона» таин нанамуда буд ва боиси норозигии футболбозони «Челси» гардид. Чунин футболбозон ба мисли Михаэл Баллак, Дидие Дрогба ва Френк Лемпарду Љон Терри чаро доварро барои чунин муносибаташ зада аз пой наафтониданд? Магар онњо љанг карда наметавонистанд, ки аќаллан ба довар даст нарасониданд. Дрогба наметавонист, ки бо њамин љуссаи калони худ, доварро лату кўб намояд? Метавонист, албатта метавонист, вале аз обрўю нуфузи худ ор мекард. Инчунин ў ќоидаи бозии њалолро медонист.
Чаро бозингарони мо аз Баллаку Дрогба дарси ибрат намегиранд. Агар футболбозони мо дар лигаи чемпионњои Аврупо баромад менамуданд, мумкин довари бечораро аз зарби задан ба њалокат мерасониданд.
Чаро ФФТ ин амалњои футболбозони моро ќатъї манъ наменамояд? Хатогињои доварон чаро баъзе ваќтњо танњо ба зарари як тараф рух медињад? Ва ё чаро мураббиёни мо барои барпо нашудани љанг тарафдор нестанду, ба доварњо мечаспанд? Оё дар он бозии «Челси» — «Барселона» дидед, ки Гуус Хиддинк ба футболбозонаш њамроњ шуда, зидди довар хеста бошад? Не ва боз не! Инчунин даври 1/8 финалии чемпионати љањони соли 2006- ро мисол меорем:
Дар ин давр дастаи Австралия дар даќиќањои охирини бозї аз зарбаи 11-метра голро ба дарвозаи худ сар дода, аз идомаи мусобиќот мањрум гашт. Ин пеналти сохта буд, вале австралињо ба довар муќобилият нишон надода буданд-ку! Боз њамон Гуус Хиддинк сармураббии Австралия ба шумор мерафт ва дар нитшасти баъд аз бозї дар бораи доварии ноњаќии рефери дањон боз нанамуд. Агар дар чемпионати Тољикистон пеналти таин карда шавад, ба сармураббињо Худо дод: маѓлубиятро аз довар мебинанду худро сафед мекунанд.
Биёед футболбозони азиз, ба ќоидањои футбол риоя намоем. Охир довар ду чашм дорад ва барои дидани њаргуна њолатњо имконият надорад. Бояд худро њурмат намуд ва ору шарафро нигоњ дошт ва ба њар як њолатњо назарногир љанг набояд кард. Он ваќт обрўю шарафи футболи мо дар љањон боло мехезад. Магар, мо намехоњем, ки нашрияњои давлатњои Италияву Испанияву Англия аз аљоиботи футбол навишта чунин ќайд намоянд, ки ягона давлате, ки чемпионаташ бе ягон љангу љанљол мегузарад, ин чемпионати Тољикистон мебошад? Албатта, њар як фарди Тољикистон инро мехоњад, вале футболбозони мо дар майдони футбол байни худ љанг эълон менамоянд. Инчунин ба федератсияи футболи Тољикистон мурољиат карда гуфтанием, ки барои ќоидавайроникунињо танњо бозингаронро гунањкор насозанд, инчунин ба кори доварон низ ањамият дињанд, зеро гуфтаанд: «То шамол нашавад, шохи дарахт намељунбад».
Санаи њафтуми марти соли 2007-ум дар ваќти бозии лигаи чемпионњои Аврупо дар шањри
Чанги Валенсия бо Интер

Чанги Валенсия бо Интер

Валенсия тими Валенсия дастаи Интерро ќабул намуд, вале дар охири дидор бозингарони дастањо ба њам љанги тан ба тан барпо намуданд. Касе киро мехост мезад ва мегурехт. Ин амали онњо номардона буд, чунки онњо бояд якдигарро њурмат мекарданд. Сабаби љангро ман дар он мебинам, ки футболбозони дастаи Италиявињо аз идомаи мусобиќот мањрум гардида буданд. Вале, баъд аз як рўз футболбозони њарду даста ба якдигар занг зада, бахшиш пурсиданд. Ин њам аз рўи ќоидаи футбол аст. Хушбахтона онњо аз якдигар бахшиш пурсиданд, вале футболбозони мо бахшиш мепурсида бошанд? Аз љанг ягон кас фоида надида буд, надидааст ва нахоњад дид.

Дар бораи оне, ки дар Тољикистон ќоидаи «Fair Play» риоя мешавад ё не мо ба мутахассисон мурољиат намудем:

ПЎЛОД ЌОДИРОВ, САРМУРАББИИ ТИМИ МУНТАХАБИ ТОЉИКИСТОН
Дар футболи имрўза ба љангу љанљол роњ набояд дод. Намедонам, аз кадом сабаб бозингарони мо љанг мекунанд. Ман чунин мепиндорам, ки ин ноњурматї нисбат ба мухлисон аст. Бояд, ки ба майдон баромадї ва доварро, ки интихоб намудї, ба ќарорњои ў риоя намої. Инчунин дар футболи мо расм шудааст, ки роњбарони дастањо њам ба майдон баромада, љанг менамоянд. Мисол ман бозии «Динамо» — «Спартак»-ро (1:1) тамошо намудам ва дидам, ки чанд маротиба довар иштибоњ намуд, вале футболбозони дар майдон буда, њарфе накушоданд. Инчунин њаминро гуфтаниам, ки дар майдони футбол бояд маданияти худро нишон дод. Бале, довар иштибоњ мекунад, вале набояд барои ин иштибоњаш бо довар љанг намої. Ин гуна амалиётњо пешгирї надорад. Ба фикри ман бояд пеш аз ба майдон баромадани футболбозон мураббї ба онњо фањмонад, ки дар њама њолат довар њаќ аст. Fair Play-и байналмилалиро бояд мо иљро намоем. Мисол худи ман ба дастпарваронам пеш аз ба майдон баромаданошон мефањмонам, ки довар довар аст. Ту футболбоз њастї. Ту фаќат футболро дон, ба хатогињои довар ањамият надењ.

ЎРОЗ ТЎРАЌУЛОВ, САРМУРАББИИ ТИМИ «ХУЉАНД»
Аввалан, барои ин мураббињо гунањкоранд. Бояд њар як мураббї пеш аз бозї ба дастпарваронаш ќайд намояд, ки довар дар њама њолат њаќ аст. Дар бозии «Вахш» — «Регар ТадАЗ» доварро задаанд. Кї задааст? Собиќ футболбози дастаи «Хуљанд» ва бењтарин муњофизи мавсими гузашта, Даврон Эргашев. Ин барои чї? Бо љангу љидоли ў довар голро њисоб накард-ку! Барои ин доварро бояд гўш дод. Ман пеш аз ба майдон баромадани дастпарваронам њаминро мегўям, ки бояд дар майдон аз тарафи довар чи коре, ки шуд, ба он њамроњ нашавед. Охир бозии мо Fair Play аст-ку!
Инчунин њаминро гуфтаниам, ки доварони мо аз ин зиёд доварї карда наметавонанд. Ба онњо бояд мактабњои махсус боз намудан лозим аст. Мумкин солњои минбаъда сатњи футболи мо хубтар шавад. Инро ваќт нишон хоњад дод ва боќї ба њамаи дастањо дар рафти чемпионат барор мехоњам.

ЊОМИД КАРИМОВ, САРМУРАББИИ ТИМИ «ПАРВОЗ»
Дар марњилаи аввал дар шањри Ќўрѓонтеппа якчанд футболбозони мо бо доварон сар ба сар шуда, њаќоратњои бадро нисбати довар Олим Норбоев равон намуданд. Онњо аз тарафи ФФТ огоњонида шуданд ва дар ваќти гузаронидани сўњбати даставї низ мо онњоро љазо додем. Ин футболбозон Эгамбердиев, Нуруллоев ва Тоњиров буданд. Онњо 4-5 бозї њунарнамої накарданд. Ин аз њисоби худи онњо буд, чунки ќоидаи бозии Fair Play-ро иљро накарданд.
Барои аз ин вазъият баромадан мо бояд барои футболбозони худамон семинарњо гузаронем ва машќњои таълимї дињем ва бозињои бењтарини аврупоиро ба онњо нишон дињем. Инчунин хуб мешуд ки доварон низ дар майдон эњтиёткорона ва бо мањорати баланд вазифаашонро иљро намоянд.

ЃАЙРАТ МИРАЊМАДОВ, САРМУРАББИИ ТИМИ «РАВШАН»
Аввалан, дар рух додани ин њодисањо дар аксар ваќт худи доварон гунањкор њастанд. Аз аввали бозї сахт истаду барои њар як амали нољоя корт нишон дињад, дигар футболбоз ба ў итоат мекунад. Ва агар ў пайваста гуноњњои футболбозонро бахшад, футболбоз боз њамон корњои нољуяи худро такрор менамояд, ки боиси љангу љанљол хоњад шуд.
Барои ин хислатњоро нест кардан, бояд сармураббињо ба футболбозонаш ќоидаи бозиро фањмонад. Ваќте, ки футболбоз љанг кард, як-ду моњ аз маош мањрум ва ё ин ки кам кардан лозим аст ва баъдан мебинї, ки њамааш гулай!

Реклама

1 Comment »

  1. […] Бознашр аз торнигори Фан-Клуби «Парвоз» […]


RSS Feed for this entry

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: