САМАД ШОЊЗУЊУРОВ: «Дўстонам зиёданд»

МАЪЛУМОТНОМА
Ному насаб: Самад Шоњзухуров
Санаи таваллуд: 8-12-1990
Зодгоњ: ш. Душанбе
Шањрванди: Тољикистон
Ќад: 175
Вазн: 68
Мавќеъ: Нимњимоятгар
Даста: Истиќлол
Раќам: 7

Самад Шоњзуњуров бозии хоси худро дорад. Дриблинги хуб, дидани майдон ва зарбањои нишонраси ин бозингари тими љавонони Тољикистон ва дастаи «Истиќлол» боиси дилбастагии садњо мухлисони футбол ба ў гаштаанд.

— Самад, Шумо дар кўдакї орзуи кї шуданро дар дил мепарваридед?
— Аз кўдакї орзуи кайњонавард шуданро мехостам, аммо аз синни шашсолагї падарам маро ба футбол бурд.
— Чї сабаб шуд, ки Шумо ба футбол рў овардед?
— Аз хурдї бо бачањо футболбозї мекардам, бисёр таљрибаи хуби футболбозї карданро орзу доштам ва дар дил нисбат ба футбол шавќу њаваси зиёд пайдо кардам.
— Мураббии аввалини Шумо дар футбол кї буд?
— Аввалин мураббии ман дар футбол Изатулло Мирзоев буд, ки ман бисёр нозукињои футболро аз ин кас омўхтам.
— Аз кўдакї то њозир чї хотирањо дар ёдатон наќш бастааст?
— Аз кўдакї то инљониб бисёр хотирањои фаромўшнашаванда ба ёдам аст. Ба монанди турнирњое, ки дар љумњурї ва хориља бозї мекардем ва љойњои намоёнро сазовор мешудем, тўњфањо мегирифтем ин бисёр хурсандиовар ва хотирмон буд.
— Оё шудааст, ки Шумо њангоми мактабхонї аз дарсњо гурехта, ба бозињои футбол мерафтед?
— Ин воќеањо дар айёми мактабхониам бисёр рух медоданд, ки ман аз дарсњо гурехта, ба футбол мерафтам. Махсусан ваќте, ки ман дар синфи 8 ва 9 тањсил мекардам, ќариб тамоман мактаб намерафтам.
— Дар оила нисбат ба футбол чї аќида доштанд?
— Ба футболбозии ман падару модарам зид набуданд, онњо мехостанд, ки ман яке аз бозингарони бењтарин шавам.
— Голи нахустини худро дар ёд доред?
— Голи нахустини ман дар лигаи олї ин ба дастаи «Регар» ТадАЗ буд.
— Оё дар ягон бозї рекорд гузоштаед?
— Бале, ман дар лигаи олї ба дастаи «Саройкамар»-и Панљ 4 тўб (покер) зада будам. Он ваќт дар дастаи «Хима» бозї мекардам.
— Кай бори аввал дар њайати дастаи мунтахаби Тољикистон ширкат намудед?
— Бозии нахустини ман дар тими мунтахаби Тољикистон ин бо тими мунтахаби Сингапур буд.
— Чї тавр шуд, ки Шумо ба дастаи «Истиќлол» омадед?
— Он ваќт дар дастаи Динамо-и шањри Душанбе бозї мекардам. Дар охири мавсим маро президенти дастаи «Истиќлол» Шоњрух Саидов ба дастаи худ даъват намуд ва ман ба ин таклиф розигии худро додам.
— Дар даври дуюми чемпионати Тољикистон чї наќшањо доред?
— Кўшишу ѓайрат мекунем, ки бозии хуб нишон дода, яке аз љойњои намоёнро ишѓол кунем.
— Кї фаворити асосии чемпионат ба њисоб меравад?
— Асосан фаворит ин дастањои «Хуљанд», «Вахш», «Регар» ТадАЗ, «Истиќлол» мебошанд, ки бисёр техника ва тактикаи хуби бозї карданро дар чемпионат доранд.
— Дар даври финалии Љоми Тољикистон, ки бо дастаи ССКА Помир бозї мекунед, чї гуфтанињо доред?
— Инро гуфтаниам, ки мо барои даври финалии Љоми Тољикистон бисёр тайёрии хуб дида истодаем ва бозии хеле хуб нишон хоњем дод.
— Аввалин маоши Шумо дар кадом даста буд ва онро чї тавр сарф намудед?
— Ман маоши аввалинамро дар дастаи «Хима» гирифтам ва онро бо рафиќонам дар чойхона якљоя нишаста, сарф намудем.
— Маоши Шумо дар дастаи «Истиќлол» чанд сомонї аст?
— Дар дастаи Истиќлол таќрибан 1000 сомонї маош мегирам, ки ин барои ман басандааст.
— Агар махфї набошад, Шумо дар куљо маоши баланд гирифтаед?
— Ваќте, ки дар чемпионати Осиё љои сеюмро гирифтем ба ман 3000 доллар маош дода буданд.
— Ба фикри Шумо, танаффўси тўлонї дар бозињои тими мунтахаби Тољикистон ба он оварда намерасонад, ки бозингарон њамдигарфањмї ва њолати омодагии худро гум мекунанд?

Самад Шохзухуров

Самад Шохзухуров


— Танаффўси хеле зиёд буд, вале бисёр футболбозони тими мунтахаб дар дастањои «Регар» ТадАЗ, «Вахш», «Хуљанд», «Истиќлол», «Парвоз», ССКА «Помир» ва ѓайрањо бозї мекунанд, байни худ ќувваозмої карда, ба њар њол, њамдигарфањмї ва омодагии худро пайдо мекунанд.
— Миёни футболбозон дўстони зиёд доред?
— Бале, ман миёни футболбозон дўстони зиёд дорам, инњо Фатњулло Фатњуллоев, Дилшод Восиев, Эраљ Раљабов ва умуман њамаи футболистони дастаи «Истиќлол».
— Рафиќоне доред, ки дар њар як бозињоятон иштирок намуда, ба Шумо мухлисї мекунанд?
— Рафиќоне, ки дар њар як бозињои мо иштирок намуда, ба ман мухлисї мекунанд, инњо мебошанд: Далер, Пўлод, Эњсон, Парвиз ва ѓайрањо.
— Ба кадом дастаи футболи хориљї мухлисї мекунед?
— Ман ба дастаи «Барселона»-и Испания мухлисї мекунам. Дастаи олиљаноб, футболбозони бењтарин.
— Ба фикри Шумо, кадом даста соли оянда чемпиони љањон мешавад?
— Фикр мекунам ки дастаи мунтахаби Испания муваффаќияти Аврупоии худро идома дода, ќањрамони љањон хоњанд шуд.
— Дар оянда чї наќшањо доред?
— Дар оянда наќша дорам, ки бозињои хуб нишон дињам, дар мусобиќањои нав ба нав иштирок намуда, сазовори љойњои намоён гардам.

    Фирдавси АВАЗЗОД, махсус барои «ВС»
    Дўстдоштањо:
    Футболбоз: Хави
    Автомобил: BMW
    Хўрок: Оши палав
    Шиор: Њамеша ба пеш
    Филм: Бригада
    Ранг: Сафед
    Њофиз: Муборакшо
    Хоббї: Тенниси рўи мизї
Реклама
%d такие блоггеры, как: