«РЕКОРД»-И НАВБАТИИ ФУТБОЛИ ТОЉИК

Рўзи 2- юми сентябр ФИФА фењрасти навбатии тимњои миллиро пешнињод намуд, ки Тољикистон дар он мавќеъи худро 17 зина аз даст дода, дар љойи 174 ќарор гирифт ва антирекорди навбатии худро гузошт. То ин дам натиљаи пасттарини тими милии Тољикистон зинаи 168-ум дар соли 2002 буд.

Тими футболии Точикистон

Тими футболии Точикистон


Натиљаи бењтаринашро бошад тими мо соли 1997 ба даст оварда буд ва он ваќт дар мавќеи 118 ќарор дошт.
Як сол шуд, дастаи милии мо на тамринњо доир намудасту на бозињои рафиќона, пас ин љо суоле пайдо мегардад, ки оё ба мо умуман тими миллї лозим аст ё на? Сол аз сол дар чемпионати Тољикистон чунин воќеъа рух медињад — дастае муддате дар лигаи олї баромад намуда, баъдан бо сабаби танќисии молиявї аз идомаи ширкат дар мусобиќа даст мекашад. Умуман оё дар Тољикистон футболи касбї вуљуд дорад. Чї бояд кард, ки сатњи футболи тољик ба стандартњои байналмилалї љавоб дињад?

Агар имрўзњо ягон масъули соњаи футболро пурсї сабаби паст будани имрўзи футболи тољик дар чист, ў албатта танќисии молиявї ва љанги шањрвандие, ки дар љумњурии мо солњои 1992-1997 ба амал омада буд, бањона меорад. Вале имрўзњо ба муваффаќияти тими Кот-д-Ивуар нигоњ мекунию мефањмї ки ин љуз бањонае нест, зеро дар ин кишвари Африќои ваъзияти иќтисодї нибат ба кишвари мо бењтар нест, љанги шањрвандї бошад то њол давом дорад.
Бо њадафи дастгирии ташаккули футбол бояд базаи молиявї ва технии дастањо бењтар гардад. Варзишгоњњо ба талаботи ФИФА љавоб гўянд. Федератсияи футболи Тољикистон ва дастањо бояд харљи худро пўшонад ва бо даромадњои худ таъмин шавад.
Барои тайёр намудани футболбозон бояд шароити хуб фароњам оварда шавад. Имрўзњо сатњи футболи љањони хело боло рафтааст. Ва мо бо он кадрњое, ки аз солњои шўравї боќї мондаанд, сатњи футболи худро боло бардошта наметавонем, зеро имрўзњо дар хориља футболбозонро аз рўи барномањои муосир ва замонавї тайёр менамоянд. Бояд барои тайёр намудани футболбозони наврас муррабиёни љавон аз хориљи кишвар даъват карда шаванд.
Чанд сол ќабл барои баланд бардоштани сатњи футбол дар Љумњурии Украина дарси футболро дар мактабњои тањсилоти њамагонї љорї намуданд. Дар кишвари мо низ метавон ин таљрибаро истифода бурд.
Бояд, ки дар љумњурї мактаби мураббиён ва доварон кушода шавад. Њамчунин метавон шўъбаи МОМ (Мактаби олии мураббиён) -и Русияро дар Душанбе кушоем.
Њамчунин барои бењбудї ёфтани кор бояд њар як даста, ки дар чемпионатњои Тољикистон ширкат менамояд, мактабњои варзишии худро доро бошад.
Фонди дастгирии футболро дар тамоми манотиќи Тољикистон бояд ифтитоњ намуд.
Чанд сол ќабл дар љумњурии њамсоя, Ўзбекистон барномаи рушди футбол ќабул карда шуда буд, ки мувофиќи банде аз он њамаи дастањо ба муддати се сол аз андоз озод карда мешаванд.
Соњибкоронро бояд њавасманд кард, ки ба футболи тољик маблаѓгузорї намоянд ва онњое ки ба ин кор даст мезананд, њукумат метавонад якчанд муддат аз андоз озод намояд ва ё фоизи андози онњоро кам намояд.
Инчунин барои баланд бардоштани сатњи футбол оммавияти он зарур аст, зеро чи ќадаре, ки бештар наврасон ба ин бозї майл дињанд, њамон ќадар хубтар аст.
Барои бештар љалб намудани кўдакон лозим аст, ки фонди футболбозони наврасро ташкил кунем. Фонди мазкур бояд дар тамоми минтаќа ва навоњии љумњурї фаъолияти худро густурда намояд. Мутаассифона, имрўз дар ягон лигаи чемпионатњои љумњурї ягон намояндаи бузургтарин вилояти љумњурї — Бадахшон ширкат намеварзад.
Бояд ќайд кард, ки њамаи ин барномањо бояд дар сатњи давлатї ќабул карда шаванд, то давлат ба корњои футбол дахолат накунад ва ёрдами худро нарасонад, сатњи футболи мо ба пеш намеравад.

Мутахасиссони соња дар ин бора чї фикру андеша доранд?

Салимљон Султонов, собиќадори футбол:
Салимчон аз тарафи рост

Салимчон аз тарафи рост


Њамаашро бояд аз футболи наврасон оѓоз намуд ва футболро бояд оммавї намуд. Дар ин масъала Иронро мисол мебиёрам, дар он љо њар сари ќадам сексияњои кўдаконаи мини- футбол вуљуд дорад. Кўдакони мо кам ба машѓулияти футбол мераванд, зеро дар он љо шароити хуб нест ва онњо хумори футболбозии худро дар кўчањо мешиканад Айни њол мактабњои наврасони шањрї хуб амал наменамоянд, мактабњои љумњуриявї бошанд базўр фаолият мекунанд. Кўдаконро бояд бо либосњо ва тўбњо таъмин намуд. Дар сурати оммавият ёфтани футбол њама ба майдонњо меоянд ва сафи мухлисон зиёд мегардад. Сафи футболбозони љавон низ ва аз байни онњо бењтаринашонро људо кардан бошад ин кори мост. Бояд шароити хуб фароњам оварда шавад ва чунин кўдаконро љамъ кард.

Салоњиддин Ѓафуров, сармураббии дастаи «Истиќлол» ва тими љавонони Тољикистон:

Салохиддин Гафуров

Салохиддин Гафуров


Ин танњо аз Федератсияи футбол вобаста нест, бояд давлат ёрдам кунад, сарпарастони хуб пайдо шаванд. Аз тарафи дигар сабаби поён рафтани рейтинги тими миллии Љумњурии Тољикистон ин бозї накардани дастаи мо буд. Мутаассифона дар ин муддат мо ягон бозии расмї надоштем. Барои баргузор кардани бозињои рафиќона бошад маблаѓ нест. Барои баланд бардоштани сатњи футбол дар љумњурї бояд инфраструктураи онро иваз кунем. Майдонњои хуб бояд дошта бошем на як дуто балки дар тамоми манотиќи љумњурї ва натанњо барои калонсолон , балки барои кўдакон низ. Зеро дар майдонњои имрўза мураббиён наметавонанд он чизеро, ки мехоњанд ба наврасон омўзонанд. Барои он, ки дар майдон ё алаф нест, ё он пасту баланд аст. Бинобар ин дар майдонњо хуб тамрин кардан душвор аст. Ба футболи хориља нигоњ кунед, дар он љо шароит дигар аст — майдонњои хуб, либосњои нав, автобусњои замонавї, агар дар мо низ чунин шароит бошад кўдакони мо низ њавасманд мегарданд.

Дамир Камолиддинов, сармураббии тими милии Тољикистон аз рўи футзал :

дамир_камалетдинов

дамир_камалетдинов


Гап дар сари он нест, ки мо бад бозї мекунем, гап дар сари он аст, ки мо умуман бозї намекунем. Ин маънои онро надорад, ки мо нисбат ба ќирѓизњо ва ё туркманњо сустем. Ана тими Ќирѓизистон 5 бозї доир намуд ва танњо дар як бозї ѓолиб омада 17 зина боло рафт. Ё худ Русия бозии рафиќонаашро ба Аргентина бохта бошад њам, дар њамон љойи 5-ум боќї монд. Ба мо бошад вазъияти бади иќтисоди кишвар имконият намедињад, ки бозињои рафиќона доир намоем. То он ваќте, дар мо чунин њолат боќї мемонад, натанњо футбол, балки ягон намуди варзиш тараќќї нахоњад кард.

Тољикистон миёни 15 кишвари собиќи Иттињоди Шўравї ба зинаи охирин — 15-ум фуромад. Русия миёни ин кишварњо дар љои аввал ва дар фењристи љањонї мавќеъашро дар радифи 6-ум нигањ доштааст. Украина дар байни кишварњои собиќи шўравї дуввум, вале дар љањон 6 зина поин шуд — 25-ум. Мавќеъи дигар дастањои миллии кишварњои собиќи Шўравї дар фењристи FIFA:
58. Латвия (56-ум буд). 62. Литва (59). 77. Беларус (74). 85. Ўзбекистон (79). 88. Молдова (87). 112. Гурљистон (103). 114. Эстония (112). 125. Арманистон (123). 136. Ќазоќистон (130). 139. Озарбойљон (137). 143. Ќирѓзистон (160). 147. Туркманистон (145). 172. Тољикистон (155).

Дастаи миллии Бразилия дар садри фењристи FIFA ќарор дорад. Испания, ќањрамони Аврупо-2008, дар љои дуввум ва Њoланд дар љои севум мебошанд. Миёни дањ тими бењтарини љањон, инчунин, Италия (чемпиони феълии љањон), Олмон, Русия, Инглистон, Аргентина, Хорватия ва Фаронса љойгир шудаанд.
Дар ин фењрист дањ тими бењтарини Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) инњоянд: Австралия (14), Љопон (40), Кореяи Љанубї (49), Эрон (60), Бањрайн (64), Арабистони Саъудї (65), Уммон (74), Ќатар (83), Ўзбекистон (85) ва Кореяи Шимолї (90).

Манучењр МАЌСУДОВ, ОВИ «ВС»

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: