ГАР ПОЙДЕВОР МУСТАЊКАМ НАБОШАД…

Чи тавре ба њамагон маълум аст, дар њар як намуди њунар аз хурдсолї пойдевори устувор набошад, њунарманди комил ба воя расонидан душвор аст. Атрофи ин мавзўъ сўњбате дорем бо директори мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї оид ба футбол Ќосим Ќурбонов.

— Акои Ќосим, дар оѓози сўњбат каме дар бораи фаъолияти кории худ маълумот медодед?
— Ман аз соли 2004-ум њамчун директори Мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї (МЉМОВ) оид ба футбол кор карда истодаам. Собиќаи кориам зиёда аз 24 сол шудааст. Аз соли 1985 њамчун мураббии мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї кор кардаам.
— Дар бораи мактаби мазкур чї гуфта метавонед?
— Мактаби номбурда яке аз мактабњои кўњнатарин ба њисоб меравад, ки он соли 1950-и асри гузашта ташкил шудаст. Дар ин мактаб 24 гурўњ мављуд аст, ки дар он зиёда аз 220 нафар варзишгарони љавон тањти роњбарии 13 нафар мураббї мањорати худро сайќал дода истодаанд.
— Дар мактаби Шумо аз кадом синну сол тарбиятгирандагонро ќабул менамоянд?
— Асосан мактаби номбурда футболбозони аз 14 сола болоро ќабул мекард. Аз сабаби набудани захирањо мо маљбурем, ки аз синни 8 солагї ќабул намоем.
— Дар ин мавсим чанд мусобиќаи байналмилалї ва љумњуриявию шањрї гузаронидаед?
— Дар ин мавсим дар мусобиќаи кушоди мактаб байни наврасони солњои 1992-1993. 1994-1995, 1996-1997,1998-1999 гузаронидем, ки зиёда аз 200 нафар футболбозони наврас иштирок карданд.
Чи хеле, ки ба шумо маълум аст, моњи июн мусобиќаи кушоди љумњуриявї барои хотираи мураббии шоистаи Љумњурии Тољикистон Тер Казарян гузашта буд, ки
дар он 8 даста аз шањру вилоятњои љумњурї иштирок карда, дар байни онњо мактаби мо љойи аввалро ишѓол кард. Аз 6-ум то 12-уми августи соли љорї дар Љумњурии Ќирѓизистон мусобиќаи байналмиллалї барои хотираи мураббии шоистаи Љумњурии Ќирѓизистон Валерий Николаевич Низов баргузор гашт, ки дар он 6 даста аз Љумњурињои Ќирѓизистон, Ќазоќистон ва Тољикистон иштирок намуда, дастаи мо сазовори љойи дуюм гашт. Дастпарвари мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї Толиб Султонов футболбози бењтарини ин мусобиќа гардид.
— Дастовардњои МЉМОВ оид ба футбол назар ба солњои гузашта чї гунаанд?
— Дастовардњои мактаб назар ба солњои гузашта хеле хуб аст. Чи хеле, ки мебинем, дастаи мактаб дар чемпионати Тољикистон байни дастањои лигаи якум баромад карда истодааст. Дуюм ин ки зиёда аз 13 нафар дастпарварони мактаб номзад ба дастаи наврасони љумњурї, ки то синни 16 сола мебошанд, даъват карда шудааст.
— Мураббиёни мактаби Шумо дар омўзиши футболбозони љавон бо чї мушкилињо рўбарў меоянд?
— Мушкилии асосие, ки ба њама маълум аст, ин нарасидани майдонњои футбол мебошад. Бошгоњи асосии мактаб дар варзишгоњи марказии љумњуриявї воќеъ гаштааст. Дар њамин майдон 10 нафар мураббиён кор карда истодаанд, ки ин ба талаботи имрўза тамоман љавоб намедињад.
— Мураббиён мерасанд?
— Аз сабаби нарасидани майдонњои футбол мо наметавонем сафи мураббиёнро зиёд гардонем. Барои гурўњњои њозира бошад мураббиён басандаанд.
— Барои мураббиён курсњои такмили ихтисос мављуд аст?
— Асосан мураббиёне, ки дар мактаби мо кор мекунанд, њама аз рўи ихтисос курсњои омўзиширо хатм намуда, соњиби литсензияњои А, В њастанд, бисёрии онњо мураббиёни шоистаи љумњурї мебошанд.
— Шароити маишии тарбиятгирандагон дар кадом њол аст?
— Мушкилии асосї ин нарасидани утоќњои либосивазкунї, љойњои оббозї барои футболбозони мо мебошад. Таъмини лавозимотњои варзишї нисбат ба солњои дигар барои футболбозони мо аз тарафи Кумитаи љавонон, варзиш ва сайёњї хубтар гардидааст.
— Маблаѓгузории мактаб аз кадом њисоб аст?
— Асосан маблаѓгузорї аз тарафи Њукумат карда мешавад.
— Пўшида нест, ки машќ дар њар як намуди варзиш пулакї аст. Дар гурўњњои Шумо барои машќ таќрибан чанд сомонї лозим аст?
— Мувофиќи низомномаи мактаби футбол гурўњњои асосие, ки дар мактаб машќ мекунанд, ройгон аст. Касоне, ки дар мактаби мо машќ мекунанд, мувофиќи низомнома барои онњо либосњои варзишї, тўб ройгон дода мешаванд.
— Пеш вазифаи Мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї оид ба футбол тайёр намудани футболбозони љавони лаёќатманд барои дастањои лигаи якум ва лигаи олї буд. Њозир мактаб имкон дорад, ки њамин вазифаро иљро намояд. Дар ин кор пеши роњи Шуморо чї монеањо гирифтаанд?
— Мо њаракат карда истодаем, ки футболбозони болаёќатро ба дастањои лигаи якум ва лигаи олї тайёр намоем. Вале чи тавре дар боло зикр намудам, пеш аз њама нарасидани майдонњои футбол, мусобиќањои љумњуриявї пеши роњро гирифтаанд. Чї тавре ба њамагон маълум аст, дар давоми сол њамагї як мусобиќаи љумњуриявї гузаронида шудааст. Пеш дар Њукумати Шўравї байни њар як синну сол дар як сол беш аз 35-40 мусобиќањо гузаронида мешуд. Аз сабаби бўњрони иќтисодї мо наметавонем, ки берун аз љумњурї, дар мусобиќањои байналмилалї иштирок намоем.
— Наќшањо ва гуфтанињои худ?
— Пеш аз њама наќшањои асосии мо тайёр намудани футболбозони болаёќат барои дастањои яккачини љумњурї то 16 сола ва аз он калон, барои дастањои лигаи олї ва лигаи якум мебошад. Мо ба ояндаи футболи тољик бо умеди нек менигарем ва боварї дорем, ки дар ояндаи наздик Мактаби љумњуриявии мањорати олии варзишї ба яке аз марказњои асосии тарбияи футболбозони бењтарин табдил меёбад.

    • Фирдавси АВАЗЗОД

    • Реклама

      Добавить комментарий

      Please log in using one of these methods to post your comment:

      Логотип WordPress.com

      Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

      Фотография Twitter

      Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

      Фотография Facebook

      Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

      Google+ photo

      Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

      Connecting to %s

      %d такие блоггеры, как: