Марҳилаи нахусти «Парвоз» (Ҷамъбаст)

Агар хамин хайъат мебуд ...

Агар хамин хайъат мебуд ...

Дурахшонтарин саҳифаи марҳилаи аввали «Парвоз» пирӯзии олиҷанобаш бар «Истиқлол» буд.

Аммо, дар маҷмӯъ, фикр намекунам, ки мухлисонаш аз «Парвоз» розӣ бошанд. Ҷойи панҷум пас аз марҳилаи аввал бо чаҳор холи камтар аз дастаи ҷойи чаҳорум…бо чунин натиҷа дастаиноҳияи Бобоҷон Ғафуров орзуи ягоне аз медалҳоро метавонад накунад. Дуруст аст, ки аксар бозигарони хуби порсолааш рафтанд, аммо нигаҳдошти Анвар Норқулов ва Ҷомихон Муҳиддинов барои Тоҳир Нурматов ба ҳар ҳол муваффақият буд. Ин марҳила ҳамчунин исмҳоеро чун Асадулло Бобоҷонов зоҳир кард. Асадулло феълан беҳтарин голзани дастааш мебошад.

Натиҷаҳо:

    «Энергетик» 1-2 «Парвоз» (Абдусамад Ҳоҷибоев (ду гол)
    «Парвоз» 0-0 «Гвардия»
    ССКА «Помир» 1:3 «Парвоз» (Анвар Норқулов, Ҷомихон Муҳиддинов, Асадулло Бобоҷонов)
    «Равшан» 1-1 «Парвоз» (Сӯҳроб Эгамбердиев)
    «Парвоз» 1-1 «Регар» ТадАЗ (Асадулло Бобоҷонов)
    «Спитамен» 0:0 «Парвоз»
    «Парвоз» 4:1 «Истиқлол» (автогол, Анвар Норқулов, Руслан Раҳматов, Асадулло Бобоҷонов)
    Вахш» 2:0 «Парвоз»
    «Парвоз» 1:3 «Хуҷанд» (Асадулло Бобоҷонов)

Голзанҳо:

    Асадулло Бобоҷонов -4
    Абдусамад Ҳоҷибоев -2
    Анвар Норқулов – 2
    Ҷомихон Муҳиддинов – 1
    Сӯҳроб Эгамбердиев – 1
    Руслан Раҳматов – 1
    Автогол – 1

Беҳтарин бозигар:

    Капитан Анвар Норқулов. Капитани ҳамзамон мунтахаби Тоҷикистон сутуни даста мебошад ва чеҳраҳои ҷавон ва то ҳол ноошнои «Парвоз» ҳамакнун дар бари капитан шонси давидан пайдо кардаанд.

Омор:

    9 бозӣ, 3 пирӯзӣ, 4 мусовӣ ва 2 нокомӣ. Таносӯби тӯбҳо 12-10.

Марҳилаи дуввум:

    Меҳмониҳои «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» барояш осон нахоҳад буд.

http://footballtj.wordpress.com

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: