«Парвозчиён» аз Нандо футболбози омузед

      • Зодрўз: 20.03.1984
        Рўзи зодрўз: Сешанбе
        Шањрванд: Испания
        Тим: Ливерпул (Англия)
        Номи пурра: Фернандо Хосе Торрес Санс
        Зодгоњ: Мадрид, Испания
        Моњи толеънома: Њут
        Мавќеъ: њамлагари марказї
        Тахаллус: «Эл-Нино» (кўдак)
        Ќад: 186 см
        Вазн: 70 кг
        Либоси аз ширкатњо: Hugo Boss
        Актриса: Паз Вега
        Актер: Роберто Бенини
        Филм: “Њаёт ширин аст”
        Китоб: “Ман — Диего”, Марадона
        Шањр: Сантяго-де-Компостела, ки дар он љо падар ва њамсараш таваллуд шудаанд
        Ба куљо рафтанро дўст медорад: Рим
        Орзу: Ѓолиб омадан дар Љоми љањон
        Кумир: Кико, Тиерри Анри
  • Фернандо Хосе Торрес Санс — футболбози испанї, њамлагари дастаи «Ливерпул» ва тими Испания. Ин футболбозе мебошад, ки дар њамаи раќобатњо раќибонаш аз ў њарос доранд, хусусан дарвозабон ва муњофизон. Бозии хуби ўро њамаи мо дар Чемпионати Аврупо-2008, ки дар давлатњои Швейсария ва Австрия шуда гузашта буд, дидаему шунидаем. Инчунин ин бачањак барои тими мунтахаби Русия «бадбахтї»-и зиёдеро дар ин чемпионат овард. Се партофти ўро њангоми бозии гурўњї бо тими Русия њамдастааш Давид Виля ба самар расонида буд (худи бозї бо њисоби 4-1 ба фоидаи испанињо анљом ёфта буд).

    ДАВРАИ КЎДАКЇ
    18 сол пеш дар синни 6 солагї дар яке аз кўчањои пойтахти Испания як нафар кўдаке бо номи Фернандо, аз сабаби рехтани ду дандонаш бо доду фиѓон ва гиряи худ њамаро безор карда буд. Бародари калониаш бо номи Исмоил ўро маљбур кунонид, ки дарвозабон шавад, вале њангоми рафти бозї бо тўб зада ду дандони Фернандоро меафтонад.
    «Аз 6 солагиам ман дарк намудам, ки бозии футбол барои ман ин як шуѓле аст, ки бояд онро ба сомон расонам. Бисёртар мехоњам миннатдории худро барои шоуи телевизионии кўдаконаи Испания бо номи «Оливер ва Бенжи»,- ба хотир меорад Эл Нино.
    «Ин силсиламултфилм буд ва дар њакиќат хеле љолибу диданї менамуд. Дар он дар бораи бачањое наќл мешуд, ки бозии футболро барои дилхушї дар кўдакиашон мекарданду оњиста-оњиста ба футболи калон ќадам монданд ва футболбози касбї гаштанд».
    «Баъд аз ин телешоу, ман бо бародарам ба кўча баромада футболбозї намудем. Ман худро мисли дар мултфилми дидаам тасаввур мекардам ва орзуи футболбози касбї шуданро низ доштам. Маро ба мавќеи дарвозабон монданд, вале як зарбаи бародарам сабаб шуд, ки ман мавќеамро таѓйир дињам. Баъд аз зарбаи ў ман хостам тўбро дорам, вале тўби гапногир рост ба дањонам омада зад ва боиси шикаста шудани ду дандонам шуд.»,- хотирањоро ба ёд меорад Фернандо.

    АТЛЕТИКО
    Муњаббати дуюмро ба футбол барои Нандо тими «Атлетико»-и Мадрид овард, ки ба ин даста бобояш Фернандои хурдакакро оварда монда буд. «Мо њамроњи бобоям дар бораи ин даста бисёр њарф мезадем. Ваќте ки сухан дар бораи футбол мерафт, бобоям даррав ба гап њамроњ мешуд. Аз як љињат ў дилсоф буд, ки бобоям мухлиси доимии «Атлетико» буданд».
    «Ваќте ки ман ба синни 9 расидам, аввалин маротиба банда ба хоначаи љоизавии тими «Атлетико» даромадам», — ба хотир меорад Торрес.
    Мумкин ки шумо ќадамњои аввалини Торресро дар футбол надонед.
    Дар синни 10 солагї ў ба дастаи «Rayo 13» њамроњ шуда бозї мекунад ва дар мавсими дебютиаш 55 голро ба самар мерасонад. Инчунин ин футболбоз аз он се нафароне буд, ки баъд аз ин мусобиќот аъзои тими «Атлетико» гардид.
    «Дар ин рўз ман хеле шод гашта будам. Акнун барои ман имкон даст дод, ки дар даста баромад намуда, мањорати худро нишон дињам.Њамааш чи тавре ки ман мехостам, њамин тавр гузашт».
    Дар мавсими оянда ў ба академияи тим шомил мегардад. Ин дар синни 11 солагиаш буд. Вале як сол пас ў бо шартнома бастан бо тими «Реал» -и Мадрид инкор мекунад. Дар синни 15 солагї 2 миллион фунт нархгузорї мекунанд. Инчунин дар синни 17 љавонтарин футболбозе буд, ки дар њайати тим баромад менамуд. Дар синни 19 солагї љавонтарин капитани даста дар тамоми таърихи он гардид. Њоло бошад ў 25 сол дорад .
    Худи форвард иќрор мешавад, ки ин натиљањо бе кўмаки оилааш њељ имкон набуд.
    «Ваќте ки ман дар ин синну сол дар тими «Атлетико» баромад менамудам, метавонистам аз он фахр кунам. Ин як њиссиёти аљибе буд. Ман њар ваќт фикр мекунам, ки ин бозии футбол аз аввал њамчун як шуѓли дўстдоштаи ман буд, вале њозир ман кї њастам? Футболбози касбї!».
    «Аз интихоби ман оила ба ваљд омада буданд. Њамаи аъзои оила маро дастгирї менамуданд. Њамаи шароитро барои банда фароњам менамуданд. Ягон кас дар он ваќт бовариаш намеомад, ки ман оянда кї мешавам».
    «Падарам њангоми нисфирўзї аз кор махсус барои бурдани ман то варзишгоњи «Атлетико» меомад ва баъдан худ боз ба идома додани кори давлатиаш мерафт».
    «Ваќте ки ман тамринњоро ба анљом мерасонидам, модарам аз он љо маро гирифта то хона меовард. Ба ман фарќ надошт, ки он рўз чи гуна рўз мешавад, шамоли сахт, борон, жола ва ё ин ки гармии аз њад зиёд. Ман бояд ба машќгоњ њозир мешудам. Њар ваќт модарам ба ман мегуфт: «Фернандо, агар ту худро хаста њис намоиву ба машќ рафтан нахоњї, дигар ба он љо нарав. Барои ту ягон кас шарт нагузоштааст, ки хар рўз ба футбол равї». Вале ман аз бозии футбол њељ ваќт хаста намешудам».
    «Ваќтњое мешуд, ки маро бародарам Исроил ва хоњарам Мари Пас ба машќ мебурданду то адои тамрин маро дар варзишгоњ пайгирї менамуданд. Ман фикр мекунам, ки агар оилаи мо ба ман чунин шароитњоро фароњам намеовард, кї медонист, ки ман ба чи вазифа љой мегирифтам».
    Дар синни 15-солагї ў бо дастаи «Атлетико» шартномаи касбї мебандад ва дар 17-солагиаш бозии дебютии худро дар њайати ин даста мегузаронад. Ин њангоми бозї бо тими «Леганес» буд. Баъд аз як њафта ў аввалин голи худро дар њайати даста ба дарвозаи тими «Албасете» ворид месозад. Дар мавсими 2001/02 «Атлетико», дар лигаи аввал баромад менамуд, бо шаш голи задаи худ барои баромадан ба лигаи олии Испания кўмак намуд. Мавсими оянда хубтар баромад намуда, 13 маротиба комёб шудааст. Мавсими 2003/04 барои ин футболбоз боз хубтар буд ва бозиаш омад кард. Дар ин мавсим ў 19 маротиба дарвозабонони њариф маљбур сохт, ки аз тўри дарвозаи худ тўбро гирифта ба маркази майдон интиќол дињанд. Ва дар њамон сол низ унвони капитании дастаро ба худ ихтиёр намуд.

    «ЛИВЕРПУЛ»
    Дар охирин вохўриаш дар њайати «Атлетико» Фернандо Торрес ба майдон бо навиштаи «You’ll Never Walk Alone» баромад.
    «Ливерпул» ин бозингари испаниро бо нархи рекорд барои тим 20,2 млн. фунт стерлинг харидорї намуд.
    «Интихоби ман барои шаш мавсим аст ва ман мехоњам ин шаш мавсимро ба пуррагї гузаронам. Ман ба худ чунин маќсад гузоштаам»,- чунин гуфт форвард.Мавсими дебютї дар чемпионати Англия бобарор омад. Ў дар 33 бозие, ки дар њайати даставї гузаронид, 24 маротиба зарбаи худро ба нишон расонидаст.
    «Эл-Нино» дар тим раќами 9-ро аз Бенитес дархост намуда, ба он соњиб гардид. Пеш аз ин бо раќами 9 Робби Фаулер ва Иан Раш баромад менамуд.
    Баъд аз бозињо Торрес чунон серкор аст, ки мондан гиред. Ў ба мухлисонаш автограф менависад ва ќалам дар дасти ў таќрибан 40 даќиќа меистад. Дар мавсими гузашта Торрес дар варзишгоњї «Энфилд Роуд» голи 50-умини худро дар њайати даста ба дарвозаи «Тоттенхэм» ворид намуд.

    ТИМИ МУНТАХАБ
    Нисбат дар тими «Ливерпул» Нандо дар њайати дастаи мунтахаб хуб баромад менамояд. Ваќте ки ў ба майдон меояд, њама аз ў њарос доранд. Тими Испания ба тамом бо Торрес ва Виля дар чемпионати љањон соли 2006 пурќувват буд. Ин тим яке аз фаворитони асосии мусобиќот ба шумор мерафт. Торрес дар аввалин дидор ба дарвозаи Украина як гол ворид сохт (4:0). Инчунин ду гол ба дарвозаи Тунис. Вале, дар даври 1/8 финалї испанињо аз фаронсавињо шикаст хўрда аз давом додани мусобиќот мањрум гардиданд. Аммо хушбахтї ба рўи испанињо баъд аз ду сол хандид. Дар моњи июни соли гузашта Испания баъд аз соли 1964 аввалин маротиба унвони чемпионии Аврупоро соњиб шуд, ки голи ягонаро дар даври нињої ба дарвозаи Олмон Торрес ворид сохт.

    Тим Лига Мавсим Бозї Гол

    Атлетико Сегунда 2000/01 6 1
    Сегунда 2001/02 37 7
    Приме́ра 2002/03 31 14
    Приме́ра 2003/04 40 21
    Приме́ра 2004/05 49 20
    Приме́ра 2005/06 40 13
    Приме́ра 2006/07 40 15
    Њамагї 243 91
    Ливерпул Премер 2007/08 46 33
    Премер 2008/09 38 17
    Њамагї 84 50

    Оставьте комментарий