Восиев ГОЛ зад

  • Номи пурра: Фарњод Восиев Саидљонович
    Зодрўз: 14 апрели 1990,
    Зодгоњ: Душанбе, Тољикистон
    Шањрвандї: Тољикистон
    Тими миллї: Тољикистон
    Мавќеъ: њимоятгар
    Даста: Сатурн
    Раќам: 61
    Ќад: 177 см
    Вазн: 66 кг
  • Фарҳод Восиев, тоҷикбача, капитани дастаи ҷавонони “Сатурн” ахиран барои нахустин бор дар бозии дастаи асосияш дар Премйер-Лига иштирок кард. На танҳо иштирок кард, балки боз … ГОЛ зад!!!

    “Сатурн” дар ин бозї бо њисоби ду бар сифр ѓолиб ва њисобро бо як зарбаи олиҷаноб бо сараш Фарњод Восиев боз кард. Дар даќиќаи 62-юм Дмитрий Лосков як зарбаи ҷаримавиро ба љаримагоњи раќиб, “Криля Советов”, њаво дод ва Фарњод Восиев тавонист аз чандин муњофиз ва њатто аз чунин номдори заррофаќаде чун Ян Коллер њам гузашта тўбро бо сараш вориди дарвоза намояд ва њисоби бозиро боз намояд. Пас аз задани гол Фарњод дастњоро боз карда, ба оѓуши Лосков давид. Браво, Фарњод. Табрик бо чунин оѓоз! Пас аз дањ даќиќаи Фарњодро, ки аллакай хеле монда шуда буд, иваз карданд.
    Пас аз бозї тамоми интернет дигар њарфи Фарњодро мезад. Дар торнамои расмии “Сатурн” аллакай мусоњибаи хурде бо Фарњод истодааст. Фарњод дар бораи голањ хоксорї карда, гуфтааст, партоб ба андозае олї буд, ки танњо сарро ба тўб гузоштан боќї монда буду халос. Фарњод гуфтааст, аз оѓозаш хеле хушњол аст, дар бист даќиќаи аввал асабонї будааст, вале баъдан худашро роњат њис кардааст. Фарњод гуфтааст, ду рўз ќабл аз бозї њамроњ бо дастаи асосї ба тамрин оѓоз кардааст ва сипас Андрей Гордеев, сармураббии феълии даста, ки њамчунин сармураббии Фарњод дар дастаи ҷавонон буд, ўро даъват карда, гуфтааст, “ин шонси туст”. Тавре медонем, Фарњод шонсро олиҷанобона истифода бурд. Воќеан, бидуни Фарњод дастаи ҷавонони “Сатурн” дар Самара шикаст хўрд.

    «Футболи Точикистон»

    Реклама

    Добавить комментарий

    Please log in using one of these methods to post your comment:

    Логотип WordPress.com

    Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

    Фотография Twitter

    Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

    Фотография Facebook

    Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

    Google+ photo

    Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

    Connecting to %s

    %d такие блоггеры, как: