Футболбоз-ракиби «Парвоз» бо «Варзиш-Спорт» мусохиба намуд

ФАТЊУЛЛО ФАТЊУЛЛОЕВ: «ГОЛ БА ДАРВОЗАИ
«РЕГАР-ТАДАЗ» 200 СОМОНЇ НАРХ ДОРАД»

Дўстдорони футболи љумњурии мо бо бозингари љавони боистеъдод Фатњулло Фатњуллоев пас аз баромади бомуваффаќияти тими наврасони Тољикистон дар чемпионатњои Осиё ва Љањон ошно гардиданд.
Мавсими навро ин футболбоз дар дастаи «Истиќлол»-и пойтахт оѓоз намуд ва бо њунарнамоии хубаш дар пирўзињои даста сањми худро гузошт.
Имрўз ба диќќати Шумо фишурдаи сўњбатамонро бо Фатњулло Фатњуллоев пешкаш менамоем.

КЎДАКЇ, МАКТАБ ВА ОЃОЗИ ФУТБОЛБОЗЇ

— Саломи моро бипазиред, Фатњулло.
— Ман њам ба Шумо ва инчунин ба њамаи хонандагони њафтаномаи «Варзиш-Спорт» салом мерасонам.
— Шумо дар кўдакї орзуи кї шуданро дар дил мепарваридед?
— Ман аз кўдакиам орзуи футболбоз шуданро дар дил доштам. Њангоме ки ман футболњои љањониро тамошо мекардам, дар дилам ин намуди варзиш љой гирифт ва аз њамон ваќт орзуи футболбози касбї шуданро дар дил доштам.
— Мураббии аввалини Шумо дар љодаи футбол.
— Мураббии аввалини ман Иззатулло Мирзоев мебошад, ки моро дар тими «Вањдат» таълими футбол медод.
— Чї сабаб шуд, ки Шумо ба футбол рў овардед?
— Ман аввал дар синфи 2-юмиам ба таэквон-до машќ менамудам. Ин намуди варзишро тайи 2-3 сол омўхтам, вале баъдан чи тавре ки дар боло ќайд намудам, њамроњи бачањои кўчаамон ба футболбозї машќ карданро оѓоз намудам.
— Дар кўдакиатон тамошои футболро дўст медоштед?
— Ња, њарчанд ки дар намуди варзиши таэквон-до машѓул будам, вале аз тамошои футбол бетараф намеистодам. Солњои 1998-1999 ман мухлиси ашаддии тими «Спартак»-и Маскав будам. Аз ин даста ба ман футболбозон ба монанди- Тихонов, Аленичев ва Титов хеле писанд буданд.
— Дар он айём ба кї монанд шудан мехостед? Ба Тихонов, Аленичев ва ё Титов?
— Не, ба ягонтои онњо монанд шудан намехостам. Ман мехостам ба футболбози машњури Италия Роберто Баљо монанд шавам. Инчунин дар он айём ман аз усулњои ў таълим мегирифтаму бањри иљрои он мешудам. Финтњои аљоиб дошт. Инчунин ў тањти раќами 18 баромад менамуд, ки њоло ман зери ин раќам дар њама чемпионатњо баромад менамоям. Раќами телефонам њам бо њамин раќам хотима меёбад.
— Аз кўдакї то њозир чї хотирањо дар ёдатон наќш бастааст?
— Њангоми дар синфи њафтум хонданам њамроњи њамсинфонам ба оббозї ба «Кўли Комсомол» рафтам. Њама ба об париданду ба завраќча љой гирифтанд, ман аз онњо оќиб мондам. Њарчанд кўшиш кардам, ки онњоро дарёб намоям, вале нашуд. Ба оќиб гаштан њам имкон набуд, чунки ман аз соњил хеле дур рафта будам. Пас аз чанд даќиќа ќуввати ман тамом шуду ба об ѓарќ шудам. Ба зери об медаромадаму боз мебаромадам ва фарёд мекардам. Хушбахтона, дар ин ваќт њамсинфонам бо завраќ омада маро аз ѓарќшавї наљот доданд.
— Кай Шумо ба бозии футбол машѓул шудед?
— Дар синни дувоздањсолагиам њамроњи бачањои кўчаамон ба дастаи «Помир» рафтам. Ин њамон «Помир»-е набуд, ки дар давраи Шўравї шўњрат дошт. Маро аввал њамкўчагонам, ки аз ман каме калонсол буданд, бо худ бурдан нахостанд, вале пас аз зориву илтимосам хушбахтона ба ин даста оварданд.
— Оё шудааст, ки Шумо њангоми мактабхонї аз дарсњо гурехта ба бозии футбол мерафтед?
— Аввалњо не, вале баъдан њангоми гузаштанам ба дастаи «Вањдат» аз дарсњо кам-кам мегурехтам. Ин дар синфњои 8-9 буд. Инчунин њангоми дарсхониам дар донишгоњ низ дарсњоро тарк карда ба бозињо мерафтам.
— Муаллимонатон нисбат ба дарсгурезии Шумо бетараф буданд?
— Аввалњо не, онњо маро љанг мекарданд, ки аввал дарсро хон ва баъд рафта футболбозї кун, вале баъдан њангоме, ки ман аз тарафи дастаи «Вањдат» дар мусобиќањои «Тўби чармин» баромад менамудаму љоизањою ифтихорномањоро ба онњо бурда нишон медодам, баъдан онњо ба ман барои гузаронидани мусобиќа љавоб медоданд.
— Шумо њоло дар кадом донишгоњ ва дар кадом курс тањсил менамоед?
— Ман њоло донишгоњи «Тиљорати Тољикистон»-ро хонда истодаам. Аз моњи сентябр соли панљум мешавад, ки дар ин донишгоњ хонданро идома медињам.

ДАР ЧЕМПИОНАТИ ТОЉИКСТОН

— Аввалин бозии худро дар чемпионати Тољикистон дар ёд доред?
— Албатта! Соли 2004-ум дар њайати тими «Ориёно» баромад менамудам ва дар аввалин дидор дар майдони худ бо дастаи «Парвоз»-и ноњияи Бобољон Ѓафуров ќувва озмудем. Њарчанд ки њисоб дар ин бозї кушода нагашт, хеле љолибу диданї буд. Баъдан дар даври дуюм мо бо чемпиони мамлакат бо тими «Регар-ТадАЗ» ќувва озмудем. Вале дар ин дидор бахт ба рўи бозингарони регарињо хандид. Њисоби бозї 3:1 ба фоидаи онњо анљом ёфт.
— Дар аввалин мавсим худро чї гуна њис менамудед? Оё ба ояндаи худ боварї доштед?
— Дар мавсими аввалине, ки камина дар чемпионати Тољикистон баромад менамудам, маро њиссиёти аљибе фаро мегирифт. Ваќте ки ба бозї бо «Регар-ТадАЗ» мебаромадам, маро тарс фаро гирифта буд. Ба худ мегуфтам, ки бо Хуршед Мањмудову Одил Эргашеву Иброњим Рабимов чї гуна бозї мекарда бошам. Вале, њамааш бо хубї паси сар шуд. Онњо њам мисли мо одами муќаррарї будаанд.
— Ин њиссиёт ба дигар футболбозон ваќте ки Шумо ба тими «Динамо» гузашта будед, фарогир буд. Њамин тавр не? Чунки Шумо аллакай мањорати хуби зарбазаниву тўбќабулкуниро доштед …
— Намедонам мумкин њамин хел бошад, вале мо њамроњи Самад Шоњзуњуров, ки аз хурдї њамроњ бозї менамудем, бозингарони асосии тими «Динамо» ба њисоб мерафтем.
— Ягон дўтсте ва ё ин ки мухлисе доред, ки дар њамаи бозии Шумо иштирок намуда, бозии Шуморо пайгирї кунад?
— Ин хел шахсон мумкин бисёр бошанд. Вале ман панљ нафарро медонам, ки ба њамаи бозињои ман рафта ба камина мухлисї менамоянд. Инчунин њаминро ќайд мекунам, ки аз љињати роњ дур будан ин мухлисонам наметавонанд ба вилояти Суѓд раванд, вале ба бозињоям ба шањрњои Турсунзодаву Кўлобу Ќўрѓонтеппа мераванд.
— Агар махфї набошад, ин мухлисонатонро номбар мекардед?
— Инњо Фарид, Њайдар, Манучењр, Бахтиёр ва Умед мебошанд.


МАВСИМИ 2009

— Чї тавр шуд, ки Шумо ба њайати тими «Истиќлол» омадед? Шуморо ба ин даста кї даъват намуд?
— Мо ваќте ки аввали мавсим њамроњи Самад ба Дубай барои бо яке аз дастањои он љо шартнома бастан рафтем, дар хона камтар проблема пайдо шуд. Ва модарам дар ин њангом ба ман гуфтанд, ки : «Писарам Фатњулло, биё њамин гузаришатро ба ваќти дигар мон. Ягон дастаи худиро интихоб намо». Ман ба гапи модарам розї шудам ва ба бошишгоњи тими «Регар-ТадАЗ» барои тайёрї дидан ба бозињои Љоми Муштарак (Кубок Содружество) тамринро оѓоз намуда будам. Интизор мерафт, ки мо њамроњи Самад бо ин даста шартнома имзо менамоем. Вале як рўз роњбари дастаи «Истиќлол» Шоњрух Саидов ба ман занг зада ба дастаи худ таклиф кард. Камина гапи ин шахсро рад карда натавонистам ва бо ин тим шартнома имзо намудам. Баъдан мо дар њайати тими мунтахаби Олимпии кишвар барои гузаронидани машќњои дастаљамъї ба шањри Бишкеки давлати бародарии Ќирѓизистон рафтем. Ваќте ки аз он љо баргаштем дар Душанбе Љоми Долтабоев оѓоз гардида буд. Бе ягон тамринњо камина вориди њайати «Истиќлол» шудам ва дар ин мусобиќот мо ѓолиб омадем.
— Маоше, ки аз футбол ба даст меоред, барои таъмини оила басандагї мекунад?
— Ња, албатта. Маоше, ки ба мо роњбарияти «Истиќлол» медињад бад нест.
— Агар махфї набошад, Шумо дар дастаи худ чанд сомон маоши моњона мегиред?
— Ман дар як моњ 1000 – 1100 сомон ба даст меорам. Ва агар мо дар бозињо ѓолиб бароем, маоши мо аз ин баландтар њам мешавад. Барои голњои задаамон низ маоши алоњида ба даст меорем. Мисол, гол ба дарвозаи «Регар-ТадАЗ» метавонад ба маоши мо 200 сомонии дигар зам намояд.
— Марњилаи аввали чемпионатро чї гуна бањо медињед?
— Чемпионат дар сатњи олї гузашт. Њамаи бозињо дар ваќташ мувофиќи таќвим анљом дода шуд. Аз њар сола чемпионат хеле ба пеш рафтааст. Пеш буданд дастањое, ки ба бозї дар ваќташ њозир намешуданд, вале мо аллакай дар марњилаи аввал дидем, ки ин гуна ќонунвайронкунињо нашудааст. Танњо шунидам, ки тими «Равшан» ба бозї бо «Хуљанд» ба маркази вилояти Суѓд нарафтааст.
— Аз бозии худ ва даста дар марњилаи аввал розї њастед?
— Ваќте ки тамринњои пеш аз мавсими оѓоз гардида буд, мо дар Бишкек дар машќњои дастаљамъии тими мунтахаби Олимпии кишвар иштирок доштем ва бо дастаи нав садфоиза якдигарфањмї надоштам. Барои њамин дар марњилаи гузашта наонќадар хуб баромад намудам. Инчунин аз љињати љисмонї њам тайёр набудам. Аз бозии худ ва даста ќаноатманд нестам. Худо насиб карда бошад, дар марњилаи дуюм хуб баромад менамоям.
— Киро бозингари бењтарини марњилаи аввал мењисобед?
— Бечунучаро, Юсуф Рабиевро. Ин нимњимоятгари мо дар марњилаи аввал тамоми малакаву мањорати худро сарф намуда, бањри ѓалаба кардани дастаи мо кўшишњои зиёд кардааст. Инчунин ў дар майдон ба мо роњбаладї њам мекунад. Юсуф медонад, ки кадом даста ба кадом усул бозї мекунад. Хуршед Мањмудов њам бозии хуби худро нишон дода тавонист. Соли гузашта њам дар пурсишнома ман бењтарин бозингари мавсимро ба Юсуф Рабиев дода будам.

ТАМРИНЊО ВА НАЌШАЊО

— Тамринњои дастаљамъиро оѓоз намудед?
— Албатта оѓоз намудем, ќариб ду њафта аст, ки мо њар рўз тамрин менамоем. Тамринњо аз соати 9:30 то 10:30 давом мекунад.
— Пас аз тамринњо бо чї корњо машѓул њастед?
— Ба кору бори хона машѓул њастам. Интизор меравад, ки барои гузаронидани машќњои дастаљамъи ба Шањристон равем. Инчунин агар ба роњбарият варзишгоњњо ва обу њавои Шањристон писанд наояд, эњтимол аст, ки ба шањри Ќайроќќум равем. Дар бораи ба дигар давлатњо сафар карданамон маълумот надорам.
— Аз марњилаи дуюм чиро интизоред?
— Танњо ѓалабањои пай дар пай. Инчунин ба даста вазифа гузошта шудааст, ки соњиби Љоми Тољикистон гардем. Њоло барои чемпионат мо ба худ вазифа нагузоштаем.
-Мо медонем, ки дар марњилаи дуюм дастаи «Истиќлол» ба шањрњои Ќўрѓонтеппаву Турсунзода рафта, бо дастањои «Вахш» ва «Регар-ТадАЗ» дидор мегузаронед. Инчунин боз дар майдони худ бо дастањои вилояти Суѓд бозї мекунед. Кадоме аз ин бозињоро сахттарин мењисобед?
— Бозињои марњилаи дуюм хеле сахт мегузаранд ва дидорњо муташанниљ хоњанд гузашт. Мо ба шањрњои Курѓонтеппа ва Турсунзода барои ѓалаба ва ё мусовї хоњем рафт. Мо аллакай дар Љоми Тољикистон тими «Вахш»-ро дар майдони худаш маѓлуб кардаем ва медонем, ки онњоро чи гуна бояд маѓлуб сохт. Бо тими «Регар-ТадАЗ» бозии сахте барпо мешавад. Инчунин њаминро ќайд мекунам, ки мо дар вилояти Суѓд аз тимњои «Парвоз» ва «Хуљанд» маѓлуб гаштем ва акнун мехоњем ќасди худро аз онњо ситонем.

БОЗИЊОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ

— Аз чемпионати осиёии соли 2006, ки дар давлати Сингапур байни наврасон шуда гузашта буду тими мунтахаби мо маќоми сеюми ифтихориро ба даст оварда ба чемпионати љањони соли 2007 роњхат гирифт, чї таассурот бардоштед?.
— Мо дар ин хел мусобиќот аввалин маротиба иштирок менамудем ва кам-кам њарос њам моро фарогир буд. Вале ба худ боварии калон доштем, иродамон ќавї буд, ки камаш аз гурўњ мебароем. Ваќте, ки мо аввалин бозиро бар Ироќ бо њисоби 1:0 ѓалаба кардем,хурсандии мо њадду канор надошт. Баъдан тимњои Эрон ва Яманро шикаст дода, ба даври минбаъда аз гурўњ бо маќоми аввал баромадем. Моро дар чорякфинал тими Куриёи Љанубї интизор буд ва онњоро њам ѓалаба кардем. Баъдан фањмидем, ки раќиби мо дар нимфинал дастаи Куриёи Шимолї будааст. Мо як рўз пеш аз дидор сабти бозињои ин дастаро тамошо кардем ва дидем, ки тим хеле суст баромад менамояд. Хурсандї мекардем, ки боз ѓолибият насиби мо мешавад, вале мо бо њисоби 3:0 бохтем. Дар мубориза барои љои 3-юм бо Сурия раќобати сахт нишон дода, дар натиља бо зарбањои пеналтии баъд аз раќобат онњоро маѓлуб намудем.
— Дар бораи бозињои чемпионати љањон-2007 чї гуфта метавонед?
— Чемпионати љањон, ки дар давлати Куриёи Љанубї шуда гузашт, барои мо футболбозони тољик як љањон тассуроти наљибе бахшид. Мо каме њам бошад, дар ин мусобиќот мањорати худро сайќал додем.
Дар дидори аввалин бо дастаи ИМА њељ кас ба ѓалаби мо боварї надошт, вале мо ѓалаба кардем. Хурсандона голи охирин ва ѓолибии дастаро ман ба дарвозаи њариф ворид сохтам. Ваќте, ки ба љаримагоњи њариф наздик шудам, хостам зарба занам, вале боз наздиктар рафтаму баъдан зарба задам. Омади корро бинед, ки ин зарбаи ман бо гол анљом ёфт.
— Аввалин шуда баъд аз ин ѓалаба шуморо кї табрик намуд?
— Ба ман аввалин шуда модарам занг заданд. Бовариашон намеомад, ки мо ѓалаба намудаем. Он кас маро табрик намуданду дуо доданд, ки дар даврњои минбаъда њам ѓолибият насиби мо гардад. Вале ду бозии дигарро мо бохтем. Ба ин маѓлубиятњо нигоњ накарда мо ба даври якњаштфиналии мусобиќот баромадем, вале дар задани зарбањои ёздањметра мо аз тими Перу маѓлуб шудем. Лекин аз баромади даста ва худам ман розї будам.

САВОЛЊОИ ОМЕХТА

— Тамошо намудани чемпионатњои аврупоиро дўст медоред?
— Бале, дўст медорам. Хусусан чемпионати Англияро. Дар он љо футболи кушодро ба намоиш мемонанд. Инчунин аљибаш дар он аст, ки дар ин чемпионат аутсайдеру лидер вуљуд надорад. Аутсайдер метавонад, лидеронро дар майдони худашон њам шикаст дињанд.
— Дар мавсими нави футболи Аврупо ба кадом даста ва ба кдом футболбоз мухлисї менамоед?
— Ба тими «Реал»-и Мадрид, ки дар он љо футболбози дўстдоштаи ман Криштиану Роналду бозї менамояд.
— Ба фикри Шумо кадом даста чемпиони соли ояндаи љањон интихоб мешавад?
— Бразилия ва ё Испания. Вале ба фикрам футболбозони Испания нисбат ба бразилињо пурќувватанд.
— Дар бозињои байналмилалї бо доварон бо кадом забон гап мезанед?
— Њарчанд, ки забони англисиро надонам њам, лекин ба довар ишора ва ё гуфта метавонам, ки «Рефери-фол». Лекин забони англисиро каме мефањмам. Агар ягон бозингар маро њаќорати дурушт намояд љавобашро њам медињам.
— Оё ягон маротиба мешуда бошад, ки футболбозони тољик дар чемпионати љањон байни калонсолон иштирок намоянд?
— Мо њам метавонем мисли дигар давлатњо ба даври финалии љоми љењон роњхат гирем. Ба мо вазифа гузошта шудааст, ки дар бозињои интихобии Љоми љањон-2014 хуб баромад намуда, ба даври финалї роњхат гирем. Ин кор мумкин аст, агар мо ба ин мусобиќаи љањонї омодагии пурра бинем, ба тамринњо ба дигар давлатњои аз љињати футбол пешрафта равем, бо дигар мамлакатњо бозии рафиќона гузаронем. Мешавад, Иншооллоњ ман њам хоњони як маротиба дидани футболбозони тољик дар арсаи байналмилалї њастам.
— Барои футболи тољик чї намерасад? Маблаѓ ва ё мањорат?
— Якумї намерасад, вале дар мо бачањои бомањорат њастанд. Инчунин ба мо варизшгоњњои замонавї намерасад.
— Агар фарзанддор шаведу Худо насиб карда бошад, писарча шавад, ўро низ футболбоз мекунед?
— Ња ба мисли худ футболбоз карданї њастам.

    МАЪЛУМОТ
    НОМ ВА НАСАБ: ФАТЊУЛЛО ФАТЊУЛЛОЕВ
    ЗОДРЎЗ: 24 МАРТ 1990
    ЗОДГОЊ: ДУШАНБЕ
    ЌАД: 178 СМ
    ВАЗН: 65 КГ
    ТИМ: «ИСТИЌЛОЛ»
    РАЌАМ: 18
    МАВЌЕЪ: НИММУЊОФИЗ

    ДЎСТДОШТАЊО
    ФУТБОЛБОЗ: КРИШТИАНУ РОНАЛДУ
    ХЎРОК: ОШИ ПАЛАВ
    ШИОР: ЊАМЕША БА ПЕШ!
    ФИЛМ: «ФИРОР АЗ ЗИНДОН» («ПОБЕГ ИЗ ТЮРЬМЫ»)
    РАНГ: САФЕД
    ЊОФИЗ: МУБОРАКШО
    ЊОББЇ: БОЗИЊОИ КОМПЮТЕРЇ

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s