ЊОМИД КАРИМОВ: «МАЌСУД РАЊИМОВРО КАПИТАНИ ДАСТА ТАИН НАМУДАМ»

Баъд аз сармураббии нави дастаи «Парвоз» таин гардидани Њомид Каримов мо тасмим гирифтем, ки бо ў њамсўњбат шавем.

— Њомид Рауфович шуморо барои сармураббии нав таин гардиданатон табрик менамоем.
— Барои табрикот як љањон ташаккур.
— Лутфан бигўед, ки баъд аз мураббї таин гардиданатон чї наќшањое доред?
— Наќша мисли пештара њамон аст, ки тим бояд дар сегонаи аввал љой дошта бошад. Барои ин ба мо лозим аст, ки кўшиши зиёдеро сарф намоем. Барои сегона љойгир шудан мо бо дастањои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, «Истиќлол»-и Душанбе, «Вахш»-и Ќўрѓонтеппа ва «Хуљанд»-и Хуљанд мубориза хоњем кард.
— Акнун баъд аз тарк намудани Мансур Њакимов, Анвар Норќулов, Љомихон Муњиддинов ва Субњон Хољамов даста ба кї умед мебандад?
— Аз сабаби молиявї мо якчанд бозингарони хуби худро аз даст додем. Њоло Мансур Њакимов дар машќњои дастаљамъии тими «Регар-ТадАЗ» иштирок дорад ва агар дар машќњо хуб баромад намояд, ўро ба њайати дастаи металлургон дохил менамоянд. Инчунин Љомихон Муњиддинов ва Анвар Норќуловро ба дастаи «Вахш» њамчун иљора супоридем. Акнун ба љавонони даста умед мебандему халос.
— Ба даста ягон бозингари нав даъват карданї њастед ва ё аллакай даъват кардед?
— Не. Њоло мо бо ягон футболбоз ќарордодро оѓоз нанамудаем. Мехоњем, ки њайати дастаро аз љавонњои шањрњои Хуљанду Чкалов пурра созем.
— Баъд аз рафтани Анвар Норќулов шумо унвони капитаниро ба кї супоридед?
— Анвар Норќулов яке аз бозингарони бењтарини даста ба њисоб мерафт ва барои ў дар тими нав барорњои љадидро хоњонам. Баъд аз рафтани собиќ капитани даста ман унвони капитаниро ба Маќсуд Рањимов супоридам, ки яке аз бозингарони бомањорати тим ба њисоб меравад.
— Ба назари Шумо кадом футболбози даста метавонад пешбарандаи тим дар марњилаи дуюм гардад?
— Њаминро ќайд карданї њастам, ки њоло њам дар даста бозингарони бомањорат вуљуд доранд. Капитани тим Маќсуд Рањимов, Асад Бобољонов, Асад Нуруллоев ва Абдуазиз Мањкамов метавонанд дар марњилаи дуюм бозии хуб нишон дињанд.
— Ба бозингарони пешинаи худ, ки њоло дар дигар даста баромад доранд, чї гуфтанї њастед?
— Њаминро гуфтаниам, ки њамеша дар назди рафиќон ва њамдастагонашон обрўи худро дошта бошанд ва ба комёбињои дастаашон сањмгузор бошанд. Ба њамаи бозингарони собиќи худ барор мехоњам.

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: