ХАРИФИ ВИЛОЯТИИ «ПАРВОЗ» БА ЌАЙРОЌЌУМ РАФТ

Сармураббии дастаи «Хуљанд»-и Хуљанд Уроз Тўраќулов тайёрии дастаашро барои марњилаи дуюми чемионат чунин баён намуд.
«Њоло мо тамринњои худро дар шањри Ќайроќќум гузаронида истодаем ва барои боз њам хубтар баромад намудани даста дар марњилаи дуюми чемпионат кўшиш карда истодаем. Њоло ягон бозии рафиќона барпо накардаем ва наќша дорем, ки дар Љоми вилояти Суѓд баромад кунем.
Инчунин даста бо якчанд футболбозон гуфтушунид карда истодааст, ки мехоњем ин футболбозони нав дар марњилаи дуюм ба мо кўмаки худро расонад. Интизор меравад, ки ба даста муњофизи тими «Гвардия» Љамшед Њабибуллоев, нимњимоятгари «Энергетик» Низом Рањимов ва њамлагари дастаи «Спитамен» Зокир Бердиќулов меоянд. Њоло дастаи «Хуљанд» баъд аз анљоми марњилаи аввали мусобиќоти футболи кишвар дар маќоми аввал љойгир шудаасту мехоњад имсол аввалин маротиба унвони чемпионии кишварро соњиб гардад».
Худи Зокир Бердиќулов дар бораи омаданаш ба тими «Хуљанд» чунин гуфт: «Ман аллакай дар синни 19 солагиам дар њайати ин даста баромад намуда будам, вале баъд аз як сол маро ба тими «Янгиер»-и Сирдарёи Ўзбекистон даъват намуданд. Дар њайати тими «Янгиер» ду сол баромад намуда, баъдан ман ба «Нефтчи»-и Фарѓона шартонома бастам. Умуман гирем дар хориља дар Ўзбескистон ман 11-соли худро сарфи футбол намудаам. Инчунин дар њайатњои «Насаф»-и Ќаршї ва«Зарафшон»-и Навої баромад намудам. Соли гузашта ба дастаи «Спитамен» дохил гардидам ва агар ягон таклифи хуб шавад, ба њайати «Хуљанд» хоњам гузашт ва агар не, боз дар тими «Спитамен» бозиамро давом медињам.
Хотиррасон менамоем, ки дар марњилаи аввали чемпионат бачањои соњили дарёи Сир маќоми аввалро соњиб гаштанд. Аз нўњ бозии гузаронидаашон њафт дидорро ѓалаба карда, дар як дидор маѓлуб шудаанд ва танњо як бозиро мусовї анљоми додаанд. 22 маротиба аз дарвозаи њариф тўб гузаронида, њафт маротиба аз дарвозаи худ тўбро берун намудаанд. Акнун хуљандињоро дар марњилаи дуюм бозињои сахт дар шањри Душанбе (17 октябр) бо тими «Истиќлол» ва дар шањри Турсунзода (1 ноябр) бо тими «Регар-ТадАЗ» интизор аст. Марњилаи дуюмро футболбозони соњили дарёи Сир 5 сентябр дар майдони худ бо «Парвоз» оѓоз менамоянд.

Реклама

Добавить комментарий

Please log in using one of these methods to post your comment:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: