Каримов сармураббии нави даста

Сармураббии нави дастаи «Парвоз» Њомид Каримов таин карда шуд.
Тавре ки мо медонистем, сармураббигии дастаро пеш аз ў Муњаммад Љўраев ба ўњда дошт. Акнун ба љаноби Њомид Каримов лозим меояд, ки дар марњилаи дуюм тими «Парвоз»-ро тамрин дињад.
Хотиррасон менамоем, ки пеш аз ин Њомид Каримов дар тим собиќаи корї дошт. Ў солњои 2003-юм ва 2005-ум дастаи «Парвоз»-ро дорандаи медали биринљии мамлакат гардонида буд ва акнун боз мехоњад тимро ба ин мавќеъ баргардонад.
Ба Њомид Каримов хеле душвор аст, бо чунин њайат дастаро ба медалњо баровардан, чунки имсол дастаро Љомихон Муњиддинов, Анвар Норќулов ва ѓайрањо, ки яке аз лидерњои тим ба њисоб мерафтанд, тарк намудаанд.
«Парвоз» аллакай тањти сарварии ин сармураббї як бозии рафиќона бо тими «Истаравшан» барпо намуд, ки бо њисоби 4:4 ба итмом расидааст.
Боз њаминро хотиррасон карданием, ки дастаи Бобољон Ѓафуров дар 9 бозињои марњилаи аввал иштирок намуда, дар сетояш ѓолиб ва дар дутояш маѓлуб гардидаасту чор бозии дигарро мусовї хотима додааст. Марњилаи дуюм барои тими «Парвоз» хеле мушкил меафтад, чунки аз даври аввали марњилаи дуюм сар карда дар сафар бо «Хуљанд» ќувва меозмояд. Баъдан дар шањри Душабе (19 сентябр) бо «Истиќлол» ва дар Турсунзода (1 октябр) бо чемпиони њафткаратаи мамлакат «Регар-ТадАЗ» вохўрї мегузаронад.

2 комментария »

  1. 1
    fanclubparvoz Says:

    вообше девона шуд.

  2. 2
    Максудчон Says:

    Нагз шуд, ин сармурабби боз «Парвоз»-ро ба парвоз медарорад.


RSS Feed for this entry